ВидеоДин ва боварҳо

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО АМИРИ ҚАТАР ДАР МАСҶИДИ НАВ НАМОЗ МЕГУЗОРАНД

Рӯзи 8 июни соли 2023 амири Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ дар пайи боздидаш аз Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистон вориди Душанбе, пойтахти Тоҷикистон шуд. Қарор аст,  ӯ бо президенти Тоҷикистон масҷиди нави марказии шаҳри Душанберо, ки сохтмонаш аз соли 2009 ба ин сӯ идома дошт, боз кунанд. Ин маросим бояд нимаи дуюми рӯзи 8 июн сурат бигирад.

Аз Кумитаи дини Тоҷикистон ба  “Азия Плюс” гуфтаанд, ки  “пас аз кушодашавӣ ба эҳтимоли зиёд Эмомалӣ Раҳмон ва Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ дар масҷиди нав намоз мегузоранд”.

Ба истиснои сафарҳояш ба Ҳаҷ дигар мавридҳои намозгузории Эмомалӣ Раҳмон то ҳол ягон бор расонаӣ нашудааст.

Сафари амири Қатар дар Тоҷикистон ду рӯз идома мекунад.

Дар робита ба ин сафар, рӯзҳои 8-9-июн ҳаракати нақлиёт дар роҳҳои Душанбе маҳдуд карда мешавад.

Сироҷиддин Шакурӣ, сухангӯи Раёсати ВКД дар Душанбе ба “Азия-Плюс” гуфт, дар робита ба ташрифи амири давлати Қатар рӯзҳои 8-9-уми июн ҳаракати ҳамагуна воситаҳои нақлиёт дар соатҳои муайяншуда, тавассути кӯчаҳои Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ, хиёбонҳои А. Рӯдакӣ, И.Сомонӣ, Н.Ганҷавӣ, Х.Шерозӣ ва кӯчаи Карамов муваққатан манъ карда мешавад.

“Аз ронандагони воситаҳои нақлиёт эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки дар ин рӯзҳо воситаҳои наклиёти хешро дар зери биноҳои баландошёна, зери аломатҳои роҳи манъкунанда ва қисман мошингарди роҳ нагузоранд ва аз кӯчаҳои ҳамшафати роҳи Дӯстии халқҳо, Саъдии Шерозӣ, Назаршоев, Нисорӣ Муҳаммад, кӯчаи Сино, Ҷ.Расулов, Алишер Навоӣ ва Н.Қарабоев ҳаракат намоянд”, – гуфт Шакурӣ.

Амири Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ дар доираи сафари худ ба кишварҳои Осиёи Миёна, қабл аз ташрифаш ба Тоҷикистон, ба кишварҳои Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистон сафар дошт.

Масҷиди бузургтарини Тоҷикистон дар майдони 12 гектар замин бар пояи беш аз 100 миллион доллар, ки қисми асосиаш маблағгузории давлати Қатар аст, бунёд шуда, аз чаҳор манораи баландиашон 65-метрӣ, як гунбази баландиаш 47 метр, толорҳои хурду бузурги намозгузорӣ, китобхона ва чандин маҷлисгоҳ иборат мебошад.

Сохтмони масҷидро соли 2009, дар рӯзҳои таҷлил аз 1310-солагии Имоми Аъзам, пешвои мазҳаби ҳанафӣ, оғоз карда, чанд сол пеш ба анҷом расонда буданд, вале маросими ифтитоҳи ин масҷид инак чанд сол боз ба таъхир меафтад. Дар Душанбе инро аввал ба пандемияи коронавирус ва баъдҳо ба масруф будани амири Қатар, ки мебоист дар ин маросим иштирок кунад, рабт медоданд.

Масҷиди бузург дар Душанбе дар ҳоле боз мешавад, ки мақомоти Тоҷикистон ба далели саркӯби озодиҳои мазҳабӣ дар гузоришҳои байналмилалӣ таҳти танқиди сахт қарор гирифтаанд. Ҳатто гузоришгарони Созмони Милал низ чандин бор аз ҳукумати Тоҷикистон тақозо кардаанд, ки ба ҳуқуқи динии мардум эҳтиром гузошта, озодиҳои мазҳабиро поймол накунад. Дар Душанбе инро рад мекунанд ва мегӯянд, озодиҳои динӣ дар Тоҷикистон таъмин буда, мардум озодона намозҳои худро адо мекунанд. Вуҷуди то 4 ҳазор масҷид дар ҷумҳуриро мақомот як далели вуҷуди озодиҳои динӣ дар Тоҷикистон ном мебаранд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button