ВидеоТоҷикистонҲодисаҶомеа

ТАФСИЛОТИ ҚАТЛИ ДОКТОР АКРАМОВ АЗ СӮИ ПУЛЧИНАКИ МАРШРУТКАИ №28 (ВИДЕО)

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон шоми 31 майи соли 2023 дар нашри навбатии барномаи “Ахбори ВКД” хабари ду рӯз пеш нашркардаи пойгоҳи хабарии “Бомдод” дар бораи аз тарафи пулчинаки як маршрутка кушта шудани табиби беморхонаи “Истиқлол” Муҳаммадалӣ Акрамовро тасдиқ кард ва гуфт, нафари муттаҳам – навраси 17-солаи сокини ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба ҳабси пешакӣ гирифта шудааст.  ВКД гуфт, ин куштор аз ҷониби кормандони ШВКД-1 ноҳияи Рӯдакӣ ошкор карда шудааст.

Бино ба фарзияи мақомот, рӯзи 19 майи соли 2023, тахминан соати 14:40, ноболиғи 17-солаи сокини ноҳияи Сино дар роҳи деҳаи Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ бо Акрамов Муҳаммадалӣ, соли таваллудаш 1963, сокини шаҳри Душанбе ва табиби беморхонаи “Истиқлол”, баҳсу мунозира карда, бо истифода аз зӯроварӣ бо мушт ба рӯи Акрамов як зарба задааст, ки дар натиҷа, Акрамов ба замин афтода, сараш ба бетони канори роҳ бархӯрдааст.

Худи ин наврас ҷараёни ҳодисаро чунин нақл кард: “Дар истгоҳи Чоряккорон манъ карданд. Се кас буд. Дуяш дар қафо нишастанд. Ҳамон мардак гуфт, ки ман дар пеш мешинам. Гуфтам, ки амакӣ, пеш маҳкам аст, аз қафо бишин. Барои ҳамин қадар гап дарро пӯшиду очаатро фалон кунам гуфт. Баъд маро ҳам сарам вайрон шуд, фаромадам, як мушт дар бари рӯяш задам, ки ғалтид. Баъд дидам, ки аз сараш хун рехта истодааст, гирифтем, дар маршрутка бораш кардем ва зуд ба беморхона бурдемаш…”

Акрамов рӯзи 28 май бар асари ҷароҳатҳои вазнини барои ҳаёт ва саломатӣ хатарнок дар бемористон ҷон дод. Намояндаи ШВКД-1 ноҳияи Рӯдакӣ, ки номаш гуфта нашуд, дар ин гузориш хабар дод, ки “22 майи соли 2023 аз ҷониби шуъбачаи тафтишотии милитсияи ин ноҳия дар робита ба ин ҳодиса нисбат ба ноболиғ бар асоси моддаи 110, қисми 3, банди “в”, яъне расондани осеби вазнин ба саломатӣ, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги ҷабрдида гаштааст, парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, номбурда дар ҳабси пешакӣ қарор дорад”.

Маркази матбуоти ВКД дар гузоришаш бидуни бурдани номи пойгоҳи хабарии “Бомдод”, ки аввалин шуда, хабари куштори доктор Акрамовро расонаӣ кард, дар ин гузориш гуфт, хабарҳои паҳнгардида дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи ин ки гӯё марҳум Акрамов ба воситаи олати оҳанин, ба истилоҳ “монтировка” аз ҷониби ду нафар латукӯб гардидааст, асоси воқеӣ надорад.

Аммо фарзияи ВКД саволҳо ва шубҳаҳои зиёдеро дар зеҳнҳо эҷод мекунад. Аз ҷумла намояндаи милитсияи Рӯдакӣ мегӯяд, ки ба зидди наврас ҳанӯз рӯзи 22 май бо иттиҳоми расондани осеби вазнин ба саломатӣ, ки боиси марги ҷабрдида шудааст, парванда кушодаанд. Оё милитсия бо ин иттиҳом чӣ гуна рӯзи 22 май метавонист парванда кушояд, вақте ки Акрамов рӯзи 28 май ҷон дод?

Манбае, ки ба “Бомдод” хабари куштори доктор Акрамовро дод, фарзия гӯё бо як зарбаи мушт кушта шудани ӯро низ зери шубҳа мегузорад ва мегӯяд, як наврас чӣ гуна метавонист як марди баркамолро бо як мушт аз по афтонад ва ончунон маҷруҳ кунад, ки ӯ бимирад? Манбаи “Бомдод” ҳамчунон исрор меварзад, ки доктор Акрамовро бо монтировка зада куштанд.

