МИРЗИЁЕВ ВА 3 РАҚИБИ Ӯ ДАР ИНТИХОБОТИ ПЕШ АЗ МУҲЛАТИ ПРЕЗИДЕНТИ ӮЗБЕКИСТОН. ОНҲО КИСТАНД?
Як моҳ пас, рӯзи 9 июли соли 2023 дар Ӯзбекистон интихоботи наву пеш аз муҳлати президентӣ доир мешавад. Ин маърака аз 10 май оғоз гирифт ва аз 7 май 4 номзаде, ки сабти ном шуданд ва ба интихобот роҳ ёфтанд, ба корзори таблиғотиашон сар карданд. Ба ҳайси номзад ба мақоми президенти Ӯзбекистон ин 4 номзад роҳ дода шудаанд:
- Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури кунунӣ, номзад аз ҳизби либерал –демократ ва ҳизби “Миллий тиқланиш”
- Абдушукур Ҳамзаев, олими кишоварз, раҳбар ва номзади ҳизби экологии Ӯзбекистон
- Улуғбек Иноятов, собиқ вазири маорифи Ӯзбекистон, роҳбар ва номзади ҳизби халқии демократӣ, ки дар замони президентии Ислом Каримов ҳизби ҳоким буд, вале ҳоло дар байни аҳзоби дигари расмии Ӯзбекистон дар ҳошия қарор дорад)
- Робахон Маҳмудова, муовини аввали раиси Додгоҳи олии Ӯзбекистон ва номзад аз ҳизби “Адолат”.
Интихоботи пеш аз муҳлат дар Ӯзбекистон дар пайи қабули таҳрири нави Қонуни асосӣ эълон шуд. Таҳрири нави Қонуни асосӣ як давраи президентиро аз 5 то 7 сол боло бурд. Ҳамчунин, дар пайи ба иҷро даромадани Қонуни асосии нав, ҳама давраҳои қаблии раёсати президенти кунунӣ Шавкат Мирзиёев, ки дар интихоботҳои солҳои 2016 ва 2020 ғолиб омада буд, бекор шуданд ва ӯ ҳаққи пешбарии номзадиаш барои боз ду давраи ҳафтсолаи президентиро ба даст овард. Мирзиёев ба ин тартиб метавонад то соли 2037, ки яъне то расидан ба синни 80 дар мақом бимонад. Агар то он вақт ягон иттифоқи дигар рух надиҳад ё ӯ бо дигарбора тағйир додани Қонуни асосӣ замони раёсаташро боз тамдид накунад.
Номзади асосӣ
Ягона номзади барои мардум ошно дар байни ҳамаи 4 номзади сабтиномшуда, албатта, Мирзиёев аст, ки инак 7 сол боз бар Ӯзбекистон раҳбарӣ мекунад. Мирзиёев 66 сол дорад. Ӯ соли 1957 дар ноҳияи Зомини вилояти Ҷиззах дар хонаводаи муҳоҷирон аз деҳаи Яхтани ноҳияи Ғончӣ (ҳоло Деваштич), воқеъ дар шимоли Тоҷикистон дида ба ҷаҳон кушодааст. Мирзиёев дар замони раёсати Ислом Каримов, ки диктатори аз ҳама бераҳми Осиёи Марказӣ ба шумор мерафт, солҳои зиёде сарвазир буд. Ӯ баъди Каримов ба мақоми президентӣ расид, вале ба фарқ аз Каримов роҳи ислоҳотро пеш гирифта, бисёре аз қонунҳои таъқибгаронаи даврони Каримовро бекор ё сабуктар карда, садҳо маҳбуси сиёсиву мазҳабиро аз зиндонҳо ҷавоб дод ва барои мардум имкон дод, ки дар як фазои озодтар, бидуни тарси таъқиб нафас бикашанд. Дар айни замон, Мирзиёев назоратро аз болои кори ниҳодҳои амниятиву қудратӣ ва муборизаро бо коррупсия дар байни мансабдорон шадидтар кард.
Мирзиёевро барои ислоҳоти анҷомдодааш “Горбачёви Осиёи Марказӣ” ном мебурданд, вале тасмими бо роҳи тағйири Қонуни асосӣ тамдид кардани замони раёсаташ ҳатто ба бисёре аз тарафдорони ӯ хуш наомад, ки мегӯянд, Мирзиёев бо ин амал ҳамсони дигар ҳокимони худкома дар паҳнои Шӯравии собиқ мешавад.
Аксари кулли нозирони умур муътақиданд, ки интихоботи пеш аз муҳлат низ бо пирӯзии мутлақи Мирзиёев бар чанд рақиби барои ҷомиа ноошнояш ба анҷом мерасад. Номзадҳои оппозитсионӣ ба интихоботи президенти Ӯзбекистон роҳ дода нашуданд ва ин се рақиби роҳёфта, ба ақидаи таҳлилгарон, танҳо нақши намоиширо иҷро мекунанд, то ки интихоботро дар чашми ҷаҳониён гӯё “демократӣ” ва гӯё “алтернативӣ ва пуррақобат” ҷилва бидиҳанд.
