ВидеоФарҳангЧеҳраҳо

ДАРГУЗАШТИ ЗАФАР МИРЗОЁН, ДОНИШМАНДИ БЕУНВОН, КИ АКАДЕМИКИ МАРДУМИАШ МЕНОМИДАНД

Донишманди шинохтаи тоҷик Зафар Мирзоён шаби 6 ба 7 июни соли 2023 дар синни 74 аз олам чашм пӯшид. Маросими намози ҷанозаи марҳум соати 12:00 дар масҷиди марказии ноҳияи Ховалинг баргузор мешавад. Писари Зафар Мирзоён ба Радиои Озодӣ  гуфт, падараш солҳои зиёде аз дарди меъдаву рӯда азият мекашид.

“Солҳои 2000 ҷароҳии вазнини медаву рӯда гузаронида буд. Инчунин якуним соли пеш лар Туркия аз сараш ҷарроҳӣ шуд. Ҳамин бемориҳо буд. Як ҳафтаи ахир бемор шуд ва бо ҳамин ба худ наомад ва шаб моро тарк кард. Сабаби марги падар ҳамин азияти меъдаву рӯда аст”, – гуфтааст писари Зафар Мирзоён.

Зафар Мирзоён 5 майи соли 1949 дар шаҳраки Ховалинг ба дунё омада, соли 1972 риштаи шарқшиносӣ ва соли 1994 риштаи иқтисодии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст.  Зафар Мирзоён собиқаи кориашро  ба ҳайси тарҷумон коргоҳҳои ҳамкориҳои техникии СССР дар Афғонистон (солҳои 1970-1971) оғоз карда,  солҳои 1972-1973 ассистенти кафедраи форсии риштаи шарқшиносии ДДТ буд ва дар солҳои 80 дубора ба ҳайси тарҷумон ба Афғонистон рафт. Зафар Мирзоён солҳои 1986-1991 мудири шуъбаи идеологии комитети партиявии ноҳияи Ховалинг  буд, солҳои1991-2003 раҳбарии ширкати “Митра” –ро бар уҳда дошт ва аз соли 203 то 2007 раҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Кӯлоб буд. Солҳои охир ин донишманди тоҷик ба ҳайси  мушовири ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба иртибот бо ҷомеа кор мекард.

Зафар Мирзоён, бо онки ягон унвони илмӣ надошт, дар улуми шарқшиносӣ, бахусус дар Шоҳномашиносӣ аз олаимони забардаст ба шумор мерафт ва ӯро ҳатто “академики мардумӣ” ҳам ном мебурданд. Бисёриҳо даргузашти ӯро талафоти бузург барои илми тоҷик меноманд.

Зафар Мирзоён беш аз 10 сол дар шаҳри Кӯлоб маҳфили «Шоҳномахонӣ»-ро сарварӣ карда, ҳамзамон солҳои 2010-2015 дар кафедраи журналистикаи Донишгоҳи Кӯлоб бо донишҷӯён дар мавзӯъҳои «Баёни андеша бо забони тоҷикӣ», «Усули нақднигорӣ дар журналистикаи муосир» дарсу омӯзишҳо доир кардааст.  Ӯ ҳамчунин раиси бахши минтақаи Кӯлоби Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон «Пайванд» буд.

Аз Зафар Мирзоён беш аз 500 мақолаи илмиву публитсистии дар матбуоти Тоҷикистону Эрон нашршуда, ҳамчунин 3 китоб: «Ҷашни Наврӯз – омили худогоҳии миллии тоҷикон» (Душанбе, 2013), «Ниёиши некон ва покон» (Душанбе, 2014) ва «Худовандагори сухани порсӣ» (Душанбе, 2015) ба ёдгор монд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button