ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҲАЛОКАТИ КӮДАКИ ХУРДСОЛ ДАР ЗЕРИ ЧАРХИ “ОПЕЛ” ДАР АФҒОНОБОДИ ҲИСОР

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон дар бораи ҳалокати боз як кӯдак дар зери чархи мошини роҳгузар хабар дод. Бино ба иттилои ВКД, шоми 7-уми июни соли 2023, тахминан соатҳои 20:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Маҳмадшоҳ Давлатович, соли таваллудаш 1972, сокини шаҳри Ҳисор, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Турсунзода ба самти шаҳри Ҳисор дар ҳудуди деҳаи Афғонободи шаҳри Ҳисор аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, пиёдагарди хурдсол Абдусаломзода Зубайдуло Неъматулло, соли таваллудаш 2015, сокини шаҳри мазкурро пахш намудааст.

Дар натиҷа, хурдсол Абдусаломзода З.Н., ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Як рӯз қабл маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дода буж, ки рӯзҳои 5 ва 6 июни соли 2023 дар се садама дар ҷамоати Золи Зари ноҳияи Балхӣ,  ҷамоати Карим Исмоилови шаҳри Ваҳдат ва дар ҳудуди деҳаи Ҷаҳонзеб дар канори шаҳри Конибодом се нафар, аз ҷумла як кӯдаки ҳафтсола ба ҳалокат расида, дастикам ду нафари дигар, аз ҷумла як кӯдаки дусола ҷароҳат бардоштаанд.

Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози садамаҳо пурхатар ба шумор мераванд. Танҳо дар моҳи майи соли ҷорӣ, бино ба ҳисобҳо, бар асари садамаҳо дар рорҳои ҷумҳурӣ то 40 нафар ба ҳалокат расидаанд. Бино ба омори ВКД, соли 2022 бар асари 1096 садама дар роҳҳои ҷумҳурӣ 416 нафар ба ҳалокат расида, 1197 тани дигар маҷруҳ шуданд. Соли 2021 бошад дар роҳҳои Тоҷикистон дар натиҷаи 1102 садама 395 нафар ҷон бохта, 1217 тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Мутаассифона, садҳо нафар аз ин қурбониёни садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон кӯдакону наврасонанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button