ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

МУНОҚИШАИ СОКИНОНИ ХОРУҒ ДАР ХИЧОРДЕВ, ДУ ДУЗДӢ ДАР БАЛХӢ ВА ДУШАНБЕ ВА ҚАЛЛОБИҲО БО МОШИНУ ЗАМИН

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 30.05.2023

Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дар заминаи авбошӣ

150

Дар натиҷаи баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия мардони 33 ва 34-солаи сокинони шаҳри Хоруғ бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуданд.
Номбурдагон 21-уми майи соли 2023, тахминан соати 20:00, ҳангоми дар маҳаллаи Хичордев дар холати мастб қарор доштанашон автомашинаи тамғаи “Тойота РАВ-4” таҳти идораи марди 61-солаи сокини шаҳри мазкур қарор доштаро манъ намуда, аз ӯ хоҳиш намуданд, ки рафиқашонро то беморхона интиқол диҳанд, ки вазъи саломатиаш бад будааст.
Ҷабрдида хоҳиши онҳоро рад намудаааст. Бинобар ин гумонбаршавандагон ӯро аз ҳиссиёти авбошӣ зери лату кӯб қарор додаанд.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ ба саломатиаш бардошта дар беморхона гардидааст.
Нисбати гумонбаршавандагон парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 2 банди “к” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Боздошт гардидани нафарони ҷинояти дуздӣ содир намуда

146

Ба ШВКД дар ноҳияи Ҷ.Балхӣ аризаи марди 33-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки 15-уми майи соли 2023, тахминан соати 16:40-дақиқа, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз назди ҶДММ бозори «Баҳор» як адад дучархаи тамғаи Скутер «Утка»-ро дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 5 ҳазору 600 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангмои гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия мардони 58 ва 51-солаи сокинони ноҳияҳои Ҷайҳуну Ҷ.Балхӣ бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.
Инчунин, ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза ҷавонзани 22-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки 24-уми майи соли 2023, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди манзили истиқоматиаш шуда, аз онҷо ҷавоҳироти гуногуни тиллоиро дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 3 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 30-солаи сокини ноҳияи Данғара ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Ошкор гардидани кидорҳои қаллобӣ

157

Дар натиҷаи баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 24-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, 4-уми сентябри соли 2020, ба роҳи фиреб ба боварии марди 39-солаи сокини шаҳри Ҳисор даромада, воситаи нақлиётиаш тамғаи “Мерседес-Бенс”-ро ба маблағи 140 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ намуда, 70 ҳазор сомониашро дода боқимонда маблағҳояшро то ҳол барнагардонидааст.
Инчунин, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 32-солаи сокини ноҳияи Вахш бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Номбурда моҳи декабри соли 2022, бо роҳи фиреб ба боварии марди 40-солаи сокини ноҳияи мазкур даромада, бо баҳонаи ҷудо карда додани қитъаи замини наздиҳавлигӣ аз ӯ дар се лаҳза аз моҳи декабри соли 2022 то моҳи марти соли 2023, 56 ҳазор сомонӣ гирифта, то ҳол ваъдаашро иҷро накардааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо моддаҳои 247 қисми 4 банди “б” ва 338 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Ҳамин тариқ, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 29-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ ҳамчун гумонбар дар содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Номбурда моҳи августи 2022, дар кӯчаи Ҷ.Расулови пойтахт бо роҳи фиреб ба боварии намояндаи марди 40-солаи сокини шаҳри Душанбе даромада аз ӯ ба маблағи 79 ҳазору 445 сомонӣ маҳсулоти кимиёвии шустушӯӣ гирифта ваъда додааст, ки маблағашро дар муддати кутоҳ бармегардонад, аммо то ҳол барнагардонидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button