“ДАРИ ЧОҲ БОЗ АСТ, ДАРИ ТАВБА ҲАМ…” ИЗҲОРИ ПУШАЙМОНИИ ГЕНЕРАЛ САЛАМШОҲ МУҲАББАТОВ ВА СИТОИШАШ АЗ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Генерал Саламшоҳ Муҳаббатов, як фармондеҳи собиқи Иттиҳоди нирӯҳои мухолифин, дар як мақолаи муфассал пайвастанаш ба мухолифин дар 30 соли пешро “иштибоҳоти ҷавонӣ ва фиребхӯрдагиҳои зиндагӣ” номида, аз насли ҷавон хостааст, ки иштибоҳи онҳоро такрор накунанд ва дар атрофи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз як гиребон сар бароранд: “Банда уҳдадор ва муваззаф ҳастам, ки он иштибоҳоти ҷавонӣ ва фиребхӯрдагиҳои зиндагиро ошкоро фош намуда, насли навро аз дарси ибрат огоҳ намоям”.
Мақолаи фармондеҳи собиқи мухолифинро, ки ӯ хоксорона ҳамчун “Саламшоҳ Муҳаббатов, сокини шаҳри Душанбе” имзо кардааст, хабаргузории давлатии “Ховар” рӯзи 16 июни соли 2023 таҳти унвони “Саламшоҳ Муҳаббатов: “Аз чоҳи дасисаю фиреб ва пур аз макру ҳилаи хоинон ҳазар кунем!” нашр кардааст. Сабаби таҳия ва нашри чунин мақола аз номи фармондеҳи собиқи мухолифин ҳанӯз рӯшан нест.
Саламшоҳ Муҳаббатов мақолаашро бо ин байти Муҳаммад Ғоиб:
Аз хилъати ҳастӣ наравад доғи хиёнат,
Ҷонро бисупореду Ватанро нафурӯшед.
оғоз карда, аз оғоз то поёнаш ҳама лаб ба тавсифи Эмомалӣ Раҳмон кушода ва ба танқиди мухолифони ӯ пардохтааст. Ӯ Эмомалӣ Раҳмонро чандин бор батакрор “Пешвои муаззами миллат” ном бурда, таъкид мекунад, ки: “Фаромӯш набояд кард, ки ваҳдати миллӣ ва Созишномаи сулҳ дар Тоҷикистон фақат ва фақат бо талошҳои ҳамешагӣ ва иқдомҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омада, то имрӯз устувор мондааст ва дар оянда низ пойдор хоҳад буд. Худи ман шоҳиди бевоситаи талошҳои пайгиронаи Президенти мамлакат дар панҷ соли расидан ба ваҳдати миллӣ ва даст ёфтани тоҷикон ба сулҳ будам ва ҳеҷ гоҳ хизматҳои ин абармарди миллатро аз хотир намебарорам”.
Муҳаббатов дар айни замон ҳамсафони собиқаш аз Иттиҳоди мухолифинро мазаммат мекунад, ки “хеле афсӯс, ки аксари намояндагони мухолифини солҳои 90-ум баъди имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ вазифа ва мансабҳои давлатиро чун мансаби «меросӣ» қабул карданд.Ҳамзамон, хизмати софдилонаро ба давлату миллат, ба Тоҷикистони азиз фаромӯш карданд.Мизони сулҳу салоҳ дар гузаштаи начандон дур каме халалдор гардида, дар баъзе ноҳияҳои ВМКБ ва водии Рашт эътирозу бетартибиҳо сар заданд. Мо собиқадорони ризоияти миллӣ ва оштии куллӣ ин амалҳоро маҳкум намуда, оммаро барои куллан решакан кардани ҷудоиандозиҳо ва иғвоҳо даъват мекунем”.
