ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ХУЛИГАНКА АЗ КӮЧАИ Н.МАХСУМ: ЯК ҶАВОНЗАН ДАР ДУШАНБЕ ДУБОРА БА АВБОШӢ АЙБДОР ШУД

Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе рӯзи 9 июни соли 2023 аз боздошти як зани 33-солаи сокини кӯчаи Нусратулло Махсум бар асоси шикояти ҳамсояҳо хабар дод.

 Санаи 7-уми июни соли ҷорӣ дар як қатор шабакаҳои ичтимоӣ наворе нашр гардид, ки сокинони кӯчаи Нусратулло Махсуми ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз бадрафтории шарванд Қурбонзода Фарангиси Шакарҷон, санаи таваллудаш 27.07.1990 шикоят намуда, аз мақомоти милитсия хоста буданд, ки нисбати номбурда чораҳои дахлдори қонунӣ андешида шавад.
  Вобаста ба ин Раёсати корҳои дохилии Душанбе расман ба иттилои шаҳрвандон мерасонад, ки қаблан нисбати Қурбонзода Фарангис аз ҷониби кормандони милитсия барои содир намудани ҷинояти авбошӣ, тибқи талаботи моддаи 237, қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъд аз анҷоми тафтишот, санаи 17-уми феврали соли 2023, парвандаи ҷиноятии мазкур дар маҷлиси кушоди сайёри додгоҳӣ дар кӯчаи Нусратулло Махсум ва дар бинои додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе мавриди муҳокима қарор дода шуда, бо ҳукми додгоҳ Фарангис Қурбонзода ба андозаи 1000 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (68 ҳазор сомонӣ, ё тақрибан 6 ҳазор доллар) ҷарима баста шуд.

Дар бораи инки ин ҷавонзан мушаххасан ба чӣ амали авбошӣ даст зада буд?, милитсияи пойтахт тафсилот надодааст, вале мегӯяд, “чуноне мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, номбурда ба амалу кирдорҳои ҷиноятии худ хотима набахшида, пайваста оромии шаҳрвандону сокинони кӯчаи Н.Махсумро халалдор месохтааст”.  Вобаста ба шикояти ҳамсояҳо, дар ҳоли ҳозир нисбати Қурбонзода Фарангис барои пайи ҳам вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ маводи зарурӣ тартиб дода шуда, мавриди тафтишоти пешакӣ қарор дорад.

Худи Фарангис Қурбонзода ва наздиконаш барои шарҳи ин моҷаро дастрас нестанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button