Дин ва боварҳоМинтақа ва ҷаҳон

ЭЪТИРОЗИ МУСАЛМОНОНИ ЭФИОПИЯ (ҲАБАШИСТОН) БА ЗИДДИ ТАХРИБИ ДАҲҲО МАСҶИД (ВИДЕО)

Мусалмонони кишвари африқоии Эфиопия, ки дар маъхазҳои таърихию адабӣ бо номи Ҳабашистон низ маъруф аст,  барои ҳимоят аз арзишҳои динии худ дар муқобили сиёсати исломситезонаи ҳукумати ин кишвар даст ба эътироз задаанд. Пас аз тахриби даҳҳо масҷид ва маконҳои динӣ дар саросари Эфиопия сокинони мусалмони ин кишвари африқоӣ аз хатари пурра аз байн рафтани амокини муқаддаси диниашон дар ташвишанд.

Рӯзи 26-уми майи соли 2023 намозгузорони ҳабашӣ пас аз адои намози ҷумъа дар масҷиди ҷомеи “Анвор”, ки дар пойтахти Эфиопия шаҳри Адис Абеба ҷойгир шудааст, ба нишони эътироз ба сиёсатҳои пешгирифтаи ҳукумат дар мавриди тахриби масҷиду мадориси динӣ ва дигар маконҳои марбут ба дини Ислом  даст ба тазоҳуроти осоишта заданд.

Аммо ин тазоҳурот ба бархӯрди шадиди мақомоти қудратӣ рӯ ба рӯ шуд. Бино ба гузориши хабаргузории Франс Пресс, мақомоти Эфиопия барои пароканда намудани намозгузорон, низомиёни  Горди миллӣ ва нерӯҳои таъйиноти махсусрро сафарбар намуданд, ки онҳо ба таври бераҳмона тазоҳургаронро бо истифода аз гази ашковар, мошинҳои махсус ва тирҳои резинӣ саркӯб кардаанд. Дар натиҷа, 3 намозгузор кушта ва даҳҳо тани дигар захмӣ шуда, пулис 114 намозгузори дигарро боздошт кардааст.

Чунин бархӯрди шадид бо мусулмонон дар кишваре сурат мегирад, ки дар солҳои аввали зуҳури Ислом нахустин шуда, ба мусулмононе, ки дар шаҳри Макка таҳти таъқиб қарор доштанд, паноҳгоҳ дода буд. Дар давроне, ки Паёмбари Ислом Муҳаммад (с) тоза ба таблиғи дини Ислом пардохта буд ва дар Макка ӯву пайравонашро рӯи хуш намедоданд, бо даъвати подшоҳи масеҳии Ҳабашистон садҳо сокини мусулмоншудаи Макка, аз ҷумла аз хонаводаи худи Паёмбар, ба ин сарзамин дар қораи Африқо паноҳ бурданд ва нахустин ҷомиаи мусалмонон дар ҳиҷратро ба вуҷуд оварданд. Бовар меравад, мусулмонони Эфиопияи имрӯза аз авлоди ҳамон мусалмонони ба онҷо муҳоҷиршуда ва онҳое бошанд, ки бо даъвати ин муҳоҷирон Исломро пазируфтанд. Нахустин масҷидҳои мусалмонон низ 14 аср пеш дар Эфиопия сохта шудаанд.

Аммо ҳоло мақомоти расмии Эфиопия бо пешбурди сиёсати исломситезонаи худ иддао доранд, ки “ин маконҳои динӣ ғайриқонунӣ бино шудаанд ва ба ҳамин сабаб аз байн бурда мешаванд”.  

Бино ба иттилои нашрияи Еthiopiancitizen.com, дар назар аст, танҳо дар шаҳри Шағғор, ки дар канори пойтахти ин кишвар дар минтақаи Оромия ҷойгир шудааст,  зиёда аз 30 масҷид вайрон карда шавад. То санаи 23-юми май мақомоти маҳаллӣ дар Шағғор алакай 19 масҷидро вайрон кардаанд.

Бо вуҷуди эътирозҳои мусалмонон ва номаи Шӯрои олии исломии Эфиопия ва дигар муассисаҳои динии мусалмонон ба ҳукумати Эфиопия, тавре ба назар мерасад, ҳукумати ин кишвари африқоӣ мавқеи худро тағйир доданӣ нест.

Баъзе расонаҳо, аз ҷумла Аpanews.net, хабар медиҳанд, ки дар минтақаҳои гирду атрофи пойтахти Эфиопия ҳукумат манзили зисти аққалиятҳои қавмиро низ бо баҳонаи ғайриқонунӣ сохта шуданашон вайрон кардааст. Аксари онҳое, ки аз хонаву дар маҳрум шудаанд, аз қавмҳои ғайри амҳара будаанд. Амҳараҳо худро сокинони таҳҷоии Эфиопия ва дигар қавмҳоро қавмҳои омада мешуморанд.  Нозирони умур тахриби амокини муқаддаси мусалмононро низ як қисми маъракаи қавмпарастии ҳукумати кунунии Эфиопия мдонанд, ки дар дасти намояндагони қавми амҳара қарор дорад. Вале ҳукуматдорон инро рад намуда, ҳамчунон исрор меварзанд, ки тахриби биноҳо ба далели “ғайриқонунӣ” сохта шудани онҳо сурат мегирад.

Эфиопия кишварест дар шарқи қораи Африқо, ки бо Эритрея, Ҷибутӣ, Сомалӣ, Кения, Судон ва Судони ҷанубӣ ҳамсарҳад аст. Ин кишвар бо беш аз 120 миллион аҳолӣ дувумин кишвари сераҳолии қораи Африқо ба ҳисоб меравад. Беш аз 60 фоизи аҳолии Эфиопияро пайравони дини масеҳӣ ва наздики 33%, ё сеякашро мусалмонони суннӣ ташкил медиҳанд. Танҳо дар пойтахти ин кишвар, шаҳри Адис Абеба беш аз 1 миллион мусулмон зиндагӣ мекунанд. Дар минтақаи Оромия, ки тахриби амокини динӣ бештар дар ҳамин сарзамин идома дорад, зиёда аз 27 миллион аҳолӣ ба сар мебаранд, ки 47,6%, ё қариб нисфашро мусалмонон ташкил медиҳанд.

масҷиди Нур Адис Абеба
Масҷиди Анвор дар Адис Абеба
эътирози мусулмонон дар Эфиопия

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button