Генерал Муҳаббатов менависад, ки ҷомеашинос ва умуман сиёсатмадор нест, вале ба ақидаи ӯ, “барои зикри дастовардҳо… шарт нест, ки иқтисоддону файласуф бошем”. Ӯ сипас аз Тоҷикистон тасвири як кишвари гулгулшукуфтаеро мекашад, ки дар тасвири Саламшоҳ Муҳаббатов, гӯё сатҳи таваррумаш баробари давлатҳои абарқудрат буда, аз нигоҳи таъминот бо оби ошомиданӣ, ғизои беҳтар ва дастрасӣ ба соҳибкорӣ гӯё дар ИДМ дар мақоми аввал қарор дорад. “Чанде қабл дар шабакаҳои иҷтимоӣ хонда будам, ки аз нигоҳи таваллуд ва дарозумрӣ ва дастрасӣ ба таҳсилу омӯзиш Тоҷикистон дар ИДМ дар ҷойи якум меистад”, – меафзояд бидуни ироаи кадом манбаъи ин омор дар идомаи тавсифҳояш Саламшоҳ Муҳаббатов.
Ӯ ҳамин тавр, бо чашм пӯшидан аз бебарқии шадиде, ки ин зимистон дигарбора аз гиребони ҷумҳурӣ гирифт, менависад: “Имрӯз Тоҷикистон аз давлати бебарқи солҳои 90-ум ба як давлати абарқудрати дорои иқтидори бузурги гидроэнергетикӣ дар минтақа ва интиқолдиҳандаи барқ табдил ёфтааст. Бар пояи омор ва пешгӯиҳо, дар ояндаи наздик имконияти ин соҳа ба тамоми Осиё ва фаротар аз он дастрас мешавад”.
Саламшоҳ Муҳаббатов дар идома аз Афғонистон ёд мекунад, ки гӯё дар он кишвари ҳамсоя дар 50 соли охир ягон иншооти варзиш сохта нашудааст ва бо Тоҷикистон қиёс мекунад: “Ҳамчун як собиқадори варзиш ва иштирокчии мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ ба насли имрӯза ҳасад мебарам ва ҳамзамон ифтихор дорам, ки имрӯз аз деҳоти куҳистони Бадахшон танҳо аз як оила 7 нафар қаҳрамони варзиш буда, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сӣ сол ба он миқдор иншооти варзиш сохтаанд, ки дар 70 соли замони Иттиҳоди Шӯравӣ танҳо 50 фоизи он сохта шуда буд. Ҳар кадоме аз наврасони мо имрӯз ба иншооти варзиш ба он миқдоре дастрасӣ доранд, ки мардуми Аврупо аз он ҳавас мекунанд. Фақат инсони кӯрнамак ва носипос метавонад чунин пешрафту тараққиётро набинад, ҳис накунад. Охир, тасаввур кунед, ки дар 50 соли охир дар Афғонистони ҳамсояи мо ҳатто як (!) иншооти варзиш сохта нашудааст”.
Ин афроди, ба навиштаи Саламшоҳ Муҳаббатов, “кӯрнамак ва носипос” ва “хоинони Ватан” мухолифони ҳукуматанд, ки “аз дур истода, лофи ватандӯстӣ мезананд. Аммо худашон дар Ватан дасти касеро нагирифта, дарахте сабз накардаанд”.
Ӯ меафзояд: “… даричаи чоҳи иштибоҳҳое, ки мо 30 сол қабл ба он уфтодем, ҳоло ҳам боз аст. Хоинону бадкирдорони миллат ҳанӯз ҳам сӯи мо санги маломат мепартоянд ва мехоҳанд моро бори дигар ба гирдоби бадбахтиҳо печонанд. Барои ҳамин зарур аст, ки мо ҳамагон аз ин чоҳи дасисаю фиребу пур аз макру ҳилаи хоинон ҳазар кунем”.
Саламшоҳ Муҳаббатов аз мухолифини Эмомалӣ Раҳмон хостааст, ки “агар барои онҳо сарзамини Тоҷикистони биҳиштосо муқаддас бошад, пас бояд амалан ба ободии диёр даст зананд, бо сафсатаву дағдағаҳои фейсбукӣ ва ютубӣ иншооту биноҳо, боғоту мазрааҳо ва роҳу неругоҳҳо бунёд ва ободу сарсабз намешаванд. Ман бори дигар ба иқдомҳои ҷавонмардонаву хайрхоҳонаи Сарвари давлат садҳо маротиба аҳсану офарин мегӯям, ки бо амалҳои волои башардӯстиашон ҳар сол чандин нафар аз шумораи ин хоинону гунаҳкоронро авф мекунанд, аммо ҳазорҳо асои аздастафтода пайдо нашуда, ягон кӯри беватани кӯрнамак бино нашуд”.
