ВарзишВидео

7 МЕДАЛИ ГУШТИНГИРОНИ ТОҶИКИСТОН ДАР МУСОБИҚОТИ ГРАН ПРИИ ДУШАНБЕ 2023 (ВИДЕО)

Дар пойтахти Тоҷикистон мусобиқоти байналмилалии Гран Прии Душанбе 2023 (Dushanbe Grand Prix 2023) оид ба гуштини дзюдо (ҷудо) ба анҷом расид. Дар ин мусобиқаҳо, ки аз 2 то 4 июни соли 2023 доир шуд, ҳудуди 400 варзишгар аз 40 кишвари дунё иштирок карданд.

Тими миллии Тоҷикистон бо касби 7 медал (3 тилло, 3 нуқра ва 1 биринҷӣ) дар байни кишварҳои ҷои аввалро ба даст овард. Албатта, шумори медалҳои гуштингирони Русия бештар буд – 1 медал, аз ҷумла 5 тилло, 4 нуқра ва 2 биринҷӣ), вале паҳлавонон аз Русия ба далели таҳримоти байналмилалӣ дар Гран Прии Душанбе 2023 таҳти парчами бетарафи Федератсияи байналмилалии дзюдо ҳунарнамоӣ карданд ва медалҳои бадастовардаашон ба ҷайби тими миллии Русия намерафт.

Аз варзишгарони Тоҷикистон инҳо соҳиби медал шуданд:

Обид Ҷебовтилло, вазни то 66 кг

Сомон Маҳмадбековтилло, 81 кг

Комрон Устопириёнтилло, то 90 кг.

Беҳрӯз Хоҷазодануқра, то 73 кг

Шодмон Ризоевнуқра, то 81 кг,

Темур Раҳимовнуқра, аз 100 кг зиёд,

Меҳрзод Сӯфиевбиринҷӣ, то 60 кг

Боз як паҳлавони тоҷик Маҳмадбек Маҳмадбеков дар Гран Прии Душанбе дар вазни то 73 кило соҳиби ҷои якум ва медали тилло шуд, вале ӯ, ки ҳамеша дар мусобиқаҳои байналмилалӣ таҳти парчами Русия ба майдон мебаромад, ин дафъа таҳти парчами Федератсияи байналмилалии дзюдо ҳунарнамоӣ кард.

Мухлисон дар ду вазн шоҳиди рақобатҳои ниҳоӣ байни паҳлавонҳои тоҷик шуданд. Дар вазни то 73 кило Маҳмадбек Маҳмадбеков бо Беҳрӯз Хоҷазода ва дар сазни то 81 кило Сомон Маҳмадбеков бо Шодмон Ризоев медалҳои тиллову нуқраҳои байни ҳам “тақсим” карданд.

Гран Прии Душанбе 2023 бо як шоу-барномаи зебо бо номи “Орзу” дар бораи Расул Боқиев, ягона варзишгар аз Тоҷикистон, ки дар гуштини дзюдо барандаи медали олимпӣ шудааст, оғоз ёфт.

Шаҳрдори Душанбе, писари калонии президенти Тоҷикикистон Рустами Эмомалӣ дар маросими ифтитоҳи мусобиқот иштирокчиён ва меҳмононро ба забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ шодбош гуфт.

“Итминон дорам, ки мусобиқаи имрӯза дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор шуда, ба тарғиби тарзи ҳаёти солим, рушди варзиш дар кишвар, аз ҷумла ҷудо, кашфи варзишгарони ҷавону умедбахш мусоидат мекунад ва инчунин шаъну шарафи варзиши Тоҷикистонро боз ҳам баланд мебардорад. Мехоҳам ҳайатҳои муҳтарамро ба Душанбе хайрамақдам гуфта, ба ҳамаи варзишгарон барор ва муваффақият таманно кунам”, – иброз дошт Рустами Эмомалӣ.

Гран Прии Душанбе 2023 нахустин мусобиқаи бузургест, ки президенти ҷадиди Федератсияи дзюдои Тоҷикистон Исмоили Муҳаммадзоир ташкил кард. Ин набераи президенти Тоҷикистон ҳамагӣ чанд моҳ пеш, дар поёни соли 2022 ба раҳбарии Федератсияи дзюдои ҷумҳурӣ расид.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button