ВидеоДин ва боварҳоМинтақа ва ҷаҳонҲуқуқи инсон

ЭЪТИРОЗИ ҲУИҲО, ЯК ҚАВМИ МУСАЛМОН ДАР ХИТОЙ БА ЗИДДИ ТАХРИБИ МАСҶИДАШОН (ВИДЕО)

Дар Хитой боз як қавми мусалмон бо номи ҳуӣ, ки асосан дар вилояти Юннани Хитой ба сар мебаранд, барои ҳимоят аз арзишҳои динии худ ба эътироз бархостаанд. Вилояти Юннан дар ҷануби ғарби Хитой, дар марз бо чанд кишвар: Таиланд, Ветнам, Лаос ва Мянмар (Бирма) ҷойгир шудааст.

Рӯзи 27-уми майи соли 2023  садҳо тан аз  ин қавми ҳуэйзу монеи тахриби боми масҷиди  таърихие дар минтақаи Тогҳай  ҷойгир шуда, ба бархӯрди тунди пулис дучор шуданд.

Дар сабти видеоии дар Интернет нашршуда дида мешавад, ки даҳҳо низомии зиреҳпӯш бо мусалмононе,  ки дар даромадгоҳи масҷид, ки макони ибодати ақалиятҳои мусалмонони ин минтақа аз қавми ҳуӣ буд, ҷамъ шудаанд, бархӯрди бераҳмона намуда, кӯшиши пароканда намудани издиҳомро мекунанд. Баъдан нерӯҳои пулис минтақаро тарк намуданду сокинони маҳаллӣ шабро дар назди даромадгоҳи масҷид рӯз карданд. Вале субҳи 28 май нирӯҳои пулис дубора ба ин масҷид фурӯ рехтанд.

Ҳукумат алоқаи имобилро дар минтақа қатъ намуда, эътирози мардумро “як амали хеле зараровар барои идораи умури ҷамъиятӣ” донист ва аз эътирозгарон талаб кард, ки худро то 6 июн ба мақомот таслим кунанд. Ба эътирозгароне, ки худро ихтиёран месупоранд, мақомот ҷазои сабуктар ваъда додаанд.

Бино ба гуфтаи ҳукумати маҳаллӣ, “баъзе аз қисматҳои масҷид, ғайриқонунӣ таъмир карда шудааст ва бо амри додгоҳ, ки соли 2020 содир шудааст, бояд аз байн бурда шавад”.

Тибқи маълумотҳо, масҷиди Наҷиайинг дар қарни 13 дар замони ҳукмронии сулолаи Минг сохта шуда, борҳо таъмир ва пардозкорӣ шудааст. Аз ҷумла ба он чаҳор манора ва боми гумбазӣ низ илова карда шудааст. Дар соли 2019 қисмате аз бинои масҷид ба рӯйхати ёдгориҳои фарҳангии таҳти ҳимоя низ шомил шуда буд.

Аммо баъди барои давраи сеюм дар мақоми роҳбари  Хитой мондани Сӣ Ҷинпинг ва идомаи сиёсатҳои динситезӣ, ҳизби ҳокими коммунист фазоро барои диндорон рӯз ба рӯз танг намуда назорати онҳоро пурзӯр карда истодааст.  Ҳукумати Сӣ Ҷинпинг аз ҷомеаи диндор ва мазҳабӣ дар Хитой садоқати мутлақи сиёсӣ ва ҳамин тавр “хитоикунӣ”-и динҳояшонро  талаб дорад.

Таъсиси пойгоҳи маълумотии ягона барои муаллимони динҳои  ислом, масеҳият ва яҳудият, масдуд намудани кумакҳои созмонҳои хайриявии хориҷӣ ба муассисаҳои динӣ, махсусан ба муассисаҳо ва созмонҳои дини ислом ва масеҳӣ, бо сабки меъмории хитоӣ сохтани биноҳои динӣ, аз ҷумла масҷидҳо, аз намунаҳои ин сиёсати динситезонаи Хитой ном бурда мешавад.

Бовар меравад, тахриби масҷиди Наҷиайинг низ рабт ба ҳамин сиёсат дорад, зеро ин масҷид дар асри 13 бо сабки меъмории шарқии исломӣ бино ёфтааст.

Дар расонаҳо бештар дар бораи аз ин сиёсатҳои исломситезонаи ҳукумати коммунистии Хитой осеб дидани мусулмонҳои уйғур аз вилояти Шинҷон дар шимолуғарби ин кишвар, ки дар маъхазҳои таърихӣ ин сарзамин бештар бо номи Қошғар маъруф аст, хабарҳо нашр мешаванд.

Дар ин минтақа ҳукумати Хитой сиёсати исломситезонаи худро таҳти номи “мубориза бо ифротгароӣ” пиёда карда, наздик ба якуним миллион ӯйғурро дар урдугоҳҳои махсус дар шароити вазнин ва даҳшатбор, ба гуфти мансабдорони хитоӣ “аз нав тарбия” карда истодаанд. Ҳамчунин, бино ба хабарҳо, мақомоти Хитой масҷидҳо ва мазору маконҳои барои мусалмонон муқаддасро дар Қошғар аз байн бурдаанд.

Вале уйғурҳо, ки забонашон аз гуруҳи забонҳои туркист, танҳо қавми мусалмони сокини Хитой нестанд.  Дар ҳамон Қошғар, дар ноҳияи Тошқӯрғон даҳҳо ҳазор тоҷик, аксаран бадахшониҳо низ ба сар мебаранд.

Ҳамин тавр, дар вилояти Юннан, хеле дар дарунтари қаламрави Хитой тақрибан 10 миллион мусалмонҳои суннӣ аз қавми ҳуӣ (ҳуэйзу, ё исиланзу, яъне қавми мусалмон) ба сар мебаранд, ки ба фарқ аз ӯйғурҳо ба забони чинӣ (лаҳҷаи мандарин) ҳарф мезананд. Бовар меравад, ки ҳуиҳо авлоди тоҷирони арабу тоҷикеанд, ки ҳанӯз 1200 сол қабл, дар асрҳои аввали зуҳури Ислом ба Хитой омада, инҷо муқим шудаанд. Онҳо ҳанафимазҳаб буда, як равияи сӯфиёнаи ин мазҳбаро пайравӣ мекунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button