Ӯ иддаои гӯё аз ҷониби худи ронандаву пулчинакаш ба беморхона бурдани ҷабрдидаро рад мекунад ва мегӯяд, ки ин ду нафар баъди латтукӯби доктор Акрамов ба мошини худ нишаста, ҷои ҳодисаро тарк кардаанд ва ҷабрдидаро раҳгузарони дигар ба бемористон бурдаанд.

Ҳамин тавр, чунин ба назар мерасад, ки ин наврасро танҳо баъди нашри гузориши “Бомдод” ва расонаӣ шудани хабари куштори доктор Акрамов ба ҳабс гирифтаанд, чунки қаблан наздикони марҳум аз он нигаронӣ доштанд, ки то ҳол барои қатли ӯ касе дастгир нашудааст ва ронандаи маршрутка ва пулчинаки ӯ, ки хешовандони Муҳаммадалӣ Акрамов онҳоро гунаҳкор мекарданд, дар озодӣ қарор дошта, ҳатто дар ҳамон хатсайри №28 ҳамчунон ба мусофиркашонӣ машғуланд.

Ҳамчунин рӯзи 30 май, ҳамагӣ чанд соат пеш аз нашри барномаи “Ахбори ВКД”, маркази матбуоти ВКД ба сомонаи маҳаллии Пресса.Тҷ хабар дода буд, ки “аз сабаби он, ки кондуктор ноболиғ аст, то поёни тафтишот дар озодӣ, вале зери назорат хоҳад буд”.

Чизи дигари баҳсбарангез баёноти наврас аст, ки иддао дорад, ки гӯё Муҳаммадалӣ Акрамов ӯро аз модар дашном дод ва ӯ сари қаҳр ба рӯяш як мушт зад. Онҳое, ки доктор Акрамовро мешиносанд, ин иддаоро бофта ва комилан беасос меноманд ва мегӯяд, марҳум аз он тоифа инсонҳое буд, ки дар умри худ пашаеро озор надодааст ва касе ҳам як ҳарфи дуруште аз забони ӯ нашунидааст, чӣ расад ба дашном ва он ҳам дашном ба модари як наврасе, ки аз рӯи синну сол баробари набераи доктор буд.

Чӣ қадар инсони баланд будани марҳумро, табиби шинохтаи тоҷик Абдулло Давлатов дар як марсияи пурсӯз хуб чеҳракушоӣ кардааст ва навиштааст, ӯро барои Инсон буданаш куштанд…

Манбаи “Бомдод” ҳам гуфта буд, доктор Акрамов дар дохили маршрутка аз як пирамарде, ки ронанда ва пулчинакаш ба сари ӯ борони дашному ҳақоратро фурӯ рехта буданд, ҳимоят кардааст ва ронандаву пулчинак он мӯсафедро як тараф гузошта, ба Акрамов часпидаанд ва вақте ки маршрутка ба истгоҳи охирин расиду Акрамов фаромад, пулчинак монтировкаро гирифта, аз пасаш омадааст ва бо монтировка ба сари доктор задааст. Зарба чунон сахт буд, ки Муҳаммадалӣ дар паҳлӯи роҳ афтид. Ба болои ин, ронандаву билетчинакаш ба сару рӯи ӯ боз чанд шатта заданд ва табиби маҷруҳро дар рӯи роҳ партофта, маршруткаашонро ронда рафтанд.

Раҳгузарон танҳо баъди рафтани онҳо ба кумаки Муҳаммадалӣ давиданд, вале ӯ аз ҳуш рафта буд. Мошини “Ёрии таъҷилӣ”ро даъват карданд ва Муҳаммадалиро ба бемористон бурданд. Муоина нишон дод, ки аз зарбаи мoнтировка косахонаи сар шикаста, хун ба мағзи сар ворид шудааст

Муборизаи духтурон барои аз марг наҷот додани Муҳаммадалӣ Акрамов як ҳафта идома ёфт, вале мутаассифона, ӯро аз чанги наҷот дода натавонистанд.  Муҳаммадалӣ Акрамовро 28 майи соли 2023 дар қабристони маҳаллаи Зарафшони шаҳри Душанбе ба хок супориданд.

Муҳаммадалӣ Акрамов соли 1965 дар деҳаи Яшми ҷамоати Шулмаки ноҳияи Ғарм  (ҳоло Рашт) ба дунё омада, соли 1988 Донишкадаи тиббии Душанберо хатм карда буд. Ӯ солҳои зиёде дар беморхонаи Қарияи боло ва чанд соли охир дар беморхонаи “Истиқлол” кор мекард…

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button