ВидеоТиб ва беҳдошт/Муҳити зистХабарҳои кӯтоҳ

АЗ 8 ТО 10 ИЮН ҲАВО ДАР ТОҶИКИСТОН ТО 43 ДАРАҶА ГАРМ МЕШАВАД ВА ХОКБОРИШ МЕОЯД

Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон рӯзи 8 июни соли 2023 бо нашри як огоҳӣ дар сомонаи расмиаш хабар дод, ки  рӯзҳои 8 ва 10 июни соли ҷорӣ воридшавии ҳавои гарм аз қисмати ҷанубу ғарб ба қаламрави ҷумҳурӣ боқӣ мемонад.

Дар ин рӯзҳо ҳарорати ҳаво рӯзона дар бештари ноҳияҳо баланд мешавад: дар вилояти Хатлон то 38+43° гармӣ ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Суғд то 35+40° гармӣ пешгӯӣ мегардад Бо сабаби шиддат гирифтани шамол аз самти ҷанубу ғарб бо суръати то 15-20 м/с аз 9 то 12 июн дар аксар ноҳияҳои вилояти Хатлон ва  ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ чангу ғубор пешгӯӣ карда мешавад. Инчунин, бино ба пешбинии ҳавошиносон, санаи 10–12 июн ба минтақаҳои водигии вилояти Суғд дохил шудани чангу ғубор, яъне хокбориш аз эҳтимол дур нест.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда низ ҳушдор додааст, ки болоравии дамои ҳаво сабабгори об шудани пиряхҳо мешавад ва ин метавонад сатҳи обро дар рӯдхонаҳо боло барад.  Ба ин далел, дар рӯзҳои оянда эҳтимоли омадани селҳо дар маҳалу минтақаҳои мухталифи навоҳии тобеъи марказ, вилоятҳои Хатлон ва Суғд зиёд аст.

Бо ин ҳол, рӯзи 8 июн дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 20+22º гарм, рӯзона 38+40º гарм мешавад.

Дар ноҳияи Рашт ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 14+16º гарм, рӯзона 31+33º гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9м/с, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддатнокии то 10-15м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 18+23º гарм, рӯзона 35+40º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 11+16º гарм, рӯзона 28+33º гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд рӯзи 8 июн ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, ҳаво дар водиҳо шабона 20+25 дараҷа, рӯзона 36+41 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6+11 дараҷа ва рӯзона 21+26 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар вилояти Хатлон зи 8 июн ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 20+25 ва рӯзона 38+43 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 16+21 ва рӯзона 31+36 дараҷа гарм мешавад.

Тавсияҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин рӯзҳо:

  • аз нурҳои мустақими офтоб дурӣ ҷӯед ва талош кунед ҳамеша дар соя бошед, то имкон доред дар айёми гарми рӯз, аз соати 11 то 16 бе зарурат ба кӯча набароед. Бахусус, тавсия намешавад, ки шумо дар ин соатҳо бо кӯдакон гардиш кунед. Аз корҳои ҷисмонии вазнин низ парҳез кунед;
  • дар тан либосҳо аз матоъҳои табиӣ дошта бошед, то имкон доред, худро эҳтиёт кунед, дар сар кулоҳи калони соядор, айнакҳои ҳимоя аз нури офтоб ва чатр гиред;
  • бештар об нӯшед, мева истеъмол намоед ва меваҳо дорандагони аслии ҳар гуна витаминҳои ва намакҳои минералӣ мебошанд. Хуб мешавад, ки оби ҷӯшонида ва муносиб ба ҳарорати хона истеъмол кунед ва ё обҳои бегази минералӣ нушед. Бубинед, ки об зиёд сард набошад, зеро ин муҷиби сироят ба бемориҳои гулӯ шуда метавонад ва бар асари он сироятпазирии бадан паст мешавад. Аз нӯшидани обҳои ширин ва газдор, ҳамчунин шароб парҳез намоед;
  • бачаҳоро дар воситаҳои нақлиёт нигоҳ надоред. Пеш аз он ки ба мошине нишинед, ки дар офтоб истодааст, дару даричаҳои онро аввал боз кунед ва аз рӯи имкон ҳавополои онро фаъол намоед;
  • шахси гармозадаро зуд дар соя хобонед, дар ҷое, ки шамолрас бошад; ӯро маҷбур созед, ки қатра-қатра об нӯшад, баданашро бо матоъи намдор тоза кунед. Баъзан лозим меояд нафаси сунъӣ диҳанд ва ё маҳси дил;

ва бахусус ҳангоми истироҳат ва оббозӣ хеле бояд эҳтиёт кард, қоидаҳои ҳузур дар махзанҳои об: соҳили рӯдхонаҳо, каналҳо, обанборҳоро риоя намоед.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button