ЛУКАШЕНКО ПЕШИ РОҲИ ҲАРАКАТИ НИРӮҲОИ ЧВК “ВАГНЕР” БА СӮИ МАСКАВРО ГИРИФТ, ПРИГОЖИН РОЗӢ ШУД, КИ БА БЕЛАРУС БИРАВАД (ВИДЕО)

Президенти Русия Владимир Путин бо кумаки президенти Беларус Александр Лукашенко тавонист аз бузургтарин чолиш дар беш аз 20 соли раёсаташ худро халос кунад. Шоми 24 июни соли 2023 эълон шуд, ки Лукашенко бо мувофиқати Путин бо роҳбари ЧВК “Вагнер” Евгений Пригожин музокирот пеш бурда, тавонистааст ӯро ба манъи ҳаракати нирӯҳояш ба сӯи Маскав розӣ кунад.
Пригожин ҳамчунин дар ивази ваъдаи амният ва қатъи парванда ба зидди ӯву тарафдоронаш розӣ шудааст, ки Русияро тарк бикунад ва ба Беларус биравад.
Шоми 24 июн Пригожин дар охирин муроҷиатномааш гуфт, нирӯҳояш алакай дар фосилаи ҳамагӣ 200 километр аз Маскав қарор доштанд, вале ба хотири онки “хуни мардуми рус нарезад”, розӣ шуд, ки нирӯҳояш аз роҳи худ пас гашта, ба урдугоҳҳои худ баргарданд.
Хадамоти матбуоти президенти Беларус гуфт, дар натиҷаи музокирот “як роҳи ҳалли мутлақо муфиди ин вазъият бо кафолати амният барои ҷанговарони ЧВК “Вагнер” пайдо карда шуд”.
“Евгений Пригожин пешниҳоди Лукашенко дар мавриди манъи ҳаракати силоҳбадастони ширкати “Вагнер” дар қаламрави Русия ва дигар иқдомот барои ором сохтани вазъро пазируфт”, — ҳамчунин гуфта шудааст дар хабар.
Дар пайи ин, суҳбати дуюми телефонии Путин ва Лукашенко дар давоми рӯзи 24 июн сурат гирифта, Путин ба Лукашенко барои нақшаш дар ҳалли ин қазия изҳори сипос кардааст.
Баъди ин хуруҷи нирӯҳои ЧВК “Вагнер” оғоз ёфт. Соати 23 шаби 24 июн, бино ба хабарҳо, Пригожин низ тарки шаҳри Ростови лаби Дон кард.
Шаби 24 июн сухангӯи Путин Дмитрий Песков вазъро шарҳ дод. Ӯ гуфт, Лукашенко худаш пешниҳоди миёнаравӣ кард, чунки Пригожинро ягон 20 сол боз шахсан мешиносад.
Песков гуфт, дар ҷараёни музокирот масъалаи тағйироти кадрӣ дар вазорати мудофиаи Русия, ки талаби асосии Пригожин ва ҷанговарони ЧВК “Вагнер” буд, баррасӣ нашудааст. Ӯ афзуд, он ҷанговарони ЯВК “Вагнер”, ки ба ин ошӯб напайвастанд, бо вазорати мудофиаи Русия қарордод баста, ба хидмати худ идома хошанд дод.
Песокв дар бораи ин ки ЧВК “Вагнер” боқӣ мемонад ё барҳам дода мешавад, посухи мушаххасе надод, вале гуфт, парвандаи ҷиноятӣ ба зидди Пригожин қатъ гардида, “худи ӯ ба Беларус меравад”. Песков дар бораи инки Пригожин дар Беларус чӣ кор хоҳад кард?, изҳори бехабарӣ кард, вале гуфт, кафолати ба Беларус рафани ӯ танҳо сухани президент аст.
Песков ҳамчунин таъкид кард, ки дар Кремл аз Лукашенко барои изҳори омодагиаш барои ҳалли ин қазия ва натиҷаҳои талошҳояш хеле миннатдоранд.
Ёдовар мешавем, аз шоми 23 июни соли 2023 аз Русия дар бораи ошӯби мусаллаҳона ба раҳбарии Евгений Пригожин хабарҳо ба даст мерасиданд.
Евгений Пригожин, раҳбари ширкати хусусии ҳарбии ЧВК “Вагнер” ва дӯсту ошпази Путин дар идомаи ихтилофаш бо роҳбарони вазорати мудофиаи Русия аз оғози “Марши адолат”, ишғоли иншооти муҳим дар шаҳри Ростови лаби дарёи Дон дар ҷануби ин кишвар ва азмаш барои ҳаракат ба тарафи Маскав хабар дод. “Агар Герасимов ва Шойгуро насупоранд, мо то Маскав меравем”, – изҳор дошт Пригожин.
Президенти Русия Владимир Путин ин амали дӯсти собиқи худ Пригожинро “хиёнат ба Русия”, “таҳдиди маргбор ба давлатдории Русия” ва “зарба аз пушт” номид ва гуфт, ташкилкунандагон ва иштирокчиёни ин ошӯби мусаллаҳона ба ҷавобгарӣ кашонда мешаванд. Мақомоти Русия ба зидди Пригожин парвандаи ҷиноятӣ кушода, чораҳои амниятиро дар шаҳру вилояти Маскав ва минтақаҳои дигар афзоиш додаанд.
Дар саффи нирӯҳои ЧВК “Вагнер” дар Украина садҳо тан аз зодагони Тоҷикистон низ меҷангиданд. Онҳо асосан маҳбусон аз зиндонҳои Русияанд, ки бо ваъдаи афву озодии зудтар бо ЧВК “Вагнер” қарордод бастаанд. Маълум нест, ки оё ҷангиёни тоҷикистонӣ низ ба ошӯби мусаллаҳона ба раҳбарии Пригожин ҷалб карда шудаанд ё на?

