ДУ БАРОДАР ДАР ДУШАНБЕ ЯК МАРДРО БО ТАБАР ЗАДА, ЗАХМӢ КАРДААНД

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 28.06.2023
Ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштани марди 35-сола дар замина муноқиша

Дар натиҷаи баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия мардони 35, 33 ва 35-солаи сокинони шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир карда шуданд.
Номбурдагон шаби 25 ба 26-уми июни соли 2023, тахминан соати 01:00 дар кӯчаи М.Холови пойтахт аз ҳиссиёти авбошӣ бо якдигар муноқиша намуда, ҳамдигарро зери лату кӯб қарор дода, бародарон мардони 33 ва 35-сола бо ин қаноат накарда, бо табар 1-маротиба ба бадани марди 35-сола задаанд.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштааст.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Боздошт гардидани марди дузд

Дар рафти тафтишоти парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шуд, ки марди 31-солаи сокини шаҳри Исфара, ки пеш бо моддаҳои 244 қисми 2 ва 32 қисми 3-244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, 26-уми апрели соли 2023, бо тариқи пинҳонӣ аз хонаи истиқоматии зани 54-солаи сокини шаҳри мазкур маблағи 900 сомонӣ ва ҷавоҳироти гуногуни тиллоиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 24 ҳазору 250 сомониро ташкил медиҳад.
Оид ба ин ҳодиса нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Боздошт гардидани нафарони кирдори қаллобӣ содир намуда
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза зани 36-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки моҳи апрели соли 2023, дар дохили ҶДММ “Бозори “Корвон”, зани 46-солаи сокини пойтахт бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 95 ҳазор сомонӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Инчунин, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия мардони 32 ва 38-солаи сокинони ноҳияҳои Муъминободу Фирдавсӣ, бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуданд.
Номбурдагон, 20-уми июни соли 2023, бо роҳи фиреб ба боварии марди 29-солаи сокини ноҳияи Восеъ даромада, аз ӯ 550 ҳазор сомонӣ гирифта, ваъда додаанд, ки ба ивазаш ҷавоҳироти гуногуни тиллоиро медиҳанд, аммо то ҳол ваъдаашонро иҷро накардаанд.
Аз рӯи ҳодисаҳои мазкур тафтишот идома дорад.

