ЯК ЧӮПОН ДАР МУРҒОБ ВА ЯК МАРДИ СОЛХӮРДА ДАР МОСКВА ҒАРҚ ШУДААНД

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон рӯзи 30 майи соли 2023 дар иттилоияаш аз ғарқ шудани боз ду сокини кишвар хабар дод.
Аз ҷумла рӯзи 21 майи соли 2023, тахминан соати 15:00, 42-солаи деҳаи Кӯҳнақӯрғани ҷамоати деҳоти Г. Бердибоеваи ноҳияи Мурғоби вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар шарқи Тоҷикистон нопадид шуд. Ба гуфтаи пайвандонаш, вай барои овардани чорвои худ ба самти дарёи Оқ-суу рафта, бо ҳамин бедарак шудааст. Ҷустуҷӯи ӯ аз ҷониби сокинони деҳа чанд рӯз идома дошт ва ниҳоят, рӯзи 29-уми май, тахминан соати 13:35 ҷасади ӯол аз дарёи Оқ-суу пайдо карда, ба хешовандонашон супоридаанд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда гуфт, дар кадом шароит ва бо кадом сабаб ғарқ шудани марҳум маълум нест.
Ҳамчунин, рӯзи 28 майи соли 2023, тақрибан соати 17:00, як сокини 59-солаи кӯчаи Қурбон Холиқови ҷамоати шаҳраки Москва , маркази ноҳияи Ҳамадонӣ дар ҷануби Тоҷикистон дар ҳолати мастӣ дар канал Панҷ, ки аз наздикии манзили истиқоматиаш мегузарад, ғарқ шудааст. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда гуфт, ҷустуҷӯи ҷасади ин сокини Москва чанд рӯз боз идома дорад, вале ҳанӯз натиҷа надодааст.
Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, аз аввали соли 2023 то 12 май дар кӯлу дарёву каналҳои Тоҷикистон алакай 35 нафар ғарқ шудаанд. Мутаассифона, аксари ғарқшудагон – 23 нафараш кӯдакону наврасони то синни 16 будаанд. Аз ҷумла 3 нафар тифлони то синни 4, 11 нафар – синни аз 5 то 10 ва 9 тани дигар аз синни 11 то 16. Соли 2022 дар Тоҷикистон 160 нафар, аз ҷумла 80 кӯдаку навраси то синни 17 ғарқ шуда буд.

