ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

БАРОИ НАҶОТИ ДОДАРАШ ХУДРО БА ОБ ЗАД… ДАР ТОҶИКИСТОН БОЗ 4 КӮДАК ҒАРҚ ШУДААНД

Тайи ду рӯзи истироҳати гузашта – рӯзҳои 3-4 июни соли2023  боз  4 кӯдаки синнашон аз 7 то 12 дар ҷӯю дарёву каналҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки ҷасади се кӯдаки ғарқшударо танҳо баъди ду рӯзи ҷустуҷӯ пайдо кардаанд ва ҷустуҷӯи ҷасади як кӯдаки дигар то ҳол идома дорад. Ин ниҳод беназорат дар лаби об қарор додани ин тифлонро сабаби марги фоҷиавии онҳо номида, гуфтааст, бо онки мавсими оббозии имсола дар Тоҷикистон тоза 1 июн оғоз ёфт, аз аввали соли ҷорӣ дар кӯлу ҷӯю дарёҳои ҷумҳурӣ алакай 47 нафар ғарқ шудаанд. Аз ин шумор 26 нафарашро кӯдакону наврасони то синни 16 ташкил медиҳанд. Соли 2022 дар Тоҷикистон 160 нафар, аз ҷумла 80 кӯдаку навраси то синни 16 ғарқ шуда буд.

Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, нимарӯзии 3 июни соли 2023, тахминан соати 13:10, ду кӯдаки 11- ва 12-солаи сокини ноҳяи Восеъ ба сабаби риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми оббозӣ дар як макони барои оббозӣ мамнӯъ дар канали деҳаи Ҳулбек зери об шудаанд. Барои ҷустуҷӯи онҳо наҷотбахшон аз шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар минтақаи Кӯлоб ба ҷои ҳодиса омаданд. Рӯзи аввали ҷустуҷӯ натиҷа надод. Ҷасади ин ду кӯдакро танҳо рӯзи 4 июн пайдо карда, ба хешовандонашон супурдаанд.

Боз ҳам рӯзи 3 июн, тахминан соати 14:20, як кӯдаки панҷсола дар деҳаи Навбунёд-5 дар ҷамоати Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ ба оби канал афтодааст. Хоҳари 7-солаи ӯ барои наҷоти додараш худро ба об зад, вале маҷрои об духтарро кашида, ба даруни лӯлаи ҳаҷмаш 1,5 метри мукааб андохтааст. Сокинони маҳаллӣ садои доду фарёдро шунида, ба кумаки ин кӯдакон омадаанд ва писарбачаро аз об зинда берун кашидаанд, вале ҷасади духтарро наҷотбахшони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда танҳо баъди ду рӯзи ҷустуҷӯ пайдо карда, аз об берун оварданд.

Рӯзи 4 июни соли 2023, тахминан соати 10:10, як писарбачаи 12-сола аз деҳаи Нури Вахши ҷамоатт ҳамноми ноҳияи Дӯстӣ (собиқ Ҷиликӯл) ҳангоми чаронидани чорво дар наздикии дарёи Вахш, хостааст оббозӣ кунад, вале ғарқ шудааст. Ҷустуҷӯи ҷасади ӯ ҳанӯз идома дорад.

Бо назардошти ин ҳаводис, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз волидон боисрор хоҳиш мекунад, ки кӯдаконашонро беназорат нагузоранд, дар лаби обу даруни об қоидаҳои бехатариро ҷиддан риоя кунанд. Оббозӣ дар маконҳои мамнӯъ ба ҳаёти шумо хатар дорад, – таъкид шудааст дар ҳушдори Кумита.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button