Аммо бо ин вуҷуд, афзудааст фармондеҳи собиқи мухолифин, “ҳоло ҳам барои авф, арзи пушаймонӣ ва бозгашт ба зиндагии поку шоистаи роҳгумзадаҳо дер нашудааст. Оғӯши Ватан барои онҳое, ки аз кирдорҳои ношоистаи худ изҳори пушаймонӣ намуда, тавба мекунанд, боз аст”.
Генерал-майор Саламшоҳ Муҳаббатов 11 ноябри соли 1960 дар ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба дунё омада, Донишкадаи кишоварзии Тоҷикистонро хатм кардааст.
Саламшоҳ Муҳаббатов дар даврони Шӯравӣ чандин бор сазовори унвони қаҳрамони Тоҷикистон дар навъҳои гуштини дзюдо, самбо ва гуштини тоҷикӣ шуда буд. Саламшоҳ Муҳаббатов ҳамин тавр, дар байни собиқадорон дар гуштини дзюдо як маротиба ва дар гуштини самбо ду карат қаҳрамони ҷаҳон шудааст.
Саламшоҳ Муҳаббатов аз фармондеҳони аршади Иттиҳоди нирӯҳои мухолифин дар ҷабҳаи Бадахшон ба шумор мерафт. Баъди имзои созишномаи сулҳ, Муҳаббатов 3 августи соли 1998 бар асоси саҳмияи 30-фоизаи мухолифин раиси Кумитаи нафту гази ҳукумати Тоҷикистон таъйин шуд ва то 17 апрели соли 2001 дар ин мақом кор кард. Саламшоҳ Муҳаббатов аз соли 2001 то 2004 мудири кулли ширкати воҳиди давлатии “Тоҷикнафтугаз” ва аз соли 2004 мудири кулли ширкати воҳиди давлатии “Сайёҳ” буд. Саламшоҳ Муҳаббатов ҳамчунин то соли 2017 раиси Федератсияи гуштини озод ва юнониву румӣ, ё гуштини фарангии Тоҷикистон буд.
Саламшоҳ Муҳаббатов баъди тарки мансабу мақомҳояш солҳои ахир асосан дар зодгоҳаш – ноҳияи Ванҷ ва гоҳо дар Душанбе ба сар мебарад. Ӯ дар минтақаи Бадахшон, бахусус дар Ванҷу Дарвоз ҳамчунон аз обрӯ ва нуфузи зиёд бархӯрдор мебошад.
Шакли пурраи мақолаи Саламшоҳ Муҳаббатовро дар зер метавонед мутолиа кунед:
Саламшоҳ Муҳаббатов: «Аз чоҳи дасисаю фиреб ва пур аз макру ҳилаи хоинон ҳазар кунем!»
ВАҲДАТ – КАЛОМИ НАҶОТИ МИЛЛАТ!
Аз хилъати ҳастӣ наравад доғи хиёнат,
Ҷонро бисупореду Ватанро нафурӯшед.
Муҳаммад Ғоиб
Одати мардуми паҳлавонпеша маъмулан ва табиатан чунин аст, ки ҳама вақт талош барои расидан ба пирӯзиро доранд.
Ҳеҷ гоҳ нияти тавсифи паҳлавонии хеш накардаам.
Вале аз пирӯзиҳои зиёд зери Парчами кишвари азизи хеш – Тоҷикистони соҳибистиқлол ҷоми сурур нӯш карда, ифтихор аз давлатдории миллӣ доштаму дорам.
Ва имрӯз дар арафаи таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ мехоҳам чанд андешаи инфиродии худро атрофи дастовардҳои замони истиқлол, талошҳои роҳбарияти олии мамлакат дар шахси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба ваҳдати саросарӣ ва истиқрори сулҳу субот дар Тоҷикистон иброз намоям.
