Марзи Тоҷикистону ҚирғизистонМинтақа ва ҷаҳон

БОЗДОШТИ СИЁСАТМАДОРОНИ ТАРАФДОРИ РУСИЯ БО ИТТИҲОМИ КӮШИШИ ТАБАДДУЛОТИ ДАВЛАТӢ ДАР ҚИРҒИЗИСТОН (ВИДЕО)

Дар Қирғизистон беш аз 30 нафарро барои омодагӣ ба ташкили бетартибиҳои оммавӣ ва ғасби ҳукумат бо роҳи зӯрӣ дастгир кардаанд. Дар ин бора рӯзи 6 июни соли 2023 хадамоти матбуоти Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон хабар дод.

Бино ба иттилои ин ниҳод, дар ҷараёни амалиёти вижаи рӯзи 5 июн беш аз 30 нафар, аз ҷумла раҳбари ҳизби “Элдиқ Кенеш” Роза Нурматова ва “ҳамсафони асосии ӯ Н.Р.С., И.Г.С., М.А.Ж. и Д.Т.А”  дастгир карда шуданд.  Ин дастгиршудаҳо дар ҷомиаи Қирғизистон бештар ҳамчун сиёсатмадорони тарафдори Русия ва зидди Ғарб матраҳ шуда буданд.

Хабари пешгирӣ аз кӯшиши табаддулоти давлатӣ дар Қирғизистон ва боздошти афроди рӯ ба Русия бо иттиҳоми даст доштан дар ин нақша дар ҳолест, ки Русия ба иллати дармонданаш дар ботлоқи ҷанги Украина хеле заиф шудааст ва ба ин ки мавқеи пештозу раҳбарикунандааш дар Осиёи Марказӣ ва дигар қаламравҳои таҳти нуфузи суннатиашро аз даст дода истодааст, хеле бо асабоният нигоҳ мекунад.

Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон хабар дод, ки боздоштшудагон алакай ба гуноҳи худ иқрор кардаанд ва “дар ҷараёни кофтукобҳо далелҳои шайъие ба даст омаданд, ки қасди ҷиноии онҳоро тасдиқ мекунад”.

Хадамоти матбуоти Кумитаи амният дар шарҳи ин боздоштҳои пурсарусадо гуфт: “Ин гуруҳи ҷиноӣ дар тӯли як сол ҳадафмандона ба саффи худ тарафдоронро ҷалб мекард ва шаҳрвандони сахт норозиро дар саросари кишвар ҷамъ меовард. Ташкилкунанда ва ташвиқгари ақидатии ин гуруҳ раиси ҳизби сиёсии ”Элдиқ Кенеш” Н.Р.С. буд. Таҳти раҳбарии ӯ пайваста мулоқотҳое гузаронда мешуд, ки дар онҳо нақшаи бо роҳи зӯрӣ ба даст овардани ҳукумат баррасӣ мешуд”.

Шумори умумии аъзои ин гуруҳ, ба ҳисоби мақомоти амниятӣ, беш аз 100 нафар аз қишрҳои гуногунро ташкил дода, ҳар кадоми онҳо вазифа ва нақши мушаххаси худро иҷро мекард.

 “Маълумот дорем, ки ба зудӣ мебоист аз манобеи хориҷӣ барои маблағгузории масъалаҳои ташкилӣ ва пардохти мукофотпулӣ ба роҳбарони асосӣ пул меомад. Табаддулотгарон мехостанд дар пайи дар ҷомиа пайдо шудани норозигӣ аз ягон рӯйдод ба марҳалаи асосии иҷрои нақшаи табаддулот гузаранд”, — гуфта мешавад дар иттилоияи КДАМ.

Мақомоти амниятӣ видеоеро низ нашр карданд, ки дар он боздоштшудагон гӯё нақшаи табаддулоти давлатиро маслиҳат мекунанд. Аз ҷумла садои Роза Нурматова шунида мешавад, ки мегӯяд, “дар ҳар сурат ягон талотум ҳатман мешавад”.

 “Дар чунин ҳолат нақши мо чӣ гуна хоҳад буд? – мепурсад ӯ. — Бачаҳо ҳастанд, ҳар кадомаш то 10 одам доранд. Барои мисол, мо одамоне дорем, ки то 10 ҳазор пул медиҳанд”.

Нурматова мегӯяд, дар сурати сар шудани норозигиҳо бояд ҳукуматро ғасб кард. “Барои мисол, ман ботинан ба ин омодаам. Шумо бояд бидонед, ки чанд нафар дорем. Барои мо шумора лозим аст ва ҳамчунин нирӯи ҷисмонӣ”, — мегӯяд ӯ.

Дар навор садои як нафари дигар низ шунида мешавад, ки мегӯяд, ӯ бо 10 нафар аз деҳаи Манас ба роҳ баромадааст. “Ман то бачаҳоро ҷамъ кардам, ки шаб шуд. Ман онҳоро мехостам дар талос бимонам, вале онҳо розӣ нашуданд. Маълум шуд, ки пул надоранд. Имрӯз дер шуд, мулоқотро пагоҳ мегузаронем”, — мегӯяд ин мард.

 Роза Нурматова дар соли 2012 раҳбари ситоди тарафдорони Содир Ҷабборов ва Қамчибек Тошиев буд. Имрӯз ин ду нафар соҳиби қудратанд: яке президент ва дувумӣ  раиси КДАМ аст.

Нурматова як вақт мудири шуъбаи сиёсати иҷтимоӣ ва рушди фарҳангии ҳукумати Қирғизистон низ буд. Ӯ худро одами Шӯравӣ, ҳомии анъанаву ойинҳои суннатӣ ва мухолифи “ба ҷомиа бор кардани арзишҳои ғарбӣ” мешуморад. Дар ҷомиаи Қирғизистон Роза Нурматова ҳамчун тарафдори Русия маълум аст. Ва ин ки ба хабари боздошти табаддулотгарон сухангӯи Путин Дмитрий Песков фавран  вокуниш кард, дар ҷомиа баҳсҳои зиёдеро ба бор овардааст.

Дар аксҳои нашркардаи КДАМ журналистон ҳамчунин устоди риштаи хадамоти давлативу мунитсипиалии Донишгоҳи миллии Қирғизистон Чолпонбек Сидиқбоев ва узви созмони ҷамъиятии “Чек ара” Гулжигит Исоқовро шинохтанд. Ҳарду аз ҳукумати кунунӣ интиқод мекарданд, вале ҳамкоронашон ба инки онҳо дар кӯшиши табаддулоти давлатӣ даст дошта бошанд, чандон бовар намекунанд.

Ёдовар мешавем, Қирғизистон аз соли 2005 ба ин тараф алакай се дафъа шоҳидӣ тавассути эътирозҳои оммавӣ сарнагун кардани ҳукуматҳояш шудааст. Соли 2005 бо ҳамин роҳ Аскар Оқоевро сарнагун карда, ба курсии президент Қурмонбек Боқиевро оварданд. Соли 2010 худи Боқиевро низ мардум сарнагун кард ва ӯ ба Беларус гурехта рафт. Соли 2020 Сооронбой Жээнбеков дар натиҷаи эътирозҳо аз мақоми президент рафт ва ба ҷои раҳбари кунунии Қирғизистон Содир Ҷабборов омад. Лозим ба ёдоварист, ки Ҷабборов то сарвазиру баъд президент шуданаш дар зиндон адои ҳукм мекард. Аз ҷумла бо иттиҳоми “кӯшиши ғасби ҳукумат бо роҳи зӯрӣ”.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button