АфғонистонВидеоМинтақа ва ҷаҳон

ШОРЕҲИ РУС: АМИРИ ҚАТАР ДАР ТОҶИКИСТОН БО РОҲБАРОНИ МУҚОВИМАТИ ЗИДДИ ТОЛИБОН МУЛОҚОТ ДОШТ

Aндрей Серенко, шореҳи руси масоили Афғонистону Осиёи Марказӣ ва роҳбари Маркази омӯзиши сиёсати Афғонистон, дар Телеграм-каналаш бо  такя ба манбаъҳо дар Душанбе хабар дод, ки амири Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ рӯзи 8 июни соли 2023 дар ҳошияи сафари давлатиаш ба Тоҷикистон бо роҳбарони муқовимати зидди режими Толибон аз Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон мулоқот кардааст. Қатар, қарори маълум, як такягоҳи аслӣ ва маблағгузори асосии ҳаракати тундрави Толибон, ки аз моҳи августи соли 2021 ҳукуматро дар Афғонистон ба дасти худ гирифтааст, ба шумор меравад.

Манбаи Серенко гуфтааст, ки мулоқоти амири Қатар бо роҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон Аҳмади Масъуд ва собиқ ноиби раисиҷумҳури Афғонистон Амрулло Солеҳ, ки ҳоло худро иҷрокунандаи вазифа, ё кафили ин мақом мешуморад, дар Варзоб доир шудааст.

“Амири Қатар, бино ба сарусадоҳои расида, барои миёнаравӣ байни Ҷабҳа ва Толибон майл нишон медиҳад. Аммо натиҷаҳои мулоқот ҳанӯз маълум нест ва бояд бубинем, ки дар мавқеъгирииҳои ҳарду тараф чӣ тағйироте ба амал хоҳад омад. Албатта, агар тағйироте ба амал биояд”, – таъкид кардааст манбаи шореҳи рус.

Намояндагони Ҷабҳаи муқовимат ва дигар гуруҳҳои мухолифи режими Толибон ва ҳамчунин мақомоти Тоҷикистон ин хабарро то кунун шарҳ надодаанд.

Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон тасдиқ кард, ки шоми 8 июн Эмомалӣ Раҳмон ва меҳмонаш амири Қатар аз “мавзеъҳои зебову дилфиреби қароргоҳи беруназшаҳрии “Такоб” боздид карда, дар мавзеъҳои зебои ноҳияи Варзоб гашту гузор ва суҳбати озоди дӯстона намуда, аз табиати сабзу ҳавои тозаи Тоҷикистони офтобӣ ҳаловат бурданд”. Вале дар иттилоияи расмӣ дар бораи инки оё амири Қатар зимни ин боздид аз Варзоб бо Аҳмади Масъуд ва Амрулло Солеҳ ҳам дидоре дошт ё на?, чизе гуфта нашудааст.

Боздиди сарони давлатҳои Тоҷикистону Қатар аз қароргоҳи беруназшаҳрии Такоб дар ноҳияи Варзоб   08.06.2023

Амири Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ рӯзи 8 июн бо як сафари давлатӣ вориди Тоҷикистон шуд. Дар ҷараёни ин сафар байни ду кишвар 15 санад, аз ҷумла 5 созишнома, 9 ёддошти тафоҳум ва як барномаи ҳамкорӣ ба имзо расида, Эмомалӣ Раҳмон ва амири Қатар ҳамчунин нимаи дуюми рӯзи 8 июн дар маросими ифтитоҳи масҷиди марказии Душанбе иштирок карданд. Ин масҷид, ки бар пояи беш аз 100 миллион доллар сармоягузории Қатар сохта шуд, бузургтарин масҷид дар Осиёи Марказӣ дониста мешавад.

Қатар яке аз маблағгузорони асосии ҳаракати Толибон ба шумор рафта, дар тӯли солҳо пойтахташ, шаҳри Давҳа мизбони дафтари сиёсии Толибон ва макони музокироти Амрико бо ин ҳаракати тундрав буд. Баъди ба қудрат расидани Толибон дар матбуоти Ғарб гузоришҳое нашр шуд, ки мегуфт, Қатар барои осон кардани роҳи расидани ҷангҷӯёни ин ҳаракат ба қудрат ва гирифтани роҳи пеши муқовимати ҳукумати қаблӣ барои харидани намояндагони аршади он ҳукумат садҳо миллион доллар харҷ карда, аз ҷумла ба Ашраф Ғанӣ, раисиҷумҳури собиқ барои бидуни ҷанг таслим кардани Кобул беш аз 110 миллион доллар ва барои низ бидуни ҷанг ба Толибон супурдани шаҳри Мазори Шариф ва вилояти Балх ба волии собиқи Балх Атомуҳаммади Нур 60 миллион доллар ва  ба раҳбари ӯзбекҳои Афғонистон маршал Абдулрашиди Дӯстум 50 миллион доллар пул додааст. Дар натиҷа, Мазори Шариф рӯзи 14 августи соли 2021 ва Кобул рӯзи 15 август бидуни ягон муқовимат ба дасти Толибон гузаштанд.

Тоҷикистон баракс ба таври ошкор аз нирӯҳое, ки ба зидди режими нави Толибон меҷанганд, аз ҷумла аз Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ба раҳбарии Аҳмади Масъуд пуштибонӣ мекунад. Аксари раҳбарони зидди Толибон ва аъзои хонаводаҳояшон баъди ба қудрат расидани ин гуруҳи тундрав дар Тоҷикистон паноҳ бурдаанд.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  ташкили ҳукумати фарогир бо таъмини намояндагии шоистаи дигар гуруҳҳои қавмӣ, бахусус тоҷикони Афғонистонро як шарти асосӣ барои пазируфтани режими нави Толибон номида, аз кишварҳои пуштибони Толибон даъват мекунад, то ин гуруҳи тундравро ба ташкили чунин ҳукумат водор кунанд. Аз ҷумла вақте ки сарвазири вақти Покистон Имрон Хон аз Душанбе боздид мекард, Эмомалӣ Раҳмон аз ӯ ҳам хоста буд, то Толибонро барои музокирот бо Ҷабҳаи муқовимат водор кунад. Имрон Хон ваъда дод, вале баъди чанде даргири буҳрони шадиди сиёсӣ дар кишвараш шуду ҳукуматаш пош хӯрд.

Агар хабари мулоқоти амири Қатар бо Аҳмади Масъуд ва Амрулло Солеҳ дар Варзоб тасдиқ шавад, пас ин ба маъноест, ки Душанбе дар роҳи пешбурди сиёсати худ дар қиболи Афғонистон аз маблағгузор ва такягоҳи асосии Толибон – амири Қатар ҳам дар ин роҳ кумаку мусоидат хостааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button