ВидеоКоррупсия

БАРКАНОРИИ ПРОКУРОРИ ЁВОН БАРОИ “ЧАШМПӮШӢ” БА ҶИНОЯТҲОИ ЗАМИНФУРӮШӢ

Маҳмуд Шарифзода, додситони ноҳияи Ёвон барои “чашмпӯшӣ” ба мавридҳои “ғасбу фурӯши замин” аз мақом барканор шудааст.

Фармонро ҳафтаи гузашта Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон содир кардааст ва ду манбаи огоҳи Радиои Озодӣ рӯзи 6-уми июни соли 2023 гуфтаанд, ки фаъолияти Маҳмуд Шарифзодаро як комиссияи Додситонии кул таҳқиқ мекунад.

Ба гуфтаи онҳо, дар ноҳия даҳҳо мавриди “истифодаи ғайриқонунии замин” ошкор шудааст, ки додситонии Ёвон ҳамчун ниҳоди нозири риояи қонунҳо ба онҳо чашм пӯшидааст.

Маҳмуд Шарифзода ва наздиконаш барои шарҳи ин қазия ҳанӯз дастрас нестанд.

Маҳмуд Шарифзода аз моҳи майи соли 2020 прокурори Ёвон буд ва баъди ҳамагӣ се соли кораш барканор шуд. Ин дар ҳолест, ки прокурорҳоро маъмулан барои 5 сол таъйин мекунанд.

Аммо дар сомонаи расмии Додситонии кулли Тоҷикистон номи Маҳмуд Шарифзода бо аксаш  то ба ҳол ба унвони прокурори ноҳияи Ёвон истодааст. Бино ба тарҷумаи ҳоли расмиаш, ки дар сомонаи расмии Додситонии кул нашр шудааст, Шарифзода Маҳмуд Изатулло рутбаи мушовири адлияи дараҷаи 2 дошта, риштаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро хатм кардааст.  Ӯ собиқаи кориашро соли 2005 ба ҳайси коромӯз дар вазифаи ёрдамчии  прокурори ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе оғоз карда, аз соли 2007 то 2011 муфаттиши додситонии ноҳияи И.Сомонӣ, соли 2011 муфаттиши Раёсати тафтиши парвандаҳои ҷиноятҳои махсусан муҳими Додситонии кул будааст. Маҳмуд Шарифзода сипас соли 2012 – муовини прокурори шаҳри Конибодом, аз соли 2013 – муовини прокурори шаҳри Ваҳдат, аз соли 2014 то 2020 муовини якуми прокурори шаҳри Ваҳдат буда, моҳи майи соли 2020 прокурори ноҳияи Ёвон таъйин шуд.

Фурӯши заминро дар Тоҷикистон мушкили №1 ва яке аз манбаъҳои асосии амалҳои коррупсионии мансабдорони хурду бузург мешуморанд. Тақрибан ҳар ҳафта дар бораи боздошти ин ё он мансабдор ваё миёнаравҳои онҳо бо иттиҳоми гирифтани пора дар ивази ваъдаи ҷудо карда додани замин хабарҳо ба даст мерасанд.

Бо чунин иттиҳом ду сол пеш ҳатто шаҳрдори Кӯлоб Баҳром Иноятзодаро ба 12 соли зиндон маҳкум карданд. Иноятзода то кунун баландпоятарин мансабдорест, ки барои заминфурӯшӣ маҳкум ба зиндон шудааст. Аммо тавре таҷрибаи додгоҳҳои Тоҷикистон нишон медиҳад, дар аксари мавридҳо мансабдороне, ки барои заминфурӯшӣ ва гирифтани пора ба даст меафтанд, бо пардохти ягон ҷаримаи ночиз аз ҷавобгарӣ халос мешаванд.  Бовар меравад, ки ин мансабдорон дар ивази пора ба чунин ҷазоҳои сабук ноил мешаванд.

Вале чунин ҷазоҳои “раҳмдилона” барои ҷиноятҳои коррупсионӣ, ба ақидаи коршиносон, заминаро барои густариши фасоду ришвахорӣ дар раддаҳои мухталифи ҳукумат ҳамвор мекунад, чунки мансабдорони дасту нияташон қалб мутмаин мешаванд, ки ҳатто  дар сурати ба даст афтодан метавонанд бо додани пора ба муфаттишу додрас бо ягон ҷарима халос шаванд. Мавридҳое ҳам ҳаст, ки чунин мансабдорон ҳатто ба мансабҳои қаблии худ баргашта, ба аъмоли коррупсиониашон идома додаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button