ВидеоИқтисод

ДАР СУҒД СОҲИБИ ЯК ФЕРМАИ ХУКРО БАРОИ ИФЛОС КАРДАНИ ОБУ ЗАМИН ҶАРИМА БАСТААНД

Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд хабар дод, ки Темиров Я.А. ном соҳибкори хукпарварро дар ҷамоати Ёвари ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ҷурми бо поруи хук ифлос кардани оби Сирдарё ва заминҳо ба маблағи 11 ҳазор 263 сомонию 94 дирам ҷарима баста, ба зиддаш парвандаи ҷиноятӣ ҳам кушодаанд.

Бино ба иттилои ин ниҳод, “ҳангоми гузаронидани амалиёти назоратии муштарак бо додситонии ноҳияи Б.Ғафуров аз тарафи нозирони шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи захираҳои оби Сарраёсат ҳолати ифлосшавии манбаъҳои обӣ ва замин бо поруи хук аз фаъолияти фермаи хукпарварӣ, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Б.Ғафуров, деҳаи Боғи боло ошкор гардид. Маводи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, маълумотномаи Стансияи таҷрибавии хокшиносию мелиоративии Суғд, инчунин санади азназаргузаронӣ ва ҳисоби зарари ба табиат расонидашуда аз тарафи соҳибкори инфиродӣ Темиров Я.А. барои чораҷӯӣ ва қабули қарори қонунӣ ба додситонии ноҳияи Б.Ғафуров пешниҳод карда шуд. Дар натиҷа нисбат ба соҳибкор парвандаи ҷиноӣ бар асоси моддаҳои 226, 228 -и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуд. Дар баробари ин тибқи моддаҳои 77 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист», моддаи 14, 27, 48-и Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои худсарона истифода бурдани обҳои рӯизаминӣ бе иҷозати истифодабарии махсуси об ва ифлос намудани замин бо пору нисбат ба гунаҳгор 11 ҳазору 263,94 сомонӣ маблағи зарар пешниҳод ва он ба пуррагӣ ба манфиати давлат ситонида шуд”.

Бар иловаи ин ҷарима, ба соҳибкор Темиров Я.А. дар чорчӯби парвандаи ҷиноятии нисбаташ бозшуда бар асоси моддаи 226 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон барои ифлос кардани об ҳамчун ҷазо корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ва бар асоси моддаи 228 барои хароб кардани замин ҷарима