Хабарҳои кӯтоҳҲодиса

ҲАЛОКАТИ ЯК ЗАНИ СОЛХӮРДА ВА ДУ НОБОЛИҒ ДАР СЕ САДАМА ДАР ЁВОН, ДАНҒАРА ВА КӮЛОБ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки тайи ду рӯзи аввали моҳи июни соли 2023 бар асари се садама дар ҳудуди ноҳияҳои Ёвону Данғара ва шаҳри Кӯлоб се нафар: як зани 65-сола ва ду ноболиғ: навраси 17-сола ва духтари 12-сола ҷон бохтаанд.

Аз ҷумла шаби 1-уми июни соли 2023, тахминан соати 21:30, ронандаи мошини тамғаи “Мерседес-Бенс”, Сарибоев Умар Худойбердиевич, соли таваллудаш 1993, сокини ноҳияи Ёвон, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи А.Ҷомӣ ба самти ноҳияи Ёвон, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ҳаёти Нави ноҳияи Ёвон аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, бо скутери таҳти идораи ноболиғ, Бӯриев Исломиддин Султонмуродович, соли таваллудаш 2006, сокини ноҳияи мазкур бархӯрдааст. Дар натиҷа ронандаи скутер, Бӯриев И.С. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Ҳамин тавр, нимаи аввали рӯзи 2-юми июни соли 2023, тахминан соати 10:30, ронандаи мошини тамғаи “Опел-Астра”, Набиев Холбозор Шокирович, соли таваллудаш 1956, сокини ноҳияи Восеъ, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Кулоб”, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Себистони ноҳияи Данғара аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба девори оҳанини муҳофизатии канори рости роҳ бархӯрдааст. Дар натиҷа мусофири ин мошин Азимова Латифа Исмоновна, соли таваллудаш 1958, сокини ноҳияи Восеъ, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ҷон додааст.

Ҳамчунин, нимаи аввали рӯзи 2-юми июни соли 2023, тахминан соати 10:40, ронандаи мошини тамғаи “Опел-Астра”, Сафаров Муқимҷон Идишоевич, соли таваллудаш 1994, сокини шаҳри Кӯлоб, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Муъминобод ба самти шаҳри Кӯлоб, дар ҳудуди маҳаллаи С.Вализода аз уҳдаи рондани воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ноболиғ, Абдуллоева Марям Холовна, соли таваллудаш 2011, сокини шаҳри Кӯлобо пахш намудааст.
Дар натиҷа ноболиғ, Абдуллоева М.Х. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози садамаҳо пурхатар ба шумор мераванд. Танҳо дар моҳи майи соли ҷорӣ, бино ба ҳисобҳо, бар асари садамаҳо дар рорҳои ҷумҳурӣ то 40 нафар ба ҳалокат расидаанд. Бино ба омори ВКД, соли 2022 бар асари 1096 садама дар роҳҳои ҷумҳурӣ 416 нафар ба ҳалокат расида, 1197 тани дигар маҷруҳ шуданд. Соли 2021 бошад дар роҳҳои Тоҷикистон дар натиҷаи 1102 садама 395 нафар ҷон бохта, 1217 тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Мутаассифона, садҳо нафар аз ин қурбониёни садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон кӯдакону наврасонанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button