Хабарҳои кӯтоҳ

КОРДКАШӢ БА САРИ ЗАН ДАР КӮЧАИ ГУЛДАСТА, 2 ҚАЛЛОБӢ БО ТИЛЛОВОРӢ ВА ДУЗДИИ 3 САР ЧОРВО

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 03.06.2023

Боздошт гардидани марди авбош

087

Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ аризаи зани 33- сола ва ҷавони 25-солаи сокинони ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки 1-уми июни соли 2023, тахминан соати 21:30-дақиқа дар назди боғчаи “Деу”, воқеъ дар кӯчаи Гулдаста аз ҳиссияти авбошӣ марди 31-солаи сокини ноҳияи Варзоб, ки пеш бо моддаи 391 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, онҳоро мавриди лату кӯб қарор дода, сипас, бо корди дар дасташ буда, ба қисмати сари зани 33-сола задааст.
Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Ошкор гардидани қаллобии ду нафар зан вобаста ба хариду фурӯши тилло

049

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавсӣ аризаи зани 54-солаи сокини шаҳри Бӯстон ворид гардидааст, ки соли 2021, зани 37-солаи сокини пойтахт бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ ба маблағи 9 ҳазору 150 доллари амрикоӣ ҷавоҳироти тиллоиро нархгузорӣ карда гирифта, онҳоро фурӯхта, маблағашро то ҳол барнагардонидааст.
Инчунин, ба ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза зани 31-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров муроҷиат намудааст, ки моҳи декабри соли 2022, зани 50-солаи сокини шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ ба маблағи 60 ҳазор доллари амрикоӣ ҷавоҳироти тиллоиро нархгузорӣ карда гирифта, ҷавоҳиротро фурӯхта, маблағашро то ҳол барнагардонидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Ифшо гардидани якчанд дуздии чорвои калони шохдор

048

Ба ШВКД дар шаҳри Турсунзода бо ариза марди 45-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки шаби 1 ба 2-юми июни соли 2023, тахминан соати 02:25-дақиқа шахси номаълум бо тариқи пинҳонӣ аз назди заминҳои хоҷагидориаш 1-сар чорвои калони шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 31-солаи сокини ҳамин шаҳр бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Зарари расонидашуда 10 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Инчунин, ба ШВКД дар ноҳияи Кӯшониён аризаи марди 35-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки шаби 28 ба 29-уми майи соли 2023, тахминан соати 01:20-дақиқа шахсони номаълум бо тариқи пинҳонӣ аз дохили оғилхонааш 1-сар чорвои калони шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 14 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 30-солаи сокини ноҳияи Ҳамадонӣ, бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Ҳамзамон, номбурда 31-уми майи соли 2023, тахминан соати 06:20-дақиқа бо тариқи пинҳонӣ аз заминҳои бекорхобида 1-сар чорвои калони шохдори марди 61-солаи сокини ноҳияи Кӯшониёнро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 10 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳамин тариқ, номбурда 19-уми майи соли 2023, тахминан соати 05:20-дақиқа бо тариқи пинҳонӣ аз заминҳои хоҷагии деҳқониии марди 47-солаи сокинои ҳамин ноҳия 1-сар чорвои калони шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 7 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button