ВидеоМуҳоҷирон

СЕ ТИФЛИ ТОҶИКИ АЗ СӮИ ВОЛИДОНАШОН ПАРТОФТАШУДАРО АЗ РУСИЯ БА ТОҶИКИСТОН ОВАРДАНД (АКС)

Сафорати Тоҷикистон дар Русия бо нашри як акс аз фурудгоҳ дар саҳифааш дар Фейсбук хабар дод, ки рӯзи 18 июни соли 2023 бо мусоидати Хадамоти консулии сафорат 3 шаҳрванди ноболиғи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қаламрави Русия бепарастор монда буданд, ба Ватан фиристода шуданд. Сафорат афзудааст, ки аз аввали соли ҷорӣ алакай 9 кӯдаки тоҷик ба Ватан репатриатсия ё баргардонида  шуданд.

Баргардондани ин кӯдакон ба Ватанашон, Тоҷикистон бар асоси Конвенсияи Кишинёв дар бораи ба кишвари зодгоҳашон баргардондани кӯдакони ноболиғ сурат мегирад.

Ниҳодҳои дипломатӣ ва дигар ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон ҳар сол аз Русия даҳҳо кӯдакро ба Тоҷикистон бармегардонанд. Аксари онҳо кӯдакҳои навзоду ширмаканд, ки занони шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия ба дунё меоранд, вале ба сабабҳои мухталиф аз ин фарзандони “нохоста” даст мекашанд. Як сабаби умдаи даст кашидани ин модарон аз ҷигарбандонашон дар мулки мусофират дар натиҷаи робитаҳои номашрӯи ғайриникоҳӣ ҳомила шудану таваллуд кардани ин занҳост ва онҳо аз тарси гапу хабари мардум ва бархӯрди манфии хешовандонашон аз ин тифлон  билофосила баъди ба дунё омаданашон дар таваллудхона даст мекашанд.  Ҳамин тавр, оилаҳое низ ҳастанд, ки ба сабаби ба мушкилоти иҷтимоиву иқтисодӣ дучор шуданашон аз баҳри фарзанди худ дар мулки бегона мегузаранд. Бархе модарон ба далели ҷудо шудан аз падари кӯдаки ба дунё овардаашон аз тифли худ даст мекашанд.

Қонунҳои Тоҷикистон бидуни иҷозати ниҳодҳои зисалоҳи худи  ин кишвар ба шаҳрвандони хориҷӣ ба фарзандӣ гирифтани кӯдаконеро, ки шаҳрвандии Тоҷикистонро доранд,  иҷозат намедиҳад. Ба  ин далел, ниҳодҳои дипломатии Тоҷикистон дар Русия чунин кӯдаконро аз ятимхонаҳои ин кишвар ҷамъ оварда,  талош мекунанд, ки онҳоро ба Ватан бифиристанд.

Чанд сол пеш сафири вақти Тоҷикистон дар Русия Абдулмаҷид Достиев гуфта буд, ки “Тоҷикистон фарзандони нодаркор надорад ва ҳарчанд падару модаронашон аз тарбияи онҳо даст кашида бошанд ҳам, онҳо шаҳрвандони кишвари моянд ва набояд дар як муҳити бегонаи ғайритоҷикӣ ба воя расанд”. Достиев, ки аз соли 2007 то 2014 сафири Тоҷикистон дар Маскав буд, гуфта буд, ки “ҳукумат ягон фарзанди тоҷикро дар ғарибӣ намепартояд, ҳукумат худаш барои ин кӯдакон ҳам падар ва ҳам модар мешавад ва онҳоро ба воя мерасонад”.

Маъмулан кӯдакони аз Русия овардашударо дар ятимхонаҳо ҷобаҷо мекунанд ва баъдан метавонанд ба оилаҳои муштоқи фарзанд ҳамчун фарзандхонд бидиҳанд. Хешовандони модарони сангдили ин кӯдакон низ метавонанд ба хотири нангу номус камари ҳиммат бубанданд ва ин ҷигарбандони худро ба фарзандӣ бигиранд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button