ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ДУЗДИДАНИ ТЕЛЕВИЗОРИ ПИРАЗАНУ ПУЛҲОИ ЯК ПИРАМАРД ВА ҲАЛОКАТИ РОНАНДАИ 83-СОЛА

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 05.06.2023

Ба ҳалокат расидани марди солхӯрда дар натиҷаи ҳодисаи нохуши нақлиётӣ

21

1-уми июни соли 2023, тахминан соати 15:55-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Муродов Субҳонқул Салимбоевич, соли таваллудаш 1996, сокини шаҳри Хуҷанд, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи «Душанбе-Хучанд-Чаноқ» аз самти шаҳри Истаравшан ба самти шаҳри Хуҷанд дар ҳудуди деҳаи Яхтани ноҳияи Деваштич, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи «Тойота Королла-Версо», таҳти идораи ронанда Мирахмедов Исроил Мирзоахмедович, соли таваллудаш 1987, сокини ноҳияи Шаҳринав, ки аз самти шаҳри Хучанд ба самти шаҳри Истаравшан харакат дошт, бархӯрдааст.

Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи «Тойота Королла-Версо», ҳаракати худро гум карда ба самти муқобили роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра», таҳти идораи ронанда Тошев Анорбой, соли таваллудаш 1940, сокини шаҳри Истаравшан, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи “Опел-Вектра”, Тошев А. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Ошкор гардидани се ҷинояти дуздӣ

124

Ба ШВКД дар ноҳияи Кӯшониён бо ариза марди 43-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 22-юми майи соли 2023, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз дохили оғилхонааш 1 сар чорвои калони шохдорро дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 8 ҳазору 100 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 30-солаи сокини ноҳияи Ҳамадонӣ бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Инчунин, ба ШВКД дар шаҳри Хуҷанд аризаи пиразани 78-солаи сокини шаҳри мазкур ворид гардидааст, ки шаби 20 ба 21-уми майи соли 2023, шахси номаълум бо тариқи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 1-адад телевизори тамғаи «LG»-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 7 ҳазору 500 сомониро ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 24-сола ва ноболиғи 17-солаи сокинони ҳамин шаҳр бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.
Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Ҳамин тариқ, ба ШВКД дар ноҳияи Айнӣ аризаи пирамарди 75-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки 24-уми апрели соли 2023, шахси номаълум бо тариқи пинҳонӣ ба манзили истиқоматиаш даромада, аз дохили сандуқи оҳанин (сейф) 13 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷои ҳодиса ғайб задааст.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавонзани 20-солаи сокини ҳамин ноҳия ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button