РАШИД – ДОДАРИ ТОЛИБ АЁМБЕКОВ БА 10 СОЛИ ЗИНДОН МАҲКУМ ШУД

Додгоҳи вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон рӯзи панҷшанбе, 22 июни соли 2023, Аёмбеков Рашид Абдураҳмонович, бародари хурдии Толиб (Толибек) Аёмбеков, яке аз лидерҳои ғайрирасмии ин минтақаи мухтори воқеъ дар шарқи Тоҷикистонро ба 10 соли зиндон маҳкум кард. Дар ин бора журналист Aнора Саркорова, ки асосан ҳаводиси Бадахшонро пайгирӣ мекунад, хабар дод.
Мақомоти додгоҳии Бадахшон то кунун натиҷаҳои мурофиаи парвандаи додари Толиб Аёмбековро расман шарҳ надодаанд, вале Анора Саркорова бо такя ба манобеи худ хабар дод, ки додгоҳ Рашид Аёмбековро бар асоси моддаи 187, қисми 2 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон дар узвият дар созмони ҷиноятӣ гунаҳкор шинохтааст. Мақомоти Тоҷикистон лидерҳои ғайрирасмии Бадахшонро “саркардагони гуруҳҳои муташаккилонаи ҷиноятӣ” ва пайравони онҳоро “аъзои “созмонҳои муташаккилонаи ҷиноятӣ” мешуморанд.
Анора Саркорова навишт, ки ба зидди Рашид Аёмбеков иттиҳомоти дигар низ эълон шуда буд, вале тафтишот он иттиҳомотро бо далелҳо исбот карда натавонист.
Рашид Аёмбеков – охирин бародари дар озодӣ боқимондаи Толиб Аёмбеков – як ронандаи оддӣ дар беморхонаи “Ёрии таъҷилӣ” дар Хоруғ буд ва ба гуфтаи наздиконаш, ба аъмоли бародари пурнуфузаш ягон рабт надошт.
Ӯро кормандони амният рӯзи 4 апрели соли ҷорӣ дар ноҳияи Дарвоз дастгир карданд. Бино ба иттилои Анора Саркорова, Рашид Аёмбеков ҳамсарашро, ки бемории дил дошт ва баъди бозпурсиҳо дар раёсати амнияти Бадахшон аҳволаш бад шуда буд, барои муоинаи тиббӣ ба Душанбе мебурд, вале кормандони амният ҳардуро аз мошин фароварда, ба Хоруғ оварданд. Як манбаи пойгоҳи хабарии “Бомдод” қаблан гуфта буд, ки Рашид Аёмбеков дар пайи чанд бозпурсӣ аз тарси боздошт мехост вилоятро тарк кунад, вале дастгир шуд.
Рашид Аёмбеков алакай нафари даҳум аз оилаи дар гузашта пурнуфузи Аёмбековҳост, ки дар як соли охир маҳкум ба зиндон шудаанд. Анора Саркорова исми 8 нафар аз Аёмбековҳои зиндонишударо нашр кардааст:
- Толибек (Толиб) Аёмбеков (56-сола), раҳбари ин хонавода ва лидери ғайрирасмии Бадахшон, ба ҳабси абад маҳкум шуд.
- Гуломали Абдурахмонов – (33-сола), писараш, ба ҳабси абад маҳкум шуд.
- Ҳасаналӣ Абдураҳмонов (25-сола), писараш, ба 20 соли зиндон маҳкум шуд.
- Маҳмадалӣ Абдураҳмонов (29-сола), писараш, ба 15 соли зиндон маҳкум шуд.
- Оқилшо Айёмбеков (43-сола), бародараш, ба 30 соли зиндон маҳкум шуд.
- Аноятшо Аёмбеков (58-сола), бародараш, ба 30 соли зиндон маҳкум шуд.
- Мамадамон Айёмбеков (33-сола), ҷиянаш, ба 10 соли зиндон маҳкум шуд..
- Қурбонҷон Айёмбеков (34-сола), ҷиянаш, ба 10 соли зиндон маҳкум шуд.
