ВидеоМинтақа ва ҷаҳонМуҳоҷиронҶанг дар Украина

МУҲОҶИРИ ТОҶИКИ АЗ РУСИЯ ИХРОҶШУДАРО БА ҶОИ ТОҶИКИСТОН БА ҶАНГИ УКРАИНА МЕФИРИСТАНД (ВИДЕО)

Пойгоҳи хабарии “Холод” хабар дод, ки мақомоти қудратӣ, дар ноҳияи Кингисеппи вилояти Ленинград, воқеъ дар канори шаҳри Санкт-Петербурги Русия як шаҳрванди Тоҷикистонро маҷбуран ба ҷанги зидди Украина фиристода истодаанд.

Шаҳрванди 30-солаи Тоҷикистон Далерҷон (“Холод” менависад, ки ному насаби пурраи Далерҷон дар ихтиёрашон ҳаст, вале бо хоҳиши худи боздоштшуда нашр намешавад)  ба “Холод” муроҷиат карда, нақл кардааст, ки кормандони ГАИ мошини Далерҷонро санаи 4-уми майи соли 2023 дар ноҳияи Кингисеппи вилояти Ленинград манъ намуда, пас аз тафтиши ҳуҷҷатҳо муайян мекунанд, ки Далерҷон ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои иқомат дар Русияро надорад. Ӯро аз ҳамон ҷо рост ба шӯъбаи пулиси ноҳияи Кингисепп мебаранд. Аллакай пас аз як рӯз, дар санаи 5-уми май, додгоҳи Кингисепп Далерҷонро аз рӯи қисми 3-и моддаи 20.25 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Русия айбдор дониста, 3 ҳазор рубли русӣ ҷарима баст ва ҳамзамон ҳукми ихроҷ ё депортатсияаш аз Русияро низ содир кард.

Ин шаҳрванди Тоҷикистонро муддати 25 рӯз дар боздоштгоҳи муваққатии шаҳрвандони хориҷии шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград нигоҳ дошта, баъдан маҷбур мекунанд, то ба як коғаз имзо кунад. “Ба ман чизеро шарҳ надоданд. Як коғазро доданду гуфтанд имзо мон. Ман намедонам чӣ онҷо навишта шуда буд. Имзо мондам. Пас аз имзо мондан кормандони комиссариати ҳарбӣ ба назди ман ба боздоштгоҳ омаданд. Ҳол он ки ман ҳар рӯз мегуфтам, ки ба ҷанг намеравам, вале онҳо дар ниҳоят маро ба ҷанг фиристоданд”, – нақл кардааст Далерҷон ба “Холод”.

Санаи 30-юми май Далерҷон ва чанд хориҷии дигарро аз ҳамон боздоштгоҳи хориҷиҳо ба як қисми ҳарбии воқеъ дар вилояти Ленинград интиқол додаанд (“Холод” менависад, ки рақам ва нишонии қисми ҳарбӣ дар дасташ ҳаст, вале Далерҷон хостааст, ки рақами қисми низомиро нашр накунанд).

Ҳангоме ки Далерҷон дар қисми ҳарбӣ ба масъулини он мефаҳмонад, ки ба ҷанг рафтан намехоҳад, балки мехоҳад ба Тоҷикистон баргардад. Ӯ мегӯяд, ки бо хоҳиши худ ба инҷо наомадааст ва ҳе ҷгуна шартномаеро ҳам имзо накардааст.  Вале дар ҷавоб ба ӯ мегӯянд, алакай ҳама чиз ҳал ва тамоми ҳуҷҷатҳо имзо шудаанд ва акнун ту танҳо пас аз зиндон нишастан метавонӣ ба ватанат баргардӣ.

Далерҷон дар сӯҳбат бо “Холод” гуфтааст, ки “шиносномаамро аз дастам гирифтанд. Ҳамроҳи ман як нафар шаҳрванди Ӯзбекистон низ ҳаст. Ӯ ҳам намехоҳад ба ҷанги Украина равад. Вале афроди боқимонда дар ин қисми ҳарбӣ, ихтиёриҳо ҳастанд. Онҳо бо ихтиёри худ ба ҷанг рафта истодаанд. Ҳар рӯз барои машқ ба тирпарронӣ мераванд, вале ман дар тамринҳо иштирок намекунам”.

Ин шаҳрванди Тоҷикистон рӯзи шанбе, 3-юми июни соли 2023 ба сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия ва консулгарии Тоҷикистон дар Петербург занг задааст, вале натавонистааст бо касе аз дипломатҳои тоҷик тамос бигирад. Идораи нашрияи “Холод” низ бо мақсади ба самъи сафорат ва консулгарии Тоҷикистон расонидани ҳолати ба сари Далерҷон омада  нома ирсол карда, қазияи ин шаҳрванди Тоҷикистонро шарҳ додааст. Вале то замони нашри гузоришаш идораи “Холод” ҷавобе аз ҷониби намояндагиҳои Тоҷикистон дар Русия дастрас накардааст.

