ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

НАҶОТИ МОҲИГИРИ БЕИҚБОЛ АЗ “АСОРАТ” ДАР ЯК ҶАЗИРА ДАР БАЙНИ ДАРЁИ ДУШАНБЕ (АКС)

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон дар бораи як амалиёти наҷоти аҷиб хабар дод. Бино ба иттилои ин ниҳод, шоми 8 июни соли 2023, соати 20:18 ба вақти маҳаллӣ ба қисми навбатдории фаврии ин кумита занг зада, хабар додаанд, ки дар наздикии тӯйхонаи “Яккасарой” дар як ҷазирача дар байни дарёи Душанбе як мард дармондааст.

Гуруҳи наҷотбахшон аз воҳиди зудамали раёсати ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳри Душанбе филҳол ба ҷои ҳодиса рафта, муайян кардаанд, ки як сокини 63-солаи шаҳри Кӯлоб дар ҳолати мастӣ ба моҳигирӣ машғул шудааст, вале ногаҳон ба об афтодааст. Ҷараёни тунди об ӯро бурда, ба ҳамин ҷазирачаи воқеъ дар байни дарё ҳаво додааст ва моҳигири беиқбол дар ин ҷазирача дармонда, мустақилона худро аз дарё берун бароварда натавонистааст.

Ҳарорати об дар он соати шомгоҳӣ ҳангоми гузарондани амалиёти наҷот 17-18 дараҷа буд. Наҷотбахшон бо истифода аз арғамчини бехатарӣ худро ба ҷазирача то пеши он мард расонда, ба бадани ӯ жилети наҷот пӯшонданд ва сипас баданашро бо арғамчин баста, то расидан ба соҳили дарё ҳамроҳиаш карданд.

Ин мард баъди аз об баромаданаш аз кумаки тиббӣ даст кашидааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар пайи ин ҳодиса аз сокинон хостааст, ки дар лаби об тамоми қоидаҳои бехатариро риоя кунанд ва дар ҷойҳои мамнӯъ моҳигирӣ накунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button