ВидеоҶомеа

ДАРГУЗАШТИ ПОЛКОВНИК НАҚИБ НОЗИРОВ, ДЕКАНИ СОБИҚИ ФАКУЛТАҲОИ №1 ВА №6 АКАДЕМИЯИ ВКД

 Шаби 8-уми июни соли 2023 дар Маркази миллии тиббии Тоҷикистон – «Шифобахш» (Қарияи Боло) бар асари беморӣ Нақиб Нозиров, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, полковники мустаъфӣ даргузашт. Полковник Нозиров солҳои зиёде дар Академияи ВКД Тоҷикистон ба милисаҳои оянда дарс дода, аз ҷумла чандин сол сардлри факултаҳои №1 ва №6 буд. Агар умр вафояш мекард, ӯ моҳи сентябри соли ҷорӣ ба синни 52 мерасид.

Дар бораи даргузашти ин афсари ВКД сомонаи Рressa.tj хабар дод. Бино ба иттилои нашрия, маросими намози ҷаноза ва дафни полковники мустаъфӣ Нақиб Нозиров рӯзи 9 июн дар зодгоҳаш, деҳаи Зери Ҳисори ҷамоати деҳоти Рӯдакӣ дар канор шаҳри Панҷакент доир шуд.

Нақиб Нозиров10 сентябри соли 1971 дар деҳаи Зери Ҳисори шаҳри  Панҷакент ба дунё омада, солҳои 1993-1997 дар Академияи ВКД Русия таҳсил кардааст. Баъди бозгаштаз Русия, ӯ солҳои 1997-1999  дар вазифаи  нозири шуъбаи таъмини ҳуқуқ ва алоқаҳои берунаи Ситод, муфаттиши Раёсати тафтишотии ВКД Тоҷикистон карда, аз соли 1999 то замони ба нафақа рафтанаш дар соли 2022 дар Академияи ВКД Тоҷикистон дарс медод.

Аз ҷумла Нақиб Нозиров солҳои  1999-2003  омӯзгори кафедраи мурофиаи ҷиноятӣ ва криминалистикаи факултети №2 Академияи ВКД буда, солҳои 2003-2006 барои таҳсил ба ҳайси адъюнкти кафедраи  “Идоракунии мақомоти тафтишоти ҷиноятӣ”-и  Академияи идоракунии ВКД Русия боз ба Маскав рафт. Ӯ соли 2006 дар шаҳри Москва дар мавзӯи “Ҳифзи ҳуқуқи озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар марҳалаи тафтишоти тододгоҳӣ дар чорчӯби парвандаи ҷиноятӣ” (“Охрана прав и свобод человека и гражданина в досудебном производстве по уголовному делу”), аз рӯи тахассуси 12.00.09 – мурофиаи ҷиноятӣ, рисолаи номзадиашро дифоъ кардааст.

 Баъди бозгашт аз Маскав, Нақиб Нозиров

– солҳои 2006-2008 дар вазифаи сардори кафедраи “Назарияи идоракунии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ”-и факултети №1 Академияи ВКД ҶТ;

-солҳои 2008-2011 сардори кафедраи “Мурофиаи ҷиноятӣ”-и факултети №2-и Академияи ВКД;

-солҳои 2011-2014 сардори кафедраи “Назарияи идоракунии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ”-и факултети № 1 Академияи ВКД;

-солҳои 2014-2015 сардори кафедраи “Мурофиаи ҷиноятӣ”-и факултети №2-и Академияи ВКД;

-солҳои 2015-2020  сардори факултети №1-и Академияи ВКД.

– солҳои 2020-2022 сардори факултети №6-и Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ифои вазифа карда,  моҳи октябри соли 2022 ба нафақа баромад.

Нақиб Нозиров муаллифи зиёда аз 50 асари илмӣ-таҳқиқотӣ ва таълимӣ, аз ҷумла ду монография, як курси лексия, чанд дастури таълимӣ-методӣ ва барномаи таълимӣ буда, дар масоили марбут ба   мурофиаи ҷиноятӣ, проблемаҳои ҳифз, риояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар мурофиаи  судии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳудуди 45 мақола таълиф намудааст.

Барои хизматҳояш бо медалу нишон ва унвонҳои “Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон” (2010),  “Аълочии милитсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ” (2011) сарфароз гаштааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button