ВидеоМуҳоҷиронНомаҳо ба президентТиб ва беҳдошт/Муҳити зистҶомеа

ИН ЧӢ БЕДОДИСТ? МАҚОМОТИ РАШТ ДУ МАЪЮБРО АЗ ХОНАЕ, КИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТУҲФА КАРДА БУД, ПЕШ КАРДААНД (ВИДЕО)

Мақомоти ноҳияи Рашт рӯзи 1 июни соли 2023, ки иттифоқан Рӯзи байналмилалии ҳимояти ҳуқуқи кӯдакон ҳам буд,  ду хоҳари маъюби модарзод: Мадина ва Меҳрона Маҷидзодаро аз манзили якҳуҷрагии масоҳаташ 43,52 метри мукааб, ки соли 2009 президенти Тоҷикистон ба ин хонаводаи иборат аз 4 маъюб туҳфа карда буд, пеш кардаанд.

Ин кор рӯзи 1 июн, тақрибан соати дуи баъди пешин сурат гирифта, тавре дар видеои ба идораи пойгоҳи хабарии “Бомдод” фиристодашуда дида мешавад, судиҷрочиён ва дигар намояндагони мақомот тамоми кӯрпаву болишту кӯрпача ва дигар чизу чораи ин хонаводаи фақирро аз ҳуҷраашон, ки дар қабати дуюми як бино дар кӯчаи Боқӣ Раҳимзодаи шаҳраки Ғарм, маркази ноҳияи Рашт ҷойгир шудааст, бидуни чуну чаро бароварда, ба берун партофтанд.

Ганҷинаи Соҳибназар, раиси маҳаллае, ки ин хоҳарони маъюб ба сар мебаранд, рӯзи 2 июни соли 2023 ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” гуфт, ки ба бахти бади Мадинаву Меҳрона баъди ба берун бароварда, партофтани чизу чораи ин ду бечора дар Ғарм борони сахт борид ва ҳама чизу чораашон тар шуд.

“Мо якҷо бо ҳамсояҳо чизу чораи онҳоро дароварда, дар даромадгоҳ ва таҳхонаи бино дар роҳрав муваққатан ҷой кардем. Худи Мадинаю Меҳрона, ки ба дари хонаашон қуфли нав задаанд, ин шабро дар даромадгоҳ, дар рӯи зинаҳо рӯз карданд”, – нақл кард раиси маҳалла.

Бино ба иттилои дарёфтӣ, дар асоси қарори додситони ноҳияи Рашт, Маҷидзода Мадина Обидхоҷа гӯё барои … қарздор шуданаш аз ҳаққи иқомат дар ин манзил маҳрум карда шуда, ин хонаро билофосила бо як қарори дигари раиси ҳукумати ноҳияи Рашт Раҳимҷон Муқимӣ ба модари сарбозе, ки дар задухӯрдҳои мусаллаҳонаи соли 2022 дар марз бо Қирғизистон кушта шуд, туҳфа кардаанд.

Албатта, арзи сипосу миннатдории ҳукумат ба хонаводаҳое, ки фарзандонашон дар роҳи ҳифзи марзу буми кишвар шоистаи дастгирӣ аст, вале ин кор набояд аз ҳисоби ба кӯча партофтани кӯчу банди як оилаи маъюб сурат бигирад. Ва он ҳам аз ҳисоби хонае, ки дар вақташ аз номи президент ба як хонаводаи иборат аз 4 маъюб туҳфа шуда буд.

Бино ба иттилои дарёфтӣ, бо супориши президенти Тоҷикистон ин хонаро соли 2009 ба аммаи Мадинаю Меҳрона, ки ӯ ҳам маъюби модарзод буд, туҳфа кардаанд ва онҳо дар ин манзили якҳуҷрагӣ 4 нафар: аммаву падари ин ду хоҳар ва худи Мадинаю Меҳрона ба сар мебурданд. Мушкили онҳо соли 2021 баъди даргузашти аммаашон сар шуд, чунки мақомоти ноҳияи Рашт аз гузарондани ин манзил ба номи ин ду хоҳар, ки дар ҳамин чордевори танг ба воя расиданд, даст кашиданд.

Мадина, ки алакай ба воя расидааст, рӯзгори худашу хоҳари ҳанӯз мактабхонашро аз ҳисоби дӯзандагӣ пеш мебурд. Ӯ як мошинаи дарздӯзие харида, куртаҳои занона медӯхт ва барои ҳар курта ба вай 10 ило 15 сомонӣ медоданд. Ҳамин тавр, бархе мардуми дастбахайр ва ҳамсояҳо ба Мадинаю Меҳрона дасти кумак дароз мекарданд ва хоҳарон  аз ҳамин ҳисоб рӯз пеш мебурданд ва пули барқи хонаашонро ҳам ҳар моҳ месупурданд (аз онҳо ҳамчун оилаи маъюб пули дигар хидматҳои коммуналӣ ба мисли пули обу партов ва пули ҳоҷатхона, ки дар рӯи ҳавлист, намегирифтанд). Бояд гуфт, барои ин ду хоҳари маъюб, ки дар қабати дуюм хона доштанд, ҳар дафъа болову поён шудан то қабати дуюми бино ба сари худ як азоби алим буд, вале он ҳама бо ин ки ҳоло дар кӯча монданд, қобили қиёс нест.

Ҳоло Мадина ва Меҳрона ба президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муроҷиат карда, хостори дастгирии онҳо дар ин рӯзи сахт дар муқобили бедодии мақомоти маҳаллӣ шудаанд. Онҳо ҳеҷ намефаҳманд, ки чӣ гуна мақомоти ноҳияи Рашт тавонистанд обрӯи президентро пушти по зада, хонаеро, ки ӯ ба як оилаи маъюбон туҳфа карда буд, ба чунин сурати хушунатомез аз дасти онҳо кашида бигиранд ва кӯчу банди онҳоро бидуни ягон тараҳҳум дар кӯча партоянд.

Мадина ва Меҳрона ҳамчунин ба ҳамаи ҳамватанони муҳоҷири дастбахайр, ба хусус ба Раҳимҷон Бобоҷонов, маъруф ба Раҳими Ғармӣ, ки бо амалҳои эҳсонкории худ ном баровардааст, муроҷиат карда, хостори кумак барои наҷот аз ин вартаи навмедӣ ва беилоҷӣ дар зиндагиашон шудаанд.

Онҳое ки мехоҳанд ба Мадина ва Меҳрона кумаке бирасонанд, метавонанд ба ин корти бонкӣ  кумаки худро гузаронанд:

Душанбе Сити

9762 0000 7468 58 42

Ин корт бо рақами телефони Мадина Маҷидзода пайваст аст:

+992988976550

ТАВАҶҶУҲ!

Алакай бархе қаллобон кӯшиш кардаанд, ки бо баҳонаи гӯё кумак  аз хушбоварии ин ду хоҳари маъюб сӯиистифода карда, ҳисоби бонкиашонро холӣ кунанд. Аз ҳама гуна қаллобон хоҳиш мекунем, ки агар майлу имкони кумак кардан надоранд, пас, аз барои Аллоҳ, ҳадди ақал чунин мардуми бечораву муштипарро фиреб надиҳанд!

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button