ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ДАР СЕ РӮЗИ МОҲИ ИЮН 7 КӮДАК ҒАРҚ ШУДААНД. ФАРЗАНДРО ЭҲТИЁТ КУНЕД!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон рӯзи 6 июни соли 2023 дар бораи ғарқ шудани боз ду ноболиғ хабар дод. Бо онки мавсими оббозӣ дар Тоҷикистон расман рӯзи 1 июн оғоз ёфт, танҳо тайи 3 рӯзи аввали моҳи июн алакай 7 ноболиғ дар обҳои Тоҷикистон ҷон бохтаанд.

Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, сокини 14-солаи кӯчаи Ҳамзаалиеви шаҳри Хуҷанд рӯзи 3-уми июни соли 2023 тақрибан соати 14:35 дақиқа  ҳангоми оббозӣ дар дарёи Сир ғарқ шудааст. Баъди дарёфти хабар имдодгарони Дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсати Кумита дар вилояти Суғд соати 14:50 ба ҷойи ҳодиса сафарбар гардида, соати 15:20 ҷасади ноболиғро пайдо карданд ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супориданд. Сабаби марги ӯ таҳқиқ мешавад.

Ҳамчунин як писари ноболиғи дигар аз деҳаи Тутаки ҷамоати деҳоти Ғаффор Мирзои ноҳияи Ховалинг ҳангоми оббозӣ дар обанбори оби заминҳои полезӣ ғарқ шудааст. Ӯ ҳамагӣ 13 сол дошт. Ҷасади ӯро соати 13:30 дақиқаи рӯзи 3-уми июн пайдо карда, ба волидонаш супурданд. Сабаби марги ноболиғ оббозӣ дар макони мамнӯъ ва беназоратии волидон гуфта шудааст.

Қаблан навбатдори шуъбаи ҳолатҳои фавқулодда аз ғарқи об шудани ду бародарони ноблолиғ, сокинони кӯчаи С. Садирови ноҳияи Восеъ хабар дод, ки яке 13 ва дуюмӣ 11 сол дошт.

Ин ду бародар ҳангоми оббозӣ дар қаламрави ҷамоати Ҳулбук, маҳаллаи Сино ғарқ шудаанд.

Баъди дарёфти хабар имдодгарони Дастаи махсуси зудамали наҷоти минтақаи Кӯлоб соати 14:00 ба  ҷойи ҳодиса сафарбар гардида, корҳои ҷустуҷӯиро оғоз намуданд.

Соати 17:00 дақиқа ҷасади яке аз ин ду бародарон пайдо ва волидонаш супурда шуд.Ҷустуҷӯи ҷасади дуюм то торикӣ идома дошт, вале бенатиҷа анҷом гирифт. Танҳо рӯзи 4 июн ҷасади навраси дуюм ҳам пайдо ба ба соҳибонаш супурда шуд.

Фоҷеаи дигар дар дар ноҳияи Рӯдакӣ рух додааст. Рӯзи 3 июн як духтарчаи 7-сола, сокини деҳаи Навбунёд-5, ҷамоати деҳоти Чоргултеппаи ноҳия, ки мехост бародари ғарқшудаашро наҷот диҳад, вориди оби канал шуда, ба қубури обгузари андозаи 1,5 метри мукааб даромада, ғарқ шудааст. Додарашро баъдан сокинони деҳа аз об берун кашидаанд, вале ҷасади духтарчаро танҳо рӯзи 4 июн пайдо карда,  ба падару модараш супурдаанд.

Ҳамчунин нимаи дуюми рӯзи 1 июн,  соати 17:20 аз шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фирдавсӣ ба қисми навбатдории Кумитаи ҳолаттҳои фавқулодда хабар доданд, ки дар кӯли “Мехкарйер”-и маҳаллаи Чимтеппа як ноболиғ ғарқ шудааст. Бо дарёфти хабар дастаи ғаввосону наҷотдиҳандагони Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе ба ҷойи ҳодиса рафта, дар натиҷаи гузаронидани корҳои ҷустуҷӯии зериобӣ соати 18:40 ҷасади ғарқшударо пайдо карданд ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд. Маълум гардид, ки ӯ як навраси 14-сола,  истиқоматкунандаи ноҳияи Сино, маҳаллаи Навбаҳор – 2 будааст.

Ба ҳисоби Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, аз аввали соли 2023 дар кӯлу ҷӯю дарёҳои ҷумҳурӣ алакай 47 нафар ғарқ шудаанд. Аз ин шумор 26 нафарашро кӯдакону наврасони то синни 16 ташкил медиҳанд. Соли 2022 дар Тоҷикистон 160 нафар, аз ҷумла 80 кӯдаку навраси то синни 16 ғарқ шуда буд.

 Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаба волидоне, ки дар мотами ҷигарбандони худ нишастаанд, изҳори таслият карда, бори дигар аз падарону модарон хост, ки фарзандони ноболиғи худро беназорат нагузоранд.

“Ин шаш ҳодисаи марге, ки зикраш дар боло рафт, маҳз дар натиҷаи беназоратии калонсолаон рух додааст. Дар ягон ҳодиса канори ноболиғон шахсони бузургсоле набуданд, ки барои наҷоташон талош кунанд. Фосилаи байни вуруд ба обу ғарқ гардидану марги фоҷеавӣ хеле кӯтоҳ аст, ки инро ҳамагон медонанд. Фарзандоне, ки қоидаҳои шиноварӣ намедонанд, набояд ба соҳили обҳо раванд ва ин падарону модарон мебошанд, ки ҳар қадами фарзандони худро назорат кунанд. ФАРЗАНДОНАТОН НУРИ ЧАШМОНИ ШУМОЯНД  ВА ИН РӮШНОИИ ЗИНДАГИВУ ЧАРОҒИ ХОНАДОНАТОНРО АЗ ДАСТ НАДИҲЕД!” – таъкид кардааст Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button