ВидеоМинтақа ва ҷаҳонМуҳоҷиронСиёсат

САФАРИ СЕРГЕЙ ЛАВРОВ БА ДУШАНБЕ ДАР ПАЙИ БОЗДОШТИ САДҲО МУҲОҶИРИ ТОҶИК ДАР РУСИЯ

Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров рӯзҳои 5-6 июни соли 2023 бо як сафари расмӣ аз Тоҷикистон боздид карда, бо президенти ин ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ва вазири хориҷааш Сироҷиддин Муҳриддин гуфтушунида мекунад.

Бино ба иттилои расмие, ки рӯзи 4 июн дар сомонаи вазорати хориҷаи Русия нашр шуд, қарор аст, дар ҷараёни ин музокирот тарафҳо “масоили доғи муносибатҳои дуҷониба, дурнамои рушди минбаъдаи муносибатҳои иттифоқчигии Маскаву Душанбе дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иҷтимоӣ ва башарӣ баррасӣ карда, пиромуни масоили байналмилалӣ ва минтақавии мавриди таваҷҷуҳи ҷонибайн табодули назар кунанд”. Маскав гуфт, “таваҷҷуҳи ҷиддӣ ба минбаъд боз ҳам амиқтар кардани ҳамоҳангсозии сиёсати хориҷии Русияву Тоҷикистон дар арсаҳи асосии чандҷониба, аз ҷумла ОДКБ, СНГ, ШОС, ҳамчунин СММ, САҲА дода хоҳад шуд”.

Қарор аст, Сергей Лавров дар ҷараёни ин боздидаш ҳамчунин дар назди дипломатҳои ҷавон, донишҷӯёну журналистон ва доираҳои илмӣ дар Донишгоҳи славянӣ суханронӣ карда, дар маросими уаррифии маҷмӯаи китобҳои”Русские писатели-классики и православие” (Адибони классики рус ва мазҳаби православӣ”) ширкат биварзад ва аз пойгоҳи ҳарбии 201-уми Русия дар Тоҷикистон низ дидан кунад.

Ба эҳтимоли ғолиб, яке аз ин “масоили доғи муносибатҳои дуҷониба”, ки онро дар ҷараёни музокирот ҳадди ақал ҷониби Тоҷикистон хоҳад бардошт, мавридҳои боздоштҳои оммавии муҳоҷирони тоҷик дар шаҳрҳои Русия хоҳад шуд.

Ёдовар мешавем, аз 18 майи соли 2023 дар шаҳраки Котелники дар канори шаҳри Маскав рейдҳои густардае сурат гирифт, ки дар  ҷараёни ин рейдҳо, ба ҳисоби мақомоти Русия, наздики 1500 нафар дастгир  ва нисбат ба онҳо 910 протокол тартиб дода шудаву 148 муҳоҷирро аз Русия ихроҷ кардаанд. Муҳоҷирони тоҷик мегуфтанд, ки пулис дар Котелники ҳадафмандона зодагони Тоҷикистонро таъқиб мекунад. Гуфта мешуд, ки гӯё як гуруҳи сокинони Котелники ба президенти Русия Владимир Путин дар бораи ҳузури, ба ақидаи онҳо, беш аз ҳадди тоҷикҳо дар ин шаҳрак шикоят кардаанд ва маҳз баъди ҳамин шикоят нирӯҳои пулис ва ОМОН болои сари тоҷикҳо дар Котелники фурӯ рехтаанд.

Ҳамин тавр, субҳи 19 май нирӯҳои ОМОН ва ФСБ ба хобгоҳи Донишгоҳи шаҳри Комсомолски лаби Амур фурӯ рехта, дурбинҳои назоратиро хомӯш кардаанд ва донишҷӯёни тоҷикро, ки ягон амали ғайриқонунӣ содир накарда буданд, бераҳмона лату кӯб намуда, ҳуҷҷатҳову телефонҳои онҳоро мусодира намудаанд. Донишҷӯёни тоҷик шикоят доранд, ки нирӯҳои ОМОН ва ФСБ дар хобгоҳ танҳо донишҷӯёни тоҷикро “шикор” мекарданд.

Маъмурияти Донишгоҳи шаҳри Комсомолски лаби Амур сабаби рейди субҳи 19 майи ОМОН дар хобгоҳи ин донишгоҳро ҷустуҷӯи донишҷӯи тоҷике номид, ки гӯё ба кадом созмони террористӣ пул гузаронда бошад. Вале зоҳиран ин танҳо як баҳонаи бофта барои анҷоми ин рейд буд, зеро маъмурияти донишгоҳ эътироф кард, ки ин фарзияи пулгузаронӣ тасдиқ нашуд.

Субҳи 30 май бошад даҳҳо муҳоҷири дигари тоҷикро аз хобгоҳашон дар назди истгоҳи метрои “Митино” дастгир карда, ба пулис бурданд. Сафорати Тоҷикистон гуфт, дар Митино 57 шаҳрванди Тоҷикистонро боздошт кардаанд.

Ҳамин тавр, дар арафаи сафари Лавров, рӯзи 4 июн нирӯҳои ОМОН дар ғарби шаҳри Маскав дар маркази савдои “Саларис” рейди густардаеро анҷом дода, ду автобуси пуропур аз муҳоҷиронро боздошт карданд. Ба гуфтаи шоҳидон, дар ин маркази савдо низ нирӯҳои пулис ҳадафмандона фақат муҳоҷирон аз Тоҷикистонро “шикор” мекарданд ва ба дигарон кор надоштанд.