Толиб Аёмбеков, бародари як фармондеҳи машҳури мухолифин дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ Абдуламон Аёмбеков, маъруф бо лақаби Алёша Горбун, баъди кушта шудани Горбун фармондеҳии ҷанговарони ӯро ба дасти худ гирифт ва дар пайи имзои созишномаи сулҳи байни давлат ва мухолифин дар соли 1997 фармондеҳи як қисми нирӯҳои марзбонӣ дар Бадахшон таъйин ва соҳиби рутбаи сарҳанг (полковник) шуд. Толиб Аёмбеков баъди чанд сол аз хидмати ҳарбӣ канор рафт, вале нуфузашро дар шаҳри Хоруғ ва атрофи он ҳифз кард ва яке аз лидерҳои ғайрирасмии Бадахшон ба шумор мерафт.
Соли 2012 мақомот масъулияти қатли генерал Абдулло Назаров, сардори онвақтаи раёсати КДАМ дар вилояти Бадахшонро ба гардани Толиб Аёмбеков ва нафарони ӯ бор карданд ва бо ҷурми қатли ин генерал бародари ӯ Оқил Аёмбеков ва ронандааш Ҳамза Муродов ҳамон вақт дастгир ва мутаносибан ба 16 ва 17 соли зиндон маҳкум шуданд.
11 июни соли 2022, дар пайи бо истифода аз нирӯҳои вижа ва силоҳ саркӯб кардани мавҷи нави эътирозҳо дар Бадахшон мақомот ин дафъа худи Толиб Аёмбеков ва ба дунболи ӯ фарзандону хешу табори наздики ӯро бо иттиҳоми даст доштан дар “ҷиноятҳои махсусан вазнин”, ба мисли куштор, авбошӣ, ғоратгарӣ, қочоқи маводи мухаддиру силоҳ ва барангехтани кинаву адоват дастгир карданд.
Бо ҳукми додгоҳ, Толиб Аёмбеков ва писараш Ғуломалӣ Абдураҳмонов ба ҳабси умрбод, ду писари дигараш Ҳасаналӣ Абдураҳмонов ба 20 сол ва Маҳмадалӣ Аёмбеков ба 29 соли зиндон маҳкум гардида, бародаронаш Оқилу Аноятшо Аёмбековҳо ҳарду 30 сол маҳкум ба зиндон шуданд. Бародарзодааш Мамадамон Аёмбеков низ 10 сол аз озодӣ маҳрум шуд. Оқил Аёмбеков дар ҳоле ба 30 соли зиндон маҳкум шуд, ки аз соли 2012 ба ин тараф алакай 11 сол боз дар паси панҷара қарор дорад.
Маҳкум ба зиндон шудани 10 узви хонаводаи Аёмбековҳо дар ҳолест, ки Толиб Аёмбеков, ба фарқ аз Боқир (Мамадбоқир Мамадбоқиров), як лидери дигари ғайрирасмии Бадахшон, дар эътирозҳои тирамоҳи соли 2021 ва баҳори соли 2022 мавқеи бетарафиро ишғол карда буд.
Соли 2022 дар ҷараёни саркӯби эътирозҳои Бадахшон беш аз 30 нафар кушта ва ҳудуди 200 тани дигар дастгир шуданд. Мақомот онҳоро “аъзои гуруҳҳои муташаккили ҷиноӣ” меномад ва мегӯяд, ки ошӯбгарони Бадахшон бо дастури “гуруҳҳои террористӣ” аз хориҷ амал мекарданд. Манзури мақомот аз ин “гуруҳҳои террористӣ” созмонҳои оппозитсияи тоҷик дар Аврупостю
Ҳомиёни ҳуқуқ мақомоти Тоҷикистонро ба истифодаи беш аз ҳадди нирӯ ва саркӯби бераҳмонаи эътирозҳои осоишта дар Помир айбдор мекунанд ва пайваста аз Душанбе талаб доранд, ки ба таъқиби фаъолони Бадахшон ва наздикони онҳо нуқта гузорад.
Аксари аҳолии вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба фарқ аз аксарияти кулли боқӣ манотиқи Тоҷикистон, пайрави равияи исмоилии мазҳаби шиъа буда, бо забонҳои помирӣ ҳарф мезананд.

