ВидеоТиб ва беҳдошт/Муҳити зистҶомеа

ВОКУНИШИ ДОДСИТОНИИ КУЛ БА ХАБАРИ “БОМДОД” ДАР БОРАИ ҚАТЛИ ДОКТОР АКРАМОВ (ВИДЕО)

Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 2 июни соли 2023 бо нашри як изҳорот ба гузориши сомонаи “Бомдод” бо номи “Табиби бемористони “Истиқлол” Муҳаммадалӣ Акрамовро дар пеши чашми ҳама зада-зада куштанд…”  вокуниш  нишон дода, ин ҳодисаро чунин шарҳ додааст:

19 майи соли 2023, тахминан соати 14:00 дақиқа, ноболиғ Муродов Бобоҷон Фирдавсович, соли таваллудаш 2005, ки дар автомашинаи мусофиркашонии хатсайри №8, тамғаи “Мерседес- Спринтер”, рақами қайди давлатиаш 86-03 ТТ 05, таҳти идоракунии ронанда Пиров Темур Сироҷиддинович, ба ҳайси ҷамъоварандаи маблағи роҳкиро (кондуктор) фаъолият мекард, ҳангоми дар назди роҳи мошингарди ҳудуди деҳаи Чоряккорони ноҳияи Рӯдакй қарор доштанаш, бо шаҳрванд Акрамов Маҳмадалӣ Сайдалиевич, санаи таваллудаш 12 ноябри соли 1963, сокини шаҳри Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи Зарафшон-1, бинои 2, хонаи 5, ки духтури Муассисаи давлатии Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” будааст, дар заминаи муносибати дағалии байниҳамдигарй, муноқиша кардааст.

Дар ҷараёни муноқиша, бино ба фарзияи додситонӣ, Акрамов М.С. ба нақлиёти мусофиркаш нанишаста, ба суроғаи модари Муродов Б.Ф. дашномҳои қабеҳ медиҳад. Ноболиғ Муродов Б.Ф., бинобар аз ҷониби Акрамов М. таҳқир гардидани модараш, бо истифодаи зӯроварӣ, бо мушти дасти росташ ба рухсораи шаҳрванд Акрамов М.С. зарба задааст. Дар натиҷа Акрамов М.С. ба замини мумфарш афтида, дар натиҷаи бархӯрдани сараш ба он, ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст.

Баъдан аз тарафи худи ноболиғ Муродов Б.Ф. ва дигар шахсони дар ҷои ҳодиса ҳузурдошта, духтур Акрамов М.С. барои расонидани ёрии тиббӣ ва табобат ба беморхонаи шаҳраки “Шифобахш”-и шаҳри Душанбе интиқол дода шуда, бистарӣ карда шудааст.

Бо вуҷуди ба ҷабрдида Акрамов М.С. дар беморхона расонидани кӯмак ва табобати зарурии тиббй, номбурда санаи 27 майи соли 2023, пас аз 8 шабонарӯз, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Мувофиқи хулосаи экспертизаи судӣ-тиббӣ аз 30 майи соли 2023, осеби кушодаи рахнашудаи вазнини косахона ва майнаи сар, шикасти хати устухони фарқу чакка аз тарафи рост, ҳамрав бемории фишорбаландии шараёни хун дараҷаи 3, хатари 4, сабаби марги номбурда гардидаанд.

Оиди ҳодисаи мазкур аз тарафи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати ноболиғ Муродов Бобоҷон Фирдавсович бо моддаи 110 қисми 3 банди “в” (қасдан ба саломатӣ расонидани зарари вазнине, ки аз беэҳтиётӣ боиси фавти ҷабрдида гардидааст) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, номбурда ба ҳабс гирифта шудааст.

Додситонӣ гуфт, тафтишоти пешакии парвандаи ҷиноятии мазкур идома дорад.

Додситонии кул дар умум хабари “Бомдод” дар бораи қатли табиби собиқадор Муҳаммадалӣ Акрамовро тасдиқ кардааст ва танҳо ба як нуктаи омада дар гузориш эрод гирифтааст: “Бо омӯзиши маводҳои парвандаи ҷиноятӣ ҳолати аниқи ҳодиса маълум карда шуд, ки хабар дар мақолаи “Табиби бемористони “Истиқлол” Муҳаммадалӣ Акрамовро дар пеши чашми ҳама зада-зада куштанд…”, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардидааст, дар қисмати “дар наздикиҳои маҳаллаи Зарафшон байни билетчинаку ронанда аз як тараф ва як пирамарди мусофир аз тарафи дигар баҳс ба амал омадан ва бетараф наистода, ба ҳимоят аз он мӯсафеди таҳқиршуда сухан гуфтани Акрамов М.С., инчунин дар истгоҳи охирин фаромадани Акрамов М.С. ва дар ҳамин вақт билетчинак монтировка дар даст, давида омада бо он ба сари Акрамов М. як зарба задану боз бо ронанда якҷоя ба сару рӯи ӯ чанд шатта зада, маршруткаашонро ронда рафтанашон” асоси воқеӣ надорад”.

Муҳаммадалӣ Акрамовро 28 майи соли 2023 дар қабристони маҳаллаи Зарафшони шаҳри Душанбе ба хок супориданд.

Муҳаммадалӣ Акрамов соли 1965 дар деҳаи Яшми ҷамоати Шулмаки ноҳияи Ғарм  (ҳоло Рашт) ба дунё омада, соли 1988 Донишкадаи тиббии Душанберо хатм карда буд. Ӯ солҳои зиёде дар беморхонаи Қарияи боло ва чанд соли охир дар беморхонаи “Истиқлол” кор мекард…

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button