ВидеоМинтақа ва ҷаҳонХабарҳои кӯтоҳҲодиса

САДҲО КУШТАЮ ЗАХМӢ БАР АСАРИ БАРХӮРДИ ҚАТОРҲОИ РОҲИ ОҲАН ДАР ҲИНДУСТОН (ВИДЕО)

Шом 2 июни соли 2023 бар асари бархӯрди чанд қатори роҳи оҳан дар аёлати Одиша дар шарқи Ҳиндустон дастикам 288 нафар кушта шуда, ҳудуди 900 тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Мақомот мегӯянд, шумори қурбониёни ин фалокат метавонад боз ҳам биафзояд. Ин маргбортарин садамаи қаторҳо аз соли 1981 ба ин тараф аст, ки он вақт бар асари ҳангоми тӯфон ба дарё сарозер шудани як қатори мусофирбар тақрибан 800 нафар ҷон бохта буд.

Бино ба хабарҳо, қатори мусофирбари суръатбаланде, ки дар хатсайри “Шалимар-Коромандел” ҳаракат мекард, тақрибан соати ҳафти шом ба вақти маҳаллӣ, банохост аз роҳи худ берун шуд ва чанд вагонаш зери чархҳои  қатори экспресси “Есвантпур-Хаора” мондааст. Ин қатори экспресс бо хатти дигари роҳи оҳан ҳаракат дошт.  Ба гуфтаи мақомоти Ҳиндустон, баъди ин қаторҳои мусофирбар боз ба як қатори боркаш, ки дар роҳ меистод бархӯрдаанд.

Бино ба хабарҳо, ба ҷои ҳодиса беш аз 200 мошини “Ёрии таъҷилӣ” сафарбар гардида, беш аз 100 табибро иловатан барои навбатдорӣ даъват кардаанд. Шоҳидон мегӯянд, ки мусофирони зиндамонда аввалин шуда ба кумаки ҳамқисматони худ расиданд ва чандин нафарро аз зери харобаҳои вагонҳои чаппашуда берун оварданд.

Сарвазири Ҳиндустон Нарендра Моди ба наздикони қурбониёну осебдидагарон изҳори ҳамдардӣ кард ва гуфт, амалиёти наҷот идома дорад ва мақомот тамоми кори мумкинро анҷом хоҳанд дод, то ки ба осебдидагон кумаки лозим расонда шавад. Дафтари сарвазир рӯзи 3 июн хабар дод, ки Моди шахсан ба аёлати Одиша рафтааст, то бо вазъият аз пеш ошноӣ пайдо кунад.

Яке аз мусофирони зиндамонда ба хабаргузории ANI нақл кардааст, ки вақте садама рух дод, ба болои ӯ якбора 10 ило 15 кас афтоданд. “Дасту гардани ман осеб дид. Вақте аз вагон мебаромадам, одамонеро дидам, ки даст ё пои худро аз даст додаанд, касоне ҳам буданд, ки рӯяшонро дида намешуд”, – нақл кардааст ин шоҳид.

Ҳиндустон баробари Хитой беш аз 1,4 миллиард аҳолӣ дорад.

Шабакаи роҳҳои оҳани Ҳиндустон яке аз бузургтарин дар дунё ба шумор мераванд. Вале бо вуҷуди садҳо миллион доллар сармоягузории ҳукумат ба барномаҳои таъмини бехатарӣ, дар роҳҳои оҳани Ҳиндустон ҳамчунон садамаҳо зиёд рух медиҳанд.

Аз ҳамаи садамаи пурқурбонӣ дар таърихи роҳҳои оҳани Ҳиндустон соли 1981 вақте рух дод, ки ҳангоми тӯфон як қатори мусофирбари пуриздиҳом дар аёлати Биҳар дар шарқи ин кишвар  ба дарё сарозер шуд. Дар он фалокат дастикам 800 нафар кушта шуданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button