ВидеоҶомеа

БОЗДОШТИ МУДИРИ ЯК МАКТАБИ МИЁНА ДАР ШӮРООБОД БО ГУМОНИ БАДРАФТОРИИ ҶИНСӢ НИСБАТ БА ДУ ХОНАНДА

Мудири як мактаби миёнаро дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин (собиқ Шӯрообод) дар ҷануби Тоҷикистон бо гумони озори ҷинсии ду хонандаи мактаб боздошт кардаанд.

Мақомот расман ҳодисаро шарҳ надодаанд, вале як манбаъ аз мақомоти интизомӣ бо шарти зикр нашудани номаш рӯзи 4-уми июн дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки Г. Н, мудири ин мактабро барои “рафтори берун аз одоби педагогӣ бо хонандагон” дастгир кардаанд.

Ӯ гуфт, ду хонандаи синфҳои 10 ва 11-и ин мактаб шикоят кардаанд, ки мудири мактаб талоши ба бадани онҳо даст расондан кардааст.

Ҳанӯз нисбат ба мудири мактаб парвандае боз нашудааст ва ба гуфтаи мусоҳиби Радиои Озодӣ, ӯ ҳоло дар шӯъбаи КДАМ дар ин ноҳия нигаҳдорӣ мешавад.

Наздикони мудири мактаб нахостанд мавзуро шарҳ диҳанд, вале гуфтанд, ки ба бегуноҳиаш бовар доранд ва умедворанд, ба зудӣ раҳо мешавад.

Дар гузашта низ чанд мавриди боздошти омӯзгорон бо гумони озори ҷинсӣ ва таҷовузба номуси хонандагон расонаӣ шуда буд.

Аз ҷумла, ду соли пеш омӯзгори як мактабро барои таҷовузи хонандае ба 17 соли зиндон маҳкум карда буданд.

Тирамоҳи соли 2019 додгоҳи ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон омӯзгори яке аз мактабҳои шаҳри Норакро бо гуноҳи, ба истилоҳ, рафтори шаҳвонӣ, ба 17,5 соли зиндон маҳкум кард.

Манбаъ: Радиои Озодӣ

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button