ВидеоМуҳоҷирон

РЕЙДИ ЗИДДИ МУҲОҶИРОНИ ТОҶИК ДАР МАРКАЗИ САВДОИ “САЛАРИС” ДАР МАСКАВ (2 АКС)

Рӯзи 4 июни соли 2023 нирӯҳои ОМОН дар ғарби шаҳри Маскав дар маркази савдои “Саларис” рейди густардаеро анҷом дода, ду автобуси пуропур аз муҳоҷиронро боздошт карданд. Ба гуфтаи шоҳидон, дар ин маркази савдо низ нирӯҳои пулис ҳадафмандона фақат муҳоҷирон аз Тоҷикистонро “шикор” мекарданд ва ба дигарон кор надоштанд. Шумораи умумии тоҷикҳои дар маркази савдои “Саларис” дастгиршударо дар давру бари 50 нафар рақам мезананд. Яке аз ҳамсуҳбатони пойгоҳи хабарии “Бомдод” гуфт, дар ин ҷо шумори хеле бештари муҳоҷирони тоҷик кор мекунанд, вале ба қисми зиёде аз онҳо муяссар шудааст, ки баробари ба ин маркази савдо фурӯ рехтани нирӯҳои ОМОН фирор кунанд ва ба даст наафтанд.

Маркази савдо ва фароғати Саларис дар километри 23-юми шоҳроҳи Киев, дар наздикии истгоҳи метрои “Саларево” ҷойгир шудааст. Дар атрофи он чанд ошхонаву тарабхонаи ғизоҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла қаҳвахонаи “Самарқанд” ва чойхонаи “Ҳалол”, ҳамчунин қаҳвахонаи “Доғистон”низ фаъолият доранд.

Чанд ҳафта боз дар Русия рейдҳои густарда ба зидди муҳоҷирони тоҷик идома дорад.

Аз ҷумла рӯзҳои 18 ва 24 май дар ҷараёни чунин рейдҳо дар шаҳраки Котелники дар канори Маскав наздики 1500 муҳоҷир дастгир гардида, 148 нафари онҳо ихроҷ карда шуданд. Муҳоҷирони тоҷик мегӯянд, дар Котелники нирӯҳои ОМОН ҳадафмандона зодагони Тоҷикистонро “шикор” мекарданд. Гуфта мешуд, ки гӯё як гуруҳи сокинони Котелники ба президенти Русия Владимир Путин дар бораи ҳузури, ба ақидаи онҳо, беш аз ҳадди тоҷикҳо дар ин шаҳрак шикоят кардаанд ва маҳз баъди ҳамин шикоят нирӯҳои пулис ва ОМОН болои сари тоҷикҳо дар Котелники фурӯ рехтаанд.

Ҳамин тавр, субҳи 19 май нирӯҳои ОМОН ва ФСБ ба хобгоҳи Донишгоҳи шаҳри Комсомолски лаби Амур фурӯ рехта, дурбинҳои назоратиро хомӯш кардаанд ва донишҷӯёни тоҷикро, ки ягон амали ғайриқонунӣ содир накарда буданд, бераҳмона лату кӯб намуда, ҳуҷҷатҳову телефонҳои онҳоро мусодира намудаанд. Донишҷӯёни тоҷик низ шикоят доранд, ки нирӯҳои ОМОН ва ФСБ дар хобгоҳ танҳо донишҷӯёни тоҷикро “шикор” мекарданд.

Маъмурияти Донишгоҳи шаҳри Комсомолски лаби Амур сабаби рейди субҳи 19 майи ОМОН дар хобгоҳи ин донишгоҳро ҷустуҷӯи донишҷӯи тоҷике номид, ки гӯё ба кадом созмони террористӣ пул гузаронда бошад. Вале зоҳиран ин танҳо як баҳонаи бофта барои анҷоми ин рейд буд, зеро маъмурияти донишгоҳ эътироф кард, ки ин фарзияи пулгузаронӣ тасдиқ нашуд.

Субҳи 30 май бошад даҳҳо муҳоҷири дигари тоҷикро аз хобгоҳашон дар назди истгоҳи метрои “Митино” дастгир карда, ба пулис бурданд. Сафорати Тоҷикистон гуфт, дар Митино 57 шаҳрванди Тоҷикистонро боздошт кардаанд.

Мавҷи фишору таъқиби шаҳрвандони Тоҷикистон дар шаҳрҳои гуногуни Русия мояи нигаронии мақомоти Душанбе шудааст. Рӯзи 24 май вазорати хориҷаи Тоҷикистон дар як иқдоми дар равобити Душанбеву Маскав камсобиқае сафири Русия дар Тоҷикистон Семён Григоревро дар робита ба муносибати бераҳмона нисбат ба беш аз 100 донишҷӯи тоҷик дар Донишгоҳи давлатии Комсомолски лаби Амур ва дигар ҳодисаҳои марбут ба таъқиби шаҳрвандони тоҷик дар Русия ба вазорат даъват карда, таъкид кардааст, ки “чунин ҳодисаҳо ба рӯҳи муносибатҳои шарокати стратегӣ ва иттифоқии Тоҷикистону Россия муносиб набуда, метавонанд ба талошҳои ҷонибҳо баҳри рушди минбаъдаи ҳамкориҳо дар соҳаи маориф зиён расонанд”.

Вазири дохила, омбудсмен ва додситони кулли Тоҷикистон низ аз ҳамтоёни руси худ хостаанд, ки ба ин қазияҳои марбут ба таъқиби муҳоҷирони тоҷик дахолат карда, ба тафтиши мунсифонаи ин ҳодисаҳо мусоидат кунанд.

Дар пасманзари ин мавҷи таъқиботи муҳоҷирони тоҷик рӯзи 5 июн вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров ба Душанбе меояд. Интизор меравад, як мавзӯи таҳти баррасӣ дар мулоқотҳои ӯ бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва вазири хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ҳамин масъалаи таъқибу боздошти муҳоҷирони тоҷик хоҳад шуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button