ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ТАҲДИДИ КУШТОР ДАР ЗАРКАМАР, САДАМАИ МАРГБОР ДАР ИСТАРАВШАН ВА БОЗДОШТИ “САРРОФ”, КИ 171 ҲАЗОР СОМОНИРО ГИРИФТУ ДОЛЛАР НАДОД

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 23.06.2023

Боздошт гардидани ҷавони 25-сола бо гумони таҳдиди куштор ё расонидани зарари вазнин ба саломатӣ

146

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ аризаи марди 48-солаи сокини ноҳияи Восеъ ворид гардидааст, ки 15-уми июни соли 2023, тахминан соати 06:30-дақиқа, ҳангоми дар деҳаи Заркамари ҷамоати деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ қарор доштанаш «Даврон» ном шахс бе ягон асос ӯро дашномҳои қабеҳ дода, лату кӯб намуда, дар гарданаш корд монда таҳдиди куштан намудааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ба саломатиаш ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои операивӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 25-солаи сокини ноҳияи мазкур бо гумони таҳдиди куштор ё расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Ба ҳалокат расидани ронанда ва мусофир дар натиҷаи бархурди ду автомашина

17

ҳШоми 21-уми июни соли 2023, тахминан соати 20:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «ВАЗ-21122», Эгамов Сироҷиддин Ҳалимович, соли таваллудаш 1993, сокини шаҳри Истаравшан, ҳангоми ҳаракат бо шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ» дар ҳудуди шаҳри Истаравшан, бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада ба автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», таҳти идораи ронанда Юсупов Хушбахтҷон Саидбоевич, соли таваллудаш 1985, сокини шаҳри мазкур бархӯрдааст.
Дар натиҷа, худи ронандаи автомашинаи тамғаи «ВАЗ 21122», Эгамов С. ва мусофири автомашинаи мазкур Орипов Хусрав Шодибоевич, соли таваллудаш 1993, сокини ҳамин шаҳр аз ҷароҳатҳои бардоштаашон дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Боздошт гардидани марди 55-сола бо ҷурми қаллобӣ

157

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои операивӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 55-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, моҳи марти соли 2023, бо роҳи фиреб ба боварии марди 42-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ даромада, аз ӯ 91 ҳазору 500 сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки маблағи мазкурро бо асъори хориҷӣ, яъне доллари амрикоӣ иваз карда дар муҳлати кутоҳтарин бармегардонад, аммо то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Инчунин, номбурда моҳи феврали соли 2023, бо роҳи фиреб ба боварии зани 45-солаи сокини шаҳри Душанбе даромада, аз ӯ 80 ҳазор сомонӣ гирифта ваъда, додааст, ки маблағи мазкурро бо асъори хориҷӣ, яъне доллари амрикоӣ иваз карда дар муҳлати кутоҳтарин бармагардонад, аммо то ҳол барнагардонидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button