Имрӯз тамоми дунё ҳатто дар хайру эҳсон ҳам аз мақоли «панири бепул танҳо дар мушқапак аст», фаромӯш намекунад.
Ҳамзамон, ман ҳамчун як шаҳрванди оддӣ ва варзишгари собиқадор дигар бетараф ва хомӯш будан наметавонам, ки чанд тан дастовардҳои беш аз 30-солаи мо – истиқлолу озодӣ ва сулҳу суботи сарзамини озодандешонро бо фармоиш ва амри хоҷагони берунӣ ва фирориёни беватани хоин халалдор намоянд.
Банда уҳдадор ва муваззаф ҳастам, ки он иштибоҳоти ҷавонӣ ва фиребхурдагиҳои зиндагиро ошкоро фош намуда, насли навро аз дарси ибрат огоҳ намоям.
Барои мо имрӯз ҳам шарт ва ҳам зарур аст, ки ҷомеаро аз хатарҳои эҳтимолӣ ва таъсироти манфии дурӯғпароканиҳои бадхоҳони давлату миллат огоҳ созем.
Барои зикри дастовардҳои иқтисод дар замони истиқлол, алалхусус, баъди ба даст омадани Ваҳдати миллӣ шарт нест, ки иқтисоддону файласуф бошем.
Ҳатто тифли наврас медонад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон – давлати захираҳои газу нафт надошта ва аз бандарҳои баҳрӣ маҳрум, сатҳи таварруми баробар бо давлатҳои абарқудрати дунё дорад.
Пӯшида нест ва бо чашми одӣ ҳам дидан мумкин аст, ки имрӯз Тоҷикистон аз давлати бебарқи солҳои 90-ум ба як давлати абарқудрати дорои иқтидори бузурги гидроэнергетикӣ дар минтақа ва интиқолдиҳандаи барқ табдил ёфтааст.
Бар пояи омор ва пешгӯиҳо дар ояндаи наздик имконияти ин соҳа ба тамоми Осиё ва фаротар аз он дастрас мешавад.
Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нигоҳи таъминот бо оби ошомиданӣ, ғизои беҳтар ва дастрасӣ ба соҳибкорӣ дар ИДМ дар мақоми аввал қарор дорад.
Чанде қабл дар шабакаҳои иҷтимоӣ хонда будам, ки аз нигоҳи таваллуд ва дарозумрӣ ва дастрасӣ ба таҳсилу омӯзиш Тоҷикистон дар ИДМ дар ҷойи якум меистад.
Ҳамчун як собиқадори варзиш ва иштирокчии мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ ба насли имрӯза ҳасад мебарам ва ҳамзамон ифтихор дорам, ки имрӯз аз деҳоти куҳистони Бадахшон танҳо аз як оила 7 нафар қаҳрамони варзиш буда, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сӣ сол ба он миқдор иншооти варзиш сохтаанд, ки дар 70 соли замони Иттиҳоди Шӯравӣ танҳо 50 фоизи он сохта шуда буд.
Ҳар кадоме аз наврасони мо имрӯз ба иншооти варзиш ба он миқдоре дастрасӣ доранд, ки мардуми Аврупо аз он ҳавас мекунанд.
Фақат инсони кӯрнамак ва носипос метавонад чунин пешрафту тараққиётро набинад, ҳис накунад.
Охир, тасаввур кунед, ки дар 50 соли охир дар Афғонистони ҳамсояи мо ҳатто як (!) иншооти варзиш сохта нашудааст.
Ёд дорам, солҳои 90-уми қарни гузашта бархе аз роҳбарону саркардагони фирефташудаи хориҷӣ ҷавононро аз нобудшавии дини мубини ислом ҳушдор медоданд, мардумро фиреб карда, ба нооромиву эътирозҳои густурда даъват мекарданд.
Аммо тири бадхоҳону бадкирдорон хато рафту ба ҳадаф нарасид ва онҳо ба мақсадҳои нопоки худ ноил нашуданд.
