ВидеоДин ва боварҳо

ЭШОНИ САЙИДМУТАҲҲАР – САРХАТИБИ МАСҶИДИ НАВИ 100-МИЛЛИОНДОЛЛАРА КИСТ?

Эшони Сайидмутаҳҳар Асомиддинзода, сархатиби собиқи масҷиди марказии ноҳияи Данғара, имомхатиби масҷиди нави марказии Душанбе таъйин шудааст.  Асомиддинзода, ки  58 сол ва 7 фарзанд дорад, хатмкардаи риштаи забону адабиёти тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба гуфтаи худаш, таҳсилоти расмии динӣ надорад. Вале дар Шӯрои уламо гуфтаанд, ки Эшон нафари донишманд, тақводор ва дорои одоби баланди исломист”.

Ин масҷид, ки бар пояи беш аз 100 миллион доллар сармоягузории давлати Қатар сохта шуд, бо тавони ғунҷоиши 133 ҳазор намозгузор дар як вақт калонтарин масҷиди нафақат Тоҷикистон, балки тамоми Осиёи Марказӣ ба шумор меравад.

Масҷиди нав тоза рӯзи 8 июни соли 2023 бо иштироки амири Қатар ва президенти Тоҷикистон кушода шуд, вале рӯзи 9 июн дар инҷо намози ҷумъа баргузор нашуд. Масъулин гуфтанд, нахустин намози ҷумъа дар масҷиди нав рӯзи ҷумъаи ояндаи 16 июн доир мешавад, вале масҷид барои адои дигар намозҳои панҷвақта боз мебошад.

Бо ин ҳол, мақомот аз таъйини имомхатиб ба масҷиди нав хабар додаанд. Аз Кумитаи дин  ба “Азия Плюс” хабар додаанд, ки Сайидмутаҳҳар Асомиддинзода, собиқ сархатиби масҷиди ҷомеи ноҳияи Данғара, чанде пештар дар мувофиқа бо Кумитаи дин ва бо қарори ҳайъати хатибон имомхатиби калонтарин масҷиди Тоҷикистон таъин гардидааст.

“Эшони Сайидмутаҳҳар Асомиддинзода аз рӯи дониш, тақво ва камоли одобу ахлоқаш бо қарори ҳайати хатибон ва дар мувофиқа бо Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим сархатиби масҷиди ҷомеи нави Душанбе таъйин гардидааст”, – гуфтанд дар Кумитаи дин.

Саидмукаррам Абдуқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломӣ (собиқ муфтиёт) ба “Азия Плюс” низ ин таъйинотро тасдиқ карда, гуфтааст, “Эшони Сайидмутаҳҳар Асомиддинзода солҳо имомхатиби масҷиди ҷомеи марказии ноҳияи Данғара буд ва аз ҷониби Шӯрои уламои Тоҷикистон ба ин вазифа таъин гардид”.  Муфтӣ дар хусуси таҳсилоти динии имомхатиби калонтарин масҷиди Тоҷикистон мушаххасан чизе нагуфтааст, вале таъкид кардааст, ки “Эшони Сайидмутаҳҳар Асомиддинзода дониши хуби динӣ ва истеъдоди суханварӣ дорад”.

Ва аммо худи имоми навтаъйин Сайидмутаҳҳар Асомиддинзода дар суҳбат бо сомонаи “Оила” гуфтааст, ки ӯ алакай се сол боз сархатиби пойтахт аст. Ба гуфтаи Асомиддинзода, ӯ соли 1965 дар ноҳияи Данғара ба дунё омада, соҳиби 7 фарзанд аст ва ҳанӯз 5 январи соли 2020, бо пешниҳоди Президенти кишвар ва қарори ҳайъати имомхатибон ва дар мувофиқа бо Кумитаи дин сархатиби масҷиди нави шаҳри Душанбе таъйин шуда буд.

Сайидмутаҳҳар Асомиддинзода дар ин мусоҳиба эътироф кардааст, ки маълумоти динӣ надорад: “Ман хатмкардаи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, аз соли 2014 то 2020 ба ҳайси имомхатиби масҷиди ҷомеи марказии ноҳияи Данғара ва корманди Кумитаи дин, танзими анъанаву маросимҳо дар ин ноҳия фаъолият доштам. Таҳсилоти динӣ надорам. Соли 1965 дар ин ноҳия таваллуд шуда, соҳиби 7 фарзандам”, – гуфтааст ӯ ба “Оила”. 

Дар Шӯрои уламо ба “Оила” дар мавриди шахси Асомиддинзода гуфтаанд, ки Эшон нафари донишманд, тақводор ва дорои одоби баланди исломист”.

Масҷиди ҷомеи марказии  Душанб, ки рӯзи 8 июн боз шуд,  ба номи асосгузори мазҳаби Ҳанифия Имоми Аъзам – Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит гузошта шуд.

Санги асоси сохтмони ин масҷид 5 октябри соли 2009, ки иттифоқан зодрӯзи Эмомалӣ Раҳмон низ ҳаст,  дар рӯзҳои таҷлили 1310-солагии асосгузор ва пешвои мазҳаби ҳанафӣ Абуҳанифа гузошта шуда, сохтмонаш амалан бо ду сол таъхир, 5 октябри соли 2021, боз ҳам дар зодрӯзи Эмомалӣ Раҳмон оғоз ёфт ва сохтмонаш дар умум қариб 12 сол тӯл кашид.

Масҷид дар майдони 12 гектар бунёд шуда, тавони ғунҷоиши 133 ҳазор намозгузорро дар як вақт дорад, ки аз ин шумора 43 ҳазор намозгузор метавонанд дар дохили бинои масҷид ҷой бигиранд.

Масҷид аз 4 манора бо баландии 74 метр, ду манораи хурди ороишӣ бо баландии 21 метр, гумбази зебову мунаққаши калон бо баландии 43 метр ва 17 гумбази хурд бо баландии 35 метр иборат мебошад. Дар маҷмӯъ, масҷид 178 дар дорад, ки 40 дараш аз чӯби чормағз сохта шудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button