ВидеоҲодисаҶомеа

ЯК МАРД БАЪДИ 170 ҲАЗОР СОМОНИАШРО БОЙ ДОДАН ҚИМОРХОНАРО ОТАШ ЗАДААСТ (ВИДЕО)

Як сокини ноҳияи Фархор баъди онки 170 ҳазор сомониашро дар қимор бой дод, шаби 5 июни соли 2023 як нуқтаи қиморбозии ширкати букмекерерии “Ирсол Теннисӣ Тҷ”-ро дар пойтахт, шаҳри Душанбе оташ задааст.

Худи марди дастгиршуда барои шарҳи қазия дастрас нест, вале бино ба иттилои сухангӯи милитсияи пойтахти Тоҷикистон Сироҷиддин Шакурӣ, шаҳрванд Сулаймонзода Аҳмад Хуршед, санаи таваллудаш 17 ноябри соли 1992, сокини деҳаи Деҳқонободи ноҳияи Фархор муддати тӯлонӣ боз ба бозиҳои бурдовари букмекерӣ машғул шуда, маблағҳои бузургеро дар ин қимор аз даст додааст. Аз ҷумла рӯзи 5 июни соли 2023 Сулаймонзода баъди онки дар нуқтаи букмекерии “Ирсол Теннисӣ Тҷ” боз як миқдор маблағи бузургашро дар бозӣ гузошта бой дод, Аҳмад Сулаймонзода шаби 5 июн, тахминан соати 21:44 бо худ бензин гирифта, вориди ин нуқтаи букмекерӣ шуда, онро оташ задааст.

Худи Сулаймонзода дар гузорише, ки дар барномаи телевизионии “Ахбори ВКД” нашр шуд, гуфт: “Сӯм бой додам, қаҳрам кард, рафтам, бензин гирифта овардам ва ҳама компютеру чизҳои дигари ин нуқтаи букмекериро дар додам”.

Дар натиҷаи ин амали Аҳмад Сулаймонзода, се моноблоки компютерии арзишашон 19 ҳазору 500 сомонӣ, 2 курсии арзишашон 4500 сомонӣ ва дигар таҷҳизоти компютерии нуқтаи букмекерии  “Ирсол Теннисӣ Тҷ” ба коми оташ рафта, сӯхта, корношоям гардидаанд. Ҳаҷми умумии зарари расида ба ин нуқтаи қиморбозӣ 27 ҳазору 600 сомонӣ, ё тақрибан 2500 доллар баровард шудааст.

Ба зидди Сулаймонзода бар асоси моддаи 255 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд ва ӯ феълан дар ҳабси пешакӣ қарор дорад. Акнун ба ин сокини Фархор барои қасдан несту нобуд ё вайрон кардани молу мулки ғайр бар асоси ин банди қонун ҳамчун ҷазо ҷарима ба андозаи то нишондиҳанда барои ҳисобҳо 912 (яъне то 62 ҳазор сомонӣ, ё тақрибан 5600 доллар)  ё  то 5 соли зиндон таҳдид мекунад.

Ва аммо дар шарҳҳои зери ин хабар дар шабакаҳои иҷтимоӣ аксарият нуқтаҳои букмекериро ба сӯиистифода аз нуқтаҳои заъфи шаҳрвандон ба хотири ба даст овардани даромади муфт айбдор карда навиштаанд, бо айби ин ширкатҳо, кидар пушти ҳар кадомаш пуштибонҳои пурнуфуз истодаанд, ҳар сол ҳазорон оила хонавайрон ва қарздор мешаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button