Дар ҳоли ҳозир дастрасии мардуми Тоҷикистон ба масҷиду ибодатгоҳҳо дар муқоиса ба 27 давлати исломии ҷаҳон (тибқи омори соли 2022) беҳтару бештар аст.
Таъкид кардан бамаврид аст, ки чанде пеш барои ибодату омӯзиш дар шаҳри Душанбе калонтарин масҷид дар Осиёи Марказӣ ва ИДМ ба истифода дода шуд.
Ҳамаи ин бо заҳмату талош ва иқдомҳои беназири Пешвои муаззами миллат ва роҳбарии бевоситаи ӯ амалӣ гардид.
Мо ба комилан мусалмон будани ҷангиёни гурӯҳҳои террористиву даҳшатафкани ДОИШ, ҷунбишҳои ифротии «ал — Қоида», «Ҷамоати таблиғ» шубҳа дорем, зеро ин гурӯҳҳо тайи даҳ соли охир тибқи омори расмии СММ қариб ним миллион мусалмонро ба қатл расонида, 56 миллион мусалмонро аз ҷои доимии зист маҳрум кардаанд.
Бадбахтона, имрӯз дар 3 ҳазор ӯрдугоҳи муваққатӣ беш аз 36 ҳазор мусалмон маҳбус ва аз ҳуқуқҳои башарӣ маҳруманд.
Аз тамошо ва мутолиаи шабакаҳои иҷтимоӣ, ки бо ҳадафи мағзшӯӣ пахшу нашр мешаванд, хеле содда ва осон хулоса баровардан мумкин аст, ки ҳанӯз ҳам фиребу найранги чанд тан хоинони ватан мушоҳида мешавад.
Имрӯз онҳо аз дур истода, лофи ватандӯстӣ мезананд.
Аммо худашон дар Ватан дасти касеро нагирифта, дарахте сабз накардаанд.
Агар барои онҳо сарзамини Тоҷикистони биҳиштосо муқаддас бошад, пас бояд амалан ба ободии диёр даст зананд, бо сафсатаву дағдағаҳои фейсбукӣ ва ютубӣ иншооту биноҳо, боғоту мазрааҳо ва роҳу неругоҳҳо бунёд ва ободу сарсабз намешаванд.
Ман бори дигар ба иқдомҳои ҷавонмардонаву хайрхоҳонаи Сарвари давлат садҳо маротиба аҳсану офарин мегӯям, ки бо амалҳои волои башардӯстиашон ҳар сол чандин нафар аз шумораи ин хоинону гунаҳкоронро авф мекунанд, аммо ҳазорҳо асои аздастафтода пайдо нашуда, ягон кӯри беватани кӯрнамак бино нашуд.
Ҳоло ҳам барои авф, арзи пушаймонӣ ва бозгашт ба зиндагии поку шоистаи роҳгумзадаҳо дер нашудааст.
Оғӯши Ватан барои онҳое, ки аз кирдорҳои ношоистаи худ изҳори пушаймонӣ намуда, тавба мекунанд, боз аст.
Банда гӯшанишин нестам.
Ҳар рӯз бо ҳамкорону ҳамкасбон, дӯстон ва шогирдон дар тамос ҳастам.
Ҳама фақат бо шукргузорӣ аз пешравӣ ва зиндагии шоиста ҳарф мезананд.
Зеро чунин сулҳу оромӣ ва созандагию бунёдкорӣ дар ягон минтақаи дунё нест.
Ман ҷомеашинос ва умуман сиёсатмадор нестам.
Аммо аз андешаҳои давлатсозию давлатдории Пешвои миллат тавассути китоби «Уфуқҳои истиқлол» огоҳ ҳастам, ки хизмат ба Ватану миллат танҳо бо курсии мансаб ва ё вазифаи давлатӣ имконпазир нест.
Имрӯз намоиши ватандӯстӣ арсаи васеъ дошта, аз ҳар фард, аз шаҳрванди қаторӣ то вазир тақвияти ватандорию хештандориро талаб менамояд.
Хеле афсӯс, ки аксари намояндагони мухолифини солҳои 90-ум баъди имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ вазифа ва мансабҳои давлатиро чун мансаби «меросӣ» қабул карданд.