Валентина Чупик, як ҳомии  ҳуқуқи муҳоҷирон, ки худи ӯ низ аз Русия ихроҷ шуда ва ҳоло дар Амрико ба сар мебарад, дар суҳбат бр шабакаи телевизионии “Дождь” тасдиқ кардааст, ки “шаҳрванди Тоҷикистон аз боздоштгоҳи муваққатӣ, ки мебоист аз Русия ба Тоҷикистон ихроҷ карда мешуд, ба ҷанг фиристода шуд”.

Хонум Чупик гуфт, ки “ин бача қариб, ки ба забони русӣ ҳарф зада наметавонанд. Ин маънои онро дорад, ки дар он коғаз чӣ навишта шуда буд, ӯ сарфаҳм намеравад”.

То ин дам чандин тан аз шаҳрванди Тоҷикистон аз зиндонҳои Русия ба ҷанги зидди Украина ҷалб карда шуда буданд, ки танҳо пас аз кушта шуданашон маълум шуд, ки онҳо дар ҷанг иштирок намудаанд. То ба ҳол ягон маълумоти дақиқе нест, ки шаҳрвандони Тоҷикистон аз зиндонҳои Русия бо хоҳиши худ ба ҷанг мераванд ва ё мақомоти Русия маҷбуран онҳоро ба ҷанг мефиристад. Вале дар ҳар сурат, то имрӯз дар бораи ҳалокати тақрибан 100 тоҷик, аз ҷумла беш аз 30 маҳбуси тоҷик дар ҷанги Украина хабарҳо ба даст расидаанд.

Рӯзи 15-уми октябри соли 2022 ду шаҳрванди Тоҷикистон Тоҷикистон Эҳсон Аминзода ва Меҳроб Раҳмонов дар як тамрингоҳи низомӣ дар вилояти Белгород ба таври мармуз 11 низомии русро кушта буданд ва дар натиҷаи оташи ҷавобӣ аз сӯи низомиёни рус ҳардуи онҳо низ кушта шуданд.

Он замон хешовандони Эҳсон Аминзода (Эҳсони Тоҷиддин) ба расонаҳо гуфта буданд, ки “Эҳсон дар санаи 10-уми октябри соли 2022 дар назди истгоҳи метрои Люблинои Маскав ғайб зада, пас аз гузашти 6 рӯз дар санаи 16-уми октябр хабари маргаш расонаӣ шуд”.

Чӣ гуна Эҳсоне, ки шаҳрвандии Русияро надошту дар як тарабхонае дар Маскав бо патент кор мекард, дар Белгород ва он ҳам дар як тамрингоҳи низомӣ пайдо шуд?, аз суолҳои беҷавоби ин қазия аст.

Вале гуфта мешавад, шаҳрванди дигарии Тоҷикистон, ки дар ин ҳодиса кушта шуда буд, Меҳроб Раҳмонов, пештар зиндонӣ шуда, ҳукми худро дар маҳбасе дар вилояти Брянск сипарӣ мекард. Ӯ гӯё бо ваъдаи авф ва озодӣ барои иштирок дар ҷанги зидди Украина розӣ шудааст. Вале барои тасдиқи ин фарзия далеле вуҷуд надорад. Ин ҳам маълум нашуд, ки ин ду муҳоҷири тоҷик барои чӣ дар тамрингоҳ 11 нафарро парронданд?

Қазияи Далерҷон аз аввалин далелҳоест, ки бо далелҳои шайъӣ аз иддаои гӯё “ихтиёрӣ” ба артиши Русия пайвастани муҳоҷирони тоҷик бароиа иштирок дар ҷанги зидди Украина парда мебардорад.

Ба назари коршисонони ҳарбӣ, артиши Русия аз сабаби дар ботлоқи ҷанги зидди  Украина дармондану хисороти ҳангуфти инсонӣ доданаш сахт заиф шудааст ва аз нерӯи инсонӣ танқисии ҷиддӣ кашида истодаанд. Аз ин рӯ мақомоти Русия барои ҷалби нирӯҳои нав ба ҷанги зидди Украина аз тамоми роҳҳои мавҷуда, ба қавли маъруф, “ё ба зӯрӣ ё ба зорӣ ё ба зар” истифода намуда истодааст. Бисёриҳо мавҷи ахири таъқиби муҳоҷирони тоҷик дар Русияро низ ба ҳамин азми ҷалби шумори ҳарчӣ бештари тоҷикҳо ба ҷанги зидди Украина рабт медиҳанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. ДУругнависи ро бас куненд!!! Мардума шумо дар тахлука меандозед бо хабархои дуругинатон!!!!

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button