ВидеоТиб ва беҳдошт/Муҳити зист

ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД ФУРӮШИ СИХКАБОБИ ҚИМА, ТОРТИ КРЕМДОР ВА НӮШОКИҲОВУ КОНСЕРВАҲОИ ХУДСОХТРО МАНЪ КАРДААНД

Сардухтури давлатии санитарии вилояти Суғд бо судури як қарор фурӯши чанд навъи маҳсулотро бо назардошти муҳлати нобудшавии он дар қаламрави вилоят манъ кардааст.

Бино ба гузориши “Азия Плюс”, дар қарори Таҳмина Усмонова, сардухтури давлатии санитарии вилояти Суғд, ки миёнаи моҳи май имзо шудааст, гуфта мешавад: “Аз 17-уми май то 1-уми сентябри соли 2023 фурӯши маҳсулоти зуднобудшаванда, ба монанди сихкабоби қиммагӣ, маҳсулоти қаннодии кремдор, обҳои ташнашикани худсохт ва консерваҳои хонагӣ манъ карда шавад”.

Маҷнун Орипов, муовини сардухтури давлатии санитарии вилояти Суғд дар шарҳи ин қарор гуфт, ки мақсади асосии он пешгирии бемориҳои шадиди маъдаю рӯда ва заҳролудшавӣ мебошад.

“Дар фасли гармо талаботи аҳолӣ ба истеъмоли нӯшокиҳои ташнашикан, яхмоси мулоим, сихкабоби қиммагӣ, маҳсулоти қаннодии кремдор, хӯришҳои худсохти хонагӣ, консерваҳои хонагӣ, каллаю почаи яхкардашуда,  оби ҷав ва дигар маҳсулоти хӯрока зиёд мешавад. Аз ин лиҳоз, фурӯши маҳсулоти зикргардида, ки сертификати гигиенӣ ва хулосаи санитарию эпидемиологӣ надоранд, то тирамоҳ манъ карда шуд”, – зикр намуд Маҷнун Орипов.

Дар матни қарор таъкид мешавад, ки он барои иҷро ба бозорҳои шаҳру навоҳии вилоят, муассисаҳои хӯроки умум, савдо, саноат, инчунин сехҳои қаннодӣ фиристода шуда, аз масъулини милитсияи вилояти Суғд ва додситонии вилоят назорати иҷрои он дархост шудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button