ВидеоКоррупсия

ДУЗДИИ МАБЛАҒҲО ДАР ҶАРАЁНИ ТАЪМИРИ БИНОИ ШУЪБАИ МАОРИФИ НОҲИЯИ И.СОМОНӢ

Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон рӯзи 17 июли соли 2023 аз анҷоми тафтиши пешакӣ ва бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба додгоҳ супурда шудани парвандаи ҷпноятии мудири ширкати сохтмонии “Аҳмад Сохтмон” Хуршедҷон Назаров хабар дод.

Маркази матбуоти Агентиӣ дар шарҳи ин парванда гуфт: “Назаров Хуршедҷон Абдураҳмонович дар вазифаи директори Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Аҳмад Сохтмон” кор карда, дар давраи фаъолияти кориаш бо истифодаи ваколати мансабдорӣ зимни анҷом додани корҳои таъмиру сохтмонии бинои шуъбаи маорифи ноҳияи И.Сомонӣ дар асоси супоришномаҳои пулӣ қасдан ва бо роҳи сохтакории хизматӣ ҷамъ маблағи 272043 сомониро барзиёд нишон дода, маблағи мазкурро тасарруф намудааст, ки дар натиҷа ба давлат зарари калони моддӣ расонид”.

 Хуршедҷон Назаров  бар асоси қисми чоруми моддаи 245 ба тасарруфи маблағҳо ба миқдори махсусан бузург ва бар асоси қисми аввали моддаи 340 ба сохтакории ҳуҷҷатҳо айбдор мешавад. Ба Хуршедҷон Назаров барои тасарруфи 272 ҳазор сомонӣ дар ҷараёни тармими бинои шуъбаи маорифи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахти Тоҷикистон бар асоси қисми чоруми моддаи 245 ҳамчун ҷазо ҷарима ба андозаи аз 1824 то 2700 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як нишондиҳанда = 68 сомонӣ) ё аз 10 то 15 соли зиндон ва бар асоси қисми аввали моддаи 340  ҷарима ба андозаи аз 250 то с365 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат таҳдид мекунад.

Тафсилоти дигари парванда нашр нашудааст. Худи Хуршедҷон Назаров  барои шарҳи қазия дастрас нест.

Лоиҳаҳои давлатӣ, аз ҷумла оиҳаҳои тармиму сохтмони иншооти давлатӣ дар Тоҷикистон аз риштаҳои хеле фасодзада ба шумор мераванд.  Тоҷикистон низ из лиҳози сатҳи коррупсия дар байни давлатҳои аз ҳама фасодзадаи дунё қарор дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button