ОДАМКУШӢ ДАР ҒАФУРОВ, САДАМАҲОИ МАРГОВАР ДАР ЁВОНУ ШАҲРИТӮС ВА 3 ДУЗДӢ ДАР ҶОМӢ, ХОВАЛИНГ ВА “ПАНҶШАНБЕБОЗОР”-И ХУҶАНД

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 18.07.2023
Ба ҳалокат расидани марди 37-сола дар заминаи лату кӯб

Парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати марди 29-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров, оғоз карда шудааст.
Номбурда, 12-уми июли соли 2023, тахминан соати 15:40-дақиқа дар хонаи истиқоматиаш аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо марди 37-солаи сокини ноҳияи мазкур ҷангу ҷанҷол намуда, бо дасту пояш ба сару рӯяш зада, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ ба саломатиаш расонидааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида аз ҷароҳатҳои бардоштааш дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Иттифоқ афтодани ду ҳодисаи нохуши нақлиётии марговар дар як рӯз

15-уми июли соли 2023, тахминан соати 10:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тойота-Камри”, Сафарзода Беҳрӯз Саидмурод, соли таваллудаш 2000, сокини ноҳияи Ёвон, ҳангоми ҳаракат намуданаш аз самти ноҳияи Ёвон ба самти ноҳияи Рӯдакӣ дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёташ набаромада, муқобили самти ҳаракати роҳ баромада ба автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, таҳти идораи Қаюмов Мурод Азамадҷонович, соли таваллудаш 1999, сокини шаҳри Душанбе бархурдааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тойота-Камри” Сафарзода Б.С. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ гардида, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Қаюмов М.А. ҳангоми ба беморхона дастрас кардан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
15-уми июли соли 2023, соати 16:35-дақиқа, трактори тамғаи “МТЗ-892”, ки бо ду ядак пайваст, таҳти идораи Холматов Наҷибулло Ибрагимович, соли таваллудаш 1991, ноҳияи Шаҳритус қарор дошт, ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди кӯчаи Гулистон, деҳаи Лубиёкори ноҳияи мазкур аз уҳдаи идора кардани трактораш набаромада, пиёдагарди ноболиғ Эшмирзоев Шаҳзод Искандаровичро, соли таваллудаш 2012, сокини ҳамин ноҳия, ки дар канори роҳ қарор дошт, пахш намудааст.
Дар натиҷа, ноболиғ Эшмирзоев Ш.И. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ ба саломатиаш бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ҳодисаҳои мазкур таҳқиқот идома дорад.
Боздошт гардидани нафарони ҷинояти дуздӣ содирнамуда
Ба ШВКД дар ноҳияи А.Ҷомӣ аризаи зани 45-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки шаби 13 ба 14-уми июли соли 2023, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди оғилхонаи манзили истиқоматиаш шуда, аз онҷо як сар чорвои калони шохдорро дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 6 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 33-солаи сокини ҳамин ноҳия дастгир карда шуд.
Инчунин, ба ШВКД бо ариза марди 34-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ муроҷиат намудааст, ки 26-уми июни соли 2023, тахминан соати 17:00 шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз дохили автомашинаи шахсиаш тамғаи «Опел-Вектра», ки дар шаҳри Душанбе беназорат меистод, 6 ҳазору 500 сомониро дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 14-солаи сокини шаҳри Ҳисор ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Ҳамин тариқ, ба ШВКД дар ноҳияи Ховалинг бо ариза марди 26-солаи сокини ноҳияи Фархор муроҷиат намудааст, ки моҳи майи соли 2023, тахминан соати 16:00 шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз назди оғилхонаи муваққатиаш 4 сар чорвои майдаи шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонида шуда 7 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ҷавони 21-солаи сокини ноҳияи Ховалинг содир намудааст.
Ҳамзамон, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 40-солаи сокини ноҳияи Вахш бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, 10-уми июли соли 2023, тахминан соати 10:30-дақиқа, аз нуқтаи фурӯши тармеваҳои бозори «Панҷшанбе»-и шаҳри Хуҷанд 1-адад ҷузвдон, ки ба зани 39-солаи сокини шаҳри мазкур тааллуқ дорад ва дар дохилаш 2 ҳазору 300 сомонӣ дошт, дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.