ЯК ЗАН ДАР БӮСТОН ДУХТАРЧАИ СЕСОЛААШРО ДАР ИВАЗИ 5 ҲАЗОР СОМОНӢ ФУРӮХТААСТ (ВИДЕО)

Милитсияи вилояти Суғд аз ошкор шудани боз як ҷинояти кӯдакфурӯшӣ хабар дод.
Тавре Акбар Шарифӣ, сухангӯи РВКД вилояти Суғд шоми 18 июни соли 2023 дар нашри навбатии барномаи телевизионии “Милитсия хабар медиҳад” хабар дод, мутаассифона, бо иттиҳоми ҳамчун “ашёи нолозим” дар ивази ҳамагӣ 5 ҳазор сомонӣ фурӯхтани духтарчаи сесола модари ин кӯдак Дилдора Холмирзоеваи 33-сола, зодаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва муваққатан сокини шаҳри Бӯстонро дастгир кардаанд.
Ин ҷавонзан аз издивоҷи ноустувор соҳиби ду фарзанди хурдсол буда, ҳоло боз ҳомила ва чашм ба роҳи таваллуди кӯдаки сеюмаш будааст. Тифле, ки Холмирзоева ба фурӯш гузошта буд, фарзанди дуюми ин зан ва духтарчаи сесолае буд, ки модар мехост ӯро аз меҳру муҳаббати худ маҳрум бисозад.
Аҷаб он аст, ки фурӯши ин кӯдакро дар рӯзи 10 июни соли 2023, дар зодрӯзи ин кӯдаки маъсум муқаррар кардаанд, ки дар сурати амалӣ шуданаш, ба таъбири Акбар Шарифӣ, барои ин кӯдак дар зодрӯзаш як ҳадяи тақдиршикан мегардид.
Аммо кормандони шуъбаи кофтукови ҷиноии РВКД вилояти Суғд аз қабл дар бораи чунин муомила маълумоти фаврӣ ба даст оварда, рӯзи 10 июн дар суроғаи муваққати зисти Дилдора Холмирзоева дар кӯчаи ба номи Ҳувайдуллоеви шаҳри Бӯстон дар “шароити идорашавандаи оперативӣ” ин занро баъди гирифтани 5 ҳазор сомонӣ аз шахси мусоидаткунанда, ё миёнарав дастгир кардаанд. “Шароити идорашавандаи оперативӣ” ба чунин маъност, ки нафари миёнарав аз қабл мақомотро дар ҷараён гузошта, дар ин қазия бо кормандони милитсия ҳамкорӣ дошт.
Дилдора Холмирзоева нодорию тангдастиро сабаби даст заданаш ба чунин иқдом номидааст. Вале мақомот гуфтаанд, ки нодорӣ баҳонае барои чунин кори нангин, яъне фурӯхтани фарзанд шуда наметавонад, чунки дар замони пешрафти илму фанновариҳо дар дунёи муосир ҳазору як роҳи пешгирӣ аз таваллуди фарзандоне, ки волидон онҳоро “нохонда” мешуморанд ва зӯрашон барои нигоҳубини онҳо намерасад, вуҷуд дорад.
“Пайдо кардани усули пешгирӣ аз таваллуди ғайриинтизор мушкил нест. Ё ҳадди ақал истифода аз роҳҳои қонунии даст кашидан аз фарзанд низ имконпазир аст. Аммо Холмирзоева роҳеро интихоб набуд, ки дар баробари ҷинояташ буданаш нафратовар аст”, – таъкид мекунад Акбар Шарифӣ, муаллифи ин гузориш.
Ба зидди Дилдора Холмирзоева бар асоси моддаи 167 парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Моддаи 167-уми Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон барои савдои кӯдакон ҳамчун ҷазо аз 5 то 8 соли зиндонро пешбинӣ мекунад. Дар сурати мавҷуд будани бархе ҳолатҳои вазнин ҷазо барои фурӯши одамон метавонад то 15 соли зиндонро ташкил бидиҳад.