Ҳамзамон, хизмати софдилонаро ба давлату миллат, ба Тоҷикистони азиз фаромӯш карданд.
Мизони сулҳу салоҳ дар гузаштаи начандон дур каме халалдор гардида, дар баъзе ноҳияҳои ВМКБ ва водии Рашт эътирозу бетартибиҳо сар заданд.
Мо собиқадорони ризоияти миллӣ ва оштии куллӣ ин амалҳоро маҳкум намуда, оммаро барои куллан решакан кардани ҷудоиандозиҳо ва иғвоҳо даъват мекунем.
Фаромӯш набояд кард, ки ваҳдати миллӣ ва Созишномаи сулҳ дар Тоҷикистон фақат ва фақат бо талошҳои ҳамешагӣ ва иқдомҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омада, то имрӯз устувор мондааст ва дар оянда низ пойдор хоҳад буд.
Худи ман шоҳиди бевоситаи талошҳои пайгиронаи Президенти мамлакат дар панҷ соли расидан ба ваҳдати миллӣ ва даст ёфтани тоҷикон ба сулҳ будам ва ҳеҷ гоҳ хизматҳои ин абармарди миллатро аз хотир намебарорам.
Охир, худ тасаввур кунед, дар пеши назари мо дар кишвари ҳамсояи Афғонистони ҷангзада беш аз 40 сол боз оташи ҷанг хомӯш намешавад.
Мардуми ин сарзамин ба ҷуз сулҳу оромӣ ҳеҷ орзуи дигаре дар сар надоранд.
Таъкид менамоям, ки дар садсолаҳои баъдӣ низ формулаи пешниҳоднамудаи сулҳ ва ризоияти миллии Сарвари бузурги тоҷикони ҷаҳон моҳияти глобаливу умумибашарии худро гум намекунад.
Ҳар кас ҳаққи ифшои розу ниёз ва тавоноии имдоди маънавӣ ба насли наврасро дорад.
Мо – наслҳои солдида, онҳое, ки таҷрибаи талхи муноқишаву даргириҳои дохилиро аз сар гузаронидем ва рӯзҳои наҳси миллатро бо чашми сар дидем, бояд шабу рӯз наврасону ҷавононро ба росткорию поктинатӣ, ватандӯстӣ, хизмати содиқона ба давлату миллат ҳидоят намоем.
Мо имрӯз куллан омода ҳастем, ки дар хидмати ин Ватан, ин сарзамин, таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат ва дар роҳи иҷрои дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат неру ва тавоноии ақлонию зеҳниамонро ҷасурона сарф кунем.
Мо – фарзандони Тоҷикистони соҳибистиқлол барои дифоъ аз арзишҳои миллӣ, ҳифзи дастовардҳои замони истиқлол ва пешрафти боз ҳам бештари Тоҷикистон ҳамеша изҳори омодагӣ менамоем.
Дар фарҷом бори дигар таъкид мекунам, ки даричаи чоҳи иштибоҳҳое, ки мо 30 сол қабл ба он уфтодем, ҳоло ҳам боз аст.
Хоинону бадкирдорони миллат ҳанӯз ҳам сӯи мо санги маломат мепартоянд ва мехоҳанд моро бори дигар ба гирдоби бадбахтиҳо печонанд.
Барои ҳамин зарур аст, ки мо ҳамагон аз ин чоҳи дасисаю фиребу пур аз макру ҳилаи хоинон ҳазар кунем.
Ҳар фарди бедордилу ватандӯст бо меҳнати ҳалол, ҳиссагузорӣ дар ободонии Ватан, ҳифзи марзу буми Ватан бояд ҳамеша омода бошад, зеро Ватан яктост ва Тоҷикистон яктост.
Мо ин сарзамини биҳиштиамонро, ки Тоҷикистон ном дорад, бо қимати ҷон ҳифз карда, барои пешрафту тараққии он саҳми худро мегузорем.
Бо эҳтиром,
Саламшоҳ Муҳаббатов,
сокини шаҳри Душанбе