Аммо биёед, бубинем, ки ин се рақиби Мирзиёев кистанд?
Олими агроном аз Сурхондарё
Абдушукур Ҳамзаев, раҳбари ҳизби экологӣ, соли 1973 дар ноҳияи Узуни вилояти бо Тоҷикистон ҳаммарзи Сурхондарё дар ҷануби Ӯзбекистон ба дунё омада, Донишкадаи кишоварзии Самарканд ва баъдан Академияи идоракунии давлатӣ, вобаста ба президенти Ӯзбекистонро хатм кардааст. Ҳамзаев олими гроном, доктори илмҳои кишоварзӣ, профессор, муаллифи 270 асари илмӣ, 17 навъи зироат ва 16 патент барои навовариҳо мебошад.
Ҳамзаев чандин сол муовини раиси Кумитаи хоҷагии ҷангал ва мудири Пажуҳишгоҳи хоҷагии ҷангал буд. Моҳи июни соли 2022 ӯ ибтидо муовини раҳбари кумитаи иҷроияи ҳизби экологӣ ва моҳи декабри соли 2022 раиси ин ҳизб интихоб шуд.
Номзад аз ҳизби қаблан ҳокими халқии демократӣ
Улуғбек Иноятов, раҳбари ҳизби халқии демократӣ, соли 1962 дар шаҳри Тошканд ба дунё омада, авал Донишкадаи политехникии Тошкандро бо ихтисоси муҳандис ва сипас Донишгоҳи молияи Тошкандро хатм кардааст. Иноятов номзади илмҳои педагогӣ ва профессор аст.
Улуғбек Иноятов солҳои 2003-2006 мушовири давлатии президенти Ӯзбекистон дар масоили илму маориф ва фарҳанг, мушовири аршади Барномаи миллии тарбияи кадрҳо ва аз соли 2013 то 2018 вазири маорифи халқи Ӯзбекистон буд. Мирзиёев, вақте Иноятовро аз кор гирифт, ӯро ба он айбдор кард, ки “дар якуним сол ягон ташаббус нишон надод”. Мирзиёев ҳамчунин гуфт, Иноятовро барои “коррупсия дар мактабҳо ва ақидаҳои кӯҳна” аз кор гирифтааст.
Иноятов баъди рафтан аз вазириӣ як муддат ректори Донишгоҳи Намангон буд ва соли 2019 раиси Шӯрои марказии ҳизби халқии демократии Ӯзбекистон интихоб шуд.
Ягона зан дар байни номзадҳо
Робахон Маҳмудова, номзад аз ҳизби “Адолат” соли 1958 дар вилояти Фарғона ба дунё омада, аз рӯи ихтисос ҳуқуқшинос аст. То соли 2008 додраси Додгоҳи олии Ӯзбекистон ва баъдан раҳбари қабулгоҳи мардумии президент дар вилояти Фарғона ва раиси додгоҳи ин вилоят буд. Бо ордени ”Фидокорона хизматлари учун” (“Барои хидмати фидокорона”) сарфароз гардонида шудааст.
Моҳи январи соли 2020 Маҳмудова узви Сенат ва раиси кумитаи илму маориф ва тандурустии парлумон интихоб шуд, вале моҳи июли ҳамон сол ба далели барои 10 сол муовини аввали раиси Додгоҳи олӣ интихоб шуданаш тарки парлумон кард. 12 майи соли 2023, дар пайи пешбарии номзадии Робахон Маҳмудова ба президентӣ,
хадамоти матбуоти Додгоҳи олии Ӯзбекистон хабар дод, ки салоҳиятҳои ӯ ба ҳайси муовини аввали раиси Додгоҳӣ олӣ боздошта шуд, чунки додрасҳо тибқи қонун ҳаққи машғул шудан ба фаъолиятҳои сиёсиро надоранд.
Барои маълумот
Ӯзбекистон кишвари аз ҳама пураҳолӣ ва дар баробари Қазоқистон соҳиби яке аз иқтисодҳои аз ҳама қавӣ дар Осиёи Марказӣ дониста мешавад. Аҳолии Ӯзбекистон беш аз 36 миллион буда, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилиаш (ВВП) беш аз 80 миллиард долларро ташкил медиҳад. Барои муқоиса, шумораи аҳолии Ӯзбекистон аз 10 миллион аҳолии Тоҷикистони ҳамсояаш 3,5 маротиба бештар буда, вале маҷмӯи маҳсулоти дохилиаш нисбат ба Тоҷикистон қариб 8 маротиба (!!!) бештар аст. Соли 2022, бино ба омори расмии ҳукумат, маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон ҳамагӣ 115,7 миллиард сомониро ташкил дод, ки ин бо қурби расмии Бонки миллӣ, баробари каме бештар аз 10 миллиард доллар аст.