ВидеоТиб ва беҳдошт/Муҳити зистТоҷикистонҶомеа

ТАБИБИ БЕМОРИСТОНИ “ИСТИҚЛОЛ” МУҲАММАДАЛӢ АКРАМОВРО ДАР ПЕШИ ЧАШМИ ҲАМА ЗАДА-ЗАДА КУШТАНД…

Табиби беморхонаи “Истиқлол” Акрамов Муҳаммадалӣ Саидалиевичро рӯзи 27 майи соли 2023 дар қабристони маҳаллаи Зарафшони шаҳри Душанбе ба хок супориданд. Ӯ 58 сол дошт. Муҳаммадалӣ Акрамов, ба гуфтаи онҳое, ки ин табибро мешинохтанд, инсони хеле ҳалим ва меҳрубон буд ва бовари касе намеояд, ки ӯ на бо марги худаш аз дунё рафт, балки кушта шуд.

 Рӯзи 19 майи соли равон баъди кор Муҳаммадалӣ Акрамов ба маршруткаи рақами 28 нишаста ба хонааш, ки дар маҳаллаи Зарафшон буд, роҳ пеш гирифт. Дар наздикиҳои маҳаллаи Зарафшон байни билетчинаку ронанда аз як тараф ва як пирамарди мусофир аз тарафи дигар баҳс ба амал омад ва ронандаву кондуктор борони дашному таҳқирро ба сари мӯсафед фурӯ рехтанд.

Муҳаммадалӣ бетараф истоданро ба худ ор дониста, ба ҳимоят аз он мӯсафеди таҳқиршуда забон кушод  ва ронандаву билетчинакашро насиҳат кард. Аммо ронандаю кондуктор мӯйсаферо як сӯ монда,  ба сари ӯ борони дашному ҳақоратро фурӯ  рехтанд.

Ва вақте машрутка дар истгоҳи охирин истоду Муҳаммадалӣ аз он фаромад ва мехост сӯи хонааш равад, дар ҳамин вақт билетчинак монтировка дар даст, давида омад ва бо он ба сари Муҳаммадалӣ як зарба зад. Зарба чунон сахт буд, ки Муҳаммадалӣ дар паҳлӯи роҳ афтид. Ба болои ин, ронандаву билетчинакаш ба сару рӯи ӯ боз чанд шатта заданд ва табиби маҷруҳро дар рӯи роҳ партофта, маршруткаашонро ронда рафтанд.

Раҳгузаронг танҳо баъди рафтани онҳо ба кумаки Муҳаммадалӣ давиданд, вале ӯ аз ҳуш рафта буд. Мошини “Ёрии таъҷилӣ”ро даъват карданд ва Муҳаммадалиро ба ҷои кораш, бемористони “Истиқлол” пас оварданд. Муоина нишон дод, ки аз зарбаи монтировка косахонаи сар шикаста, хун ба мағзи сар ворид шудааст

Муборизаи духтурон барои аз марг наҷот додани Муҳаммадалӣ Акрамов як ҳафта идома ёфт, вале мутаассифона, наҷот дода натавонистанд.  Рӯзи 27 май ӯ ба Ҳақ пайваст…

Аммо норозигии хешу табори марҳум аз он аст..ки то ҳол ронандаи микроавтобус ва билетчинаки ӯ ба ҳабс гирифта нашудаанд ва ҳамчунон ба мусофиркашонӣ давом дода истодаанд.

Муҳаммадалӣ Акрамов соли 1965 дар деҳаи Яшми ҷамоати Шулмаки ноҳияи Ғарм  (ҳоло Рашт) ба дунё омада, соли 1988 Донишкадаи тиббии Душанберо хатм карда буд. Ӯ солҳои зиёде дар беморхонаи Қарияи боло ва чанд соли охир дар беморхонаи “Истиқлол” кор мекард.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button