ВидеоФарҳангЧеҳраҳо

ДАРГУЗАШТИ ШОИРИ ТОҶИК АСАД ГУЛЗОДА, , КИ ҚАЛБАШ БА ҲОЛИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ ДАР БУХОРО МЕСӮХТ (ВИДЕО)

Асад Гулзодаи Бухороӣ, шоиру журналисти тоҷик ва яке аз муборизон дар роҳи эҳёи мактабҳои тоҷикӣ дар Бухоро, субҳи 29 майи соли 2023 дар синни 88 аз олам чашм пӯшид. Дар бораи марги шоири тоҷик наздиконаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар доданд, вале дар бораи иллати марги ӯ чизе нагуфтанд. Вақтҳои охир, аз ҷумла дар охирин мусоҳибааш бо Радиои Озодӣ дар моҳи марти соли 2023, Асад Гулзода аз вазъи саломатии худ шикоят дошт. Солҳои охир ӯ бештар дар Амрико ба сар мебурд, вале зуд-зуд барои баргузории маҳфилҳои эҷодиву нашри китобҳояш ба Бухоро ва ҳамин тавр, ба Душанбе омаду рафт дошт.

Номи Асад Гулзодаи Бухороӣ  бахусус баъди нашри як суҳбати хеле пурэҳсосаш дар бораи вазъи забони тоҷикӣ дар Бухоро ва эҳтимоли аз истифода мондану аз байн рафтани ин забон дар ин гаҳвораи тамаддуни форсӣ вирди забонҳо шуда буд. Ин аст, ки равшанфикрони тоҷик даргузашти Асад Гулзодаи Бухороиро як талафоти сангин ва, муттаассифона, дигар ҷуброннопазир дар роҳи ҳифзи забон ва фарҳанги тоҷикӣ дар Бухоро мешуморанд.

Журналист  тоҷик Одил Нозир дар як сӯгворӣ дар Фейсбук навиштааст, ки “марги чунин хоҷа на корест хурд”.

Афсӯс, сад афсӯс, ки боз як ситора хомӯш шуд… Устод Асад Гулзодаи Бухороӣ, яке аз охирин шоирони порсигӯйи Бухоро аз олам даргузаштанд. Ҳе устоде… Ҳайфо… Чӣ қадар нақшаҳо доштед… То дар Бухоро мактаби тоҷикӣ накушоям намемурам мегуфтед… Рӯҳатон шод бод, инсони далер ва ҷасур! – навиштааст Одил Нозир.

Мирасрори Фарғонӣ, яке аз маъруфтарин журналистони тоҷики муқими Ӯзбекистон, низ бо нашри хотираҳо аз суҳбатҳояш бо Асад Гулзодаи Бухороӣ ӯро “шоири дилсӯзи миллат” ва маргашро “сахт такондиҳанда” номидааст. Мирасрори Фарғонӣ аз ҷумла ин лаҳзаи дидораш бо Асад Гулзодаро нақл кардааст:

Ҳарчанд дар деҳаи дуртар аз шаҳри БухороШавгон ба дунё омадаам, Бухороро хеле дӯст медорам. Бухороро кӣ дӯст намедорад?! Бухоро ҷону дили ман аст ва онро тамоми мардуми олам дӯст медоранд!,-гуфт ифтихораш боло гирифта устод ва афзуд:-Дар ҳақи ин шаҳри куҳан шеърҳои зиёд гуфтаам. Ҳар як кӯчаву паскӯча ва ёдгориҳои таърихиву меъмории онро васф намудаам. Минбаъд низ ин рисолатро давом хоҳам дод,-гуфт устод ва инҳоро замзама кард:

Эй Бухоро,

Эй Бухоро!

Зиндаву поянда мон,

Ҷовидонӣ,

Зинда мону зинда мону зинда мон!

Асад Гулзодаи Бухороӣ 5 январи соли 1935 дар деҳаи Шавгони ноҳияи Пешкӯҳи вилояти Бухоро  ба дунё омада, баъди хатми мактаби миёна барои идомаи таҳсил ба Тоҷикистон рафтаву соли 1958 риштаи забон ва адабиёти тоҷики Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанберо хатм кардааст.

Асад Гулзода бештар барои кӯдакону наврасон менавишт. Чандин китоби шеъраш, аз ҷумла “Мурғобӣ чӣ мекобад?”, “Лафзи ширин”, “Каҳкашони орзу”,  “Гули мурод”, “Насими Бухоро” (2001), “Хатти пешонӣ” (2003), “Бухоро» (2004), “Сурӯшан”, “Шукуфаҳои Бухоро” (2004), “Намози рӯи барг”(2007) ва “Нафаси баҳор” (2007) дар Тошканду Душанбе нашр шудаанд. Асад Гулзодаи Бухороӣ аз соли 2003 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button