ВидеоКоррупсия

ДОДСИТОНИ БАРКАНОРШУДАИ ЁВОН ПИСАРИ ГЕНЕРАЛ “ЗОРРО” БУДААСТ

Маҳмуд Шарифзода, ки ҳафтаи гузашта барои “чашмпӯшӣ” ба мавридҳои “ғасбу фурӯши замин” аз мақом барканор шуд, писари генерал Иззатулло Шарипов, мулаққаб ба “Зорро”, будааст. Падари ӯ, ки зодаи ноҳияи Данғара ва солҳои тӯлонӣ сардори милитсияи шаҳри Душанбе ва идораи зиндонҳои вазорати адлияи Тоҷикистон буд, аз аъзои пурнуфузи ҳукумат ба шумор мерафт, вале дар поёни соли 2018, дар пайи ошӯби хунин дар зиндони Хуҷанд аз мақомаш барканор шуда буд.

Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 6 июни соли 2023, дар пайи расонаӣ шудани хабари барканории Маҳмуд Шарифзода, аз сомонаи расмиаш тамоми маълумотро дар бораи ӯ пок кард. То як рӯзи пеш номи ӯ дар сомонаи додситонӣ ҳамчун прокурори Ёвон зикр мешуд.

Манобеи Радиои Озодӣ дар мақомоти тафтишотии вилояти Хатлон рӯзи 7 июн гуфтаанд, “Додситонии кулли Тоҷикистон ғасби заминҳои кишоварзиро дар ноҳияи Ёвон ҷиддӣ гирифтааст” ва ҳоло як ҳайат аз додситонии вилояти Хатлон “мавридҳои ғасби замин”-ро дар ноҳияи Ёвон таҳқиқ мекунад. Ба иттилои онҳо, дар ноҳияи Ёвон даҳҳо мавриди “истифодаи ғайриқонунии замин”, ки “додситонии Ёвон ҳамчун ниҳоди нозири риояи қонунҳо ба онҳо чашм пӯшидааст”, ошкор шудааст.

“Соли гузашта дар ноҳияи Ёвон ҳамагӣ 14 парванда барои ғасби замин боз шудааст, вале тафтиш нишон дод, ки аз наздик ба сад ҳолат чашмпӯшӣ шуда ва прокуратура ҳеч чора надидааст,” – гуфтааст яке аз манбаъҳои Озодӣ.

Худи Маҳмуд Шарифзода ва наздиконаш барои шарҳи ин қазия ҳанӯз дастрас нестанд. Маҳмуд Шарифзода аз моҳи майи соли 2020 прокурори Ёвон буд ва баъди ҳамагӣ се соли кораш барканор шуд. Ин дар ҳолест, ки прокурорҳоро маъмулан барои 5 сол таъйин мекунанд.

Бино ба иттилое, ки қаблан дар сомонаи расмии Додситонии кулли Тоҷикистон нашр шуда буд, Шарифзода Маҳмуд Изатулло рутбаи мушовири адлияи дараҷаи 2 дошта, риштаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро хатм кардааст.  Ӯ собиқаи кориашро соли 2005 ба ҳайси коромӯз дар вазифаи ёрдамчии  прокурори ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе оғоз карда, аз соли 2007 то 2011 муфаттиши додситонии ноҳияи И.Сомонӣ, соли 2011 муфаттиши Раёсати тафтиши парвандаҳои ҷиноятҳои махсусан муҳими Додситонии кул будааст. Маҳмуд Шарифзода сипас соли 2012 – муовини прокурори шаҳри Конибодом, аз соли 2013 – муовини прокурори шаҳри Ваҳдат, аз соли 2014 то 2020 муовини якуми прокурори шаҳри Ваҳдат буда, моҳи майи соли 2020 прокурори ноҳияи Ёвон таъйин шуд.

Фурӯши заминро дар Тоҷикистон мушкили №1 ва яке аз манбаъҳои асосии амалҳои коррупсионии мансабдорони хурду бузург мешуморанд. Тақрибан ҳар ҳафта дар бораи боздошти ин ё он мансабдор ваё миёнаравҳои онҳо бо иттиҳоми гирифтани пора дар ивази ваъдаи ҷудо карда додани замин хабарҳо ба даст мерасанд.

Бо чунин иттиҳом ду сол пеш ҳатто шаҳрдори Кӯлоб Баҳром Иноятзодаро ба 12 соли зиндон маҳкум карданд. Иноятзода то кунун баландпоятарин мансабдорест, ки барои заминфурӯшӣ маҳкум ба зиндон шудааст. Аммо тавре таҷрибаи додгоҳҳои Тоҷикистон нишон медиҳад, дар аксари мавридҳо мансабдороне, ки барои заминфурӯшӣ ва гирифтани пора ба даст меафтанд, бо пардохти ягон ҷаримаи ночиз аз ҷавобгарӣ халос мешаванд.  Бовар меравад, ки ин мансабдорон дар ивази пора ба чунин ҷазоҳои сабук ноил мешаванд.

Вале чунин ҷазоҳои “раҳмдилона” барои ҷиноятҳои коррупсионӣ, ба ақидаи коршиносон, заминаро барои густариши фасоду ришвахорӣ дар раддаҳои мухталифи ҳукумат ҳамвор мекунад, чунки мансабдорони дасту нияташон қалб мутмаин мешаванд, ки ҳатто  дар сурати ба даст афтодан метавонанд бо додани пора ба муфаттишу додрас бо ягон ҷарима халос шаванд. Мавридҳое ҳам ҳаст, ки чунин мансабдорон ҳатто ба мансабҳои қаблии худ баргашта, ба аъмоли коррупсиониашон идома додаанд.https://youtu.be/DN6O3KLO8pM

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button