АфғонистонВидео

ТАРКИШИ ХУНИН ДАР МАСҶИДИ ФАЙЗОБОД ЧАНД РАҲБАРИ ТОЛИБОНРО КУШТА БАР ҶОЙ ГУЗОШТ

Бино ба маълумоти рӯзномаи “8-и субҳ”, рӯзи 8 июни соли 2023 дар пайи як инфиҷор дар маркази вилояти Бадахшони Афғонистон чанд тан аз аъзои баландпояи  ҳукумати “Толибон” кушта шудаанд. Гуфта мешавад,  инфиҷор соати 10:50 дар дохили масҷиди “Набавӣ” дар шаҳри Файзобод рух додааст.

“Афғонистон Интернешнал” хабар дод, ки “инфиҷор дар маросими фотиҳаи мавлавӣ Носираҳмад Аҳмадӣ, муовини волии “Толибон”, ки рӯзи сешанбе дар паи ҳамлаи “ДОИШ” кушта шуда буд, ба вуқуъ пайвастааст”.

Раиси иттилоот ва фарҳанги “Толибон”, Муҳиддин Аҳмадӣ дар сӯҳбат ба “Афғонистон интернешнал” таъйид кардааст, ки Сафиюллоҳ Самим, фармондеҳи пешини Толибон дар вилояти Бағлон бар асари инфиҷор дар Файзобод кушта шуд. 

Манобеи ‘8-и субҳ” аз бемористони вилоятии Бадахшон тасдиқ кардаанд, ки то замони нашри гузориш 15 ҷасади дигарро, бе иловаи ҷасади Самим, аз макони инфиҷор ба беморхона интиқол додаанд. Ҳамчунин ҳамсӯҳбати рӯзнома таъкид намудааст, ки “аз сабабе, ки раванди интиқоли маҷрӯҳон то ба ҳол идома дорад, мумкин аст, омори кушташудагон афзоиш ёбад”.

Хабарҳое ҳам расид, ки гӯё Қорӣ Динмуҳаммад Ҳаниф, вазири иқтисоди Толибон низ дар таркиши Файзобод кушта шуда бошад, вале ин хабар ҳанӯз тасдиқ нашудааст.  Вале гуфта мешавад, ки Қорӣ Эҳсонуллоҳ, имоми масҷиди “Набавӣ” низ кушта шудааст.

Илова бар ин, сокинони маҳаллӣ гуфтаанд, ки пас аз инфиҷор даргириҳо миёни “Толибон” ва шахсони номаълум сурат гирифт, ки то ба ҳол идома дорад. Аз ин лиҳоз шумори дақиқи маҷрӯҳон муайян нест ва ҳанӯз мошинҳои ёрии таъҷилӣ маҷрӯҳонро ба бемористонҳо интиқол дода истодаанд.

То ба ҳол ягон нафар ва ё ягон гурӯҳ масъулияти ҳамларо ба ӯҳда нагирифтааст. Мақомоти “Толибон” дар Бадахшон вуқӯи таркиш дар ин вилоятро таъйид намудаанд, вале дар мавриди талафоти он чизе нагуфтаанд.

Дар ҳамин ҳол “Толибон” ҳама намуд хадамоти алоқаро дар ин вилоят хомӯш намудаанд.

Ёдовар мешавем, рӯзи сешанбе, 6 июн Носираҳмад Аҳмадӣ, муовини волии Бадахшон ва ронандааш дар як ҳамлаи интиҳорӣ кушта шуданд. Масъулияти қатли ӯро шохаи афғонистонии ДОИШ, маъруф бо номи “ДОИШ Хуросон”, ки ба зидди режими Толибон меҷангад, ба дӯш гирифт.

Сафиюллоҳ Самим пас аз ба сари ҳукумат омадани гурӯҳи “Толибон” ба унвони фармондеҳи пулиси Бағлон таъйин шуда буд, вале чанде пеш роҳбари”Толибон” ба далели то ҳол расман эълонношуда ӯро аз вазифа гирифта, ба нафақа гусел кард. 

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button