Рейди ОМОН дар маркази савдои Саларис

Мавҷи фишору таъқиби шаҳрвандони Тоҷикистон дар шаҳрҳои гуногуни Русия мояи нигаронии мақомоти Душанбе шудааст. Рӯзи 24 май вазорати хориҷаи Тоҷикистон дар як иқдоми дар равобити Душанбеву Маскав камсобиқае сафири Русия дар Тоҷикистон Семён Григоревро дар робита ба муносибати бераҳмона нисбат ба беш аз 100 донишҷӯи тоҷик дар Донишгоҳи давлатии Комсомолски лаби Амур ва дигар ҳодисаҳои марбут ба таъқиби шаҳрвандони тоҷик дар Русия ба вазорат даъват карда, таъкид кардааст, ки “чунин ҳодисаҳо ба рӯҳи муносибатҳои шарокати стратегӣ ва иттифоқии Тоҷикистону Россия муносиб набуда, метавонанд ба талошҳои ҷонибҳо баҳри рушди минбаъдаи ҳамкориҳо дар соҳаи маориф зиён расонанд”.

Дар урфи дипломатӣ маъмулан сафири як кишварро дар сурати хеле норозӣ будани тарафи мизбон аз амалҳои ин сафорат ё давлате, ки он намояндагӣ мекунад, ба вазорат даъват мекунанд.

Ҳамин тавр, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ва омбудсмени тоҷик Умед Бобозода аз ҳамтоёни руси худ хостанд, ки ба ин қазияҳои марбут ба таъқиби муҳоҷирони тоҷик дахолат карда, ба тафтиши мунсифонаи ин ҳодисаҳо мусоидат кунанд.

Рӯзи 2 июни соли 2023 додситони кулли Тоҷикистон Юсуф Раҳмон низ “вобаста ба боздошти оммавии муҳоҷирони тоҷик, лату кӯб ва муносибати бераҳмона нисбати онҳо, инчунин боздошти шумораи зиёди донишҷӯёни тоҷик аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба додситонии кулли Русия барқияи фаврӣ ирсол намуда, тақозо кардааст, ки ҳаракатҳои кормандони алоҳидаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия нисбати шаҳрвандони Тоҷикистон мавриди санҷиш қарор дода шуда, ба он баҳои ҳуқуқӣ дода шавад”.

Бархе нозирони умур тахмин мезананд, ки дар паси ин мавҷи нави таъқиботу фишор нисбат ба муҳоҷирони тоҷик дар Русия ба эҳтимоли ғолиб як силсила омилҳое истодаанд, ки  дар умум ба ҷанги Русия ба зидди Украина ва паёмадҳо он, аз ҷумла таҳримоти байналмилалии ба зидди Русия эълоншуда ва заиф шудани Маскав дар арсаи байналмилалӣ рабт доранд.

Аввалин аломати сард шудани муносибатҳо, ба назари нозирони умур, даъвати президенти Русия Владимир Путин барои иштирок дар паради имсолаи бахшида ба Иди Ғалаба дар Маскавро дар аввал рад кардани президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шуд. Эмомалӣ Раҳмон дар ниҳоят рӯзи 9 май ба Маскав рафт, вале Путин, ки бо зудранҷиву кинаварзиаш ном баровардааст, зоҳиран аз ин сахт хафа шуд.

Ҳамин тавр, Путин шояд аз намоиши, ба назари ӯ, нокофии садоқат аз ҷониби давлатҳои таҳти нуфузи Маскав, бавижа Тоҷикистон, дар амри ҳимоят аз ҷанги Русия ба зидди Украина асабӣ шуда бошад. Зоҳиран, Маскав бо фишор ба муҳоҷирон мехоҳад Душанберо ба намоиши садоқат ва кумаки бештар дар ин ҷанг водор кунад. Аз ҷумла ба дахолат накардан ба ҷалби муҳоҷирони тоҷик ба ҷанги Украина ва аз ҳисоби шаҳрвандони Тоҷикистон пур кардани ҳайъати пойгоҳи 201уми Русия дар Тоҷикистон, ки дар пайи ба Украина фиристодани аксари нирӯҳояш ба камбуди шадиди нирӯ рӯбарӯ шудааст.

Дар ин лобало,  ба назари таҳлилгарон, натиҷаҳои нишасти якуми сарони Хитой ва Осиёи Марказӣ дар шаҳри Сиан, ки Хитой ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ваъдаи қариб 50 миллиард доллар сармоягузорӣ дода, амалан худро ба ин давлатҳо ҳатто аз Русия ҳам наздиктар сохт, сардии муносибатҳо байни Маскаву Душанберо боз ҳам сардтар кард. Зоҳиран Русия, ки ба сабаби дар ботлоқи ҷанги Украина дармонданаш хеле заиф шудааст ва дигар тавони гирифтани пеши роҳи тавсиаталабии Хитойро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ надорад, барои  фишор расондан ба ҳукуматҳои ин минтақа, ки онро “ҳавлии дарунии худ” ва қаламрави нуфузи таърихиаш мешумурд, ҳоло  аз ягона василаи фишори дар дасташ боқимонда, яъне қартаи муҳоҷирони корӣ истифода мебарад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button