ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

БОЗДОШТИ ЯК МАРДУ ЯК ЗАН БАРОИ ҶАНҶОЛ ДАР ДӮКОНИ БЕНЗИНФУРӮШӢ (5 АКС)

Раёсати корҳои  дохилии шаҳри Душанбе шоми 7 июни соли 2023 хабар дод, ки дар асоси навори дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашргардида, аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт, шаҳрванд Собиров Баҳриддин Саидакбарович, санаи таваллудаш 14.11.1996, истиқоматкунандаи ноҳияи Ховалинг, корманди нуқтаи фурӯши сӯзишвории “Восток”, воқеъ дар кӯчаи Борбади ноҳияи Фирдавсӣ ва хазиначии нуқтаи фурӯши сӯзишвории мазкур, Холиқова Идигул Раҳмонназаровна, санаи таваллудаш 12.07.1996, сокини шаҳри Душанбе дастгир карда шуданд.

Худи дастгиршудагон барои шарҳи моҷаро дастрас нестанд, вале милитсия гуфт, зимни санҷиш муайян гардид, ки санаи 5-уми июни соли ҷорӣ, тақрибан соати 20:21, бо сабабҳои ночизе Собиров Баҳриддин ва Холиқова Идигул бо ҳам муноқиша намуда, бо алфози қабеҳ шаъну шарафи ҳамдигарро паст задаанд. Ҳамзамон навори ҳодисаи мазкур дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ нашр гардида, вокунишҳои манфии шаҳрвандонро ба миён овардааст.

Вобаста ба ҳолати мазкур аз ҷониби кормандони милитсия нисбати Собиров Баҳриддин ва Холиқова Идигул тибқи талаботи моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иттиҳоми майдаавбошӣ протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, бо мақсади чораандешӣ ба додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ ирсол карда шуд. Додгоҳ дар навбати худ нисбати ҳар кадоме аз номбурдагон ҷазо дар намуди ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи 10-нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне 680 сомонӣ, ё тақрибан 60 доллар, таъйин намуд.

Дар бораи сабаби муноқишаи ду ҳамкор чизе гуфта нашудааст. Тафсилоти дигари ҳодиса дар даст нест.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button