ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодисаҶомеа

ЯК СОКИНИ ЗАФАРОБОД БАРОДАРИ ХУДАШРО БО КАЛАНД ЗАДА, ТАҲДИДИ КУШТАН КАРДААСТ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон  зи 30 июни соли 2023 аз оғози парвандаи ҷиноятӣ бар асоси моддаи 120 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба як марди 29-солаи сокини ноҳияи Зафаробод хабар дод, ки ӯ ба таҳдиди куштани бародари худаш айбдор мешавад.

Худи ин мард ва наздиконаш барои шарҳи моҷаро дастрас нестанд, вале бино ба иттилои нашршуда дар сомонаи расмии ВКД, “номбурда, дар ҳавлии истиқоматиаш аз ҳиссиёти бадбинӣ бо бародараш баҳсу муноқиша намуда, бо мақсади таҳдиди куштан бо каланди ҳоҷагии дар дасташ буда, як маротиба ба аъзои баданаш зарба зада, таҳдиди куштан намудааст”.

Тафсилоти дигари ҳодиса нашр нашудааст. Кай рух додани ин муноқишаи оилавӣ ва сабаби аз гиребони якдигар гирифтани ду бародар низ маълум нест. ВКД танҳо гуфт, ки оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Вақтҳои охир аз Тоҷикистон дар бораи куштор ё  сӯиқасд ба куштору таҳдиди куштани хешовандони наздик хабарҳо зиёд ба даст мерасанд. Ин дар ҳолест, ки дар байни мардуми тоҷик ба арзишҳои оилавӣ арҷи зиёд мегузоранд ва ҳар навъ бадрафторӣ нисбат ба падару модар ё хоҳару бародар ва дигар хешу таборро сахт маҳкум мекунанд.

Ҷомиашиносон афзоиши чунин ҷиноятҳои сангинро ба уфти арзишҳои ахлоқӣ дар ҷомиа рабт медиҳанд. Рӯҳониён аз арзишҳои мазҳабӣ дур шудани мардумро яке дигар аз сабабҳои чунин тамоюли манфӣ дар ҷомиа меноманд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button