ҶАСАДИ КӮДАКИ 12-СОЛАРО БАЪДИ 2 РӮЗИ ҶУСТУҶӮ АЗ КАНАЛИ КАЛОНИ ҲИСОР ЁФТАНД (2 АКС)

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон рӯзи 17 июли соли 2023 хабар дод, ки наҷотбахшони ин ниҳод танҳо дар пайи ду рӯзи ҷустуҷӯ тавонистаанд ҷасади як сокини 12-солаи шаҳри Ҳисорро, ки рӯзи ҷумъа дар Канали калони Ҳисор ғарқ шуда буд, пайдо кунанд ва аз об берун биоранд.
Бино ба гузориши нашршуда, рӯзи ҷумъа, 14 июл як кӯдаки 12-солаи сокини шаҳри Ҳисор ҳангоми оббозӣ дар Канали калони Ҳисор ғарқ шудааст. Ин канал аз дохили ин шаҳри воқеъ дар тақрибан 25-километрии ғарби шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон мегузарад.
Барои пайдо кардани ҷасади ин кӯдаки ғӯррамарг амалиёти ҷустуҷӯ бо ҷалби наҷотбахшони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба роҳ андохтаанд ва танҳо субҳи 16 июл, баъди ду рӯзи ҷустуҷӯ, дар натиҷаи баргузории корҳои мураккаби ҷустуҷӯӣ ҷасади кӯдакро пайдо карда, аз об берун кашидаанд ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурдаанд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар робита ба марги ин кӯдак ба наздикони ӯ самимона изҳори ҳамдардӣ карда, бори дигар аз волидон хостааст, ки кӯдакони худро беназорат нагузоранд ва бо онҳо доим дар бораи оқибатҳои риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми оббозӣ ва оқибатҳои оббозӣ дар маконҳои мамнӯъ суҳбат кунанд.
Аз аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон алакай ҳудуди 80 нафар ғарқ шудаанд, ки беш аз нисфашро кӯдакону наврасони то синни 16 ташкил медиҳад. Соли гузашта дар Тоҷикистон 160 нафар, аз ҷумла 80 кӯдаку навраси то синни 16 ғарқ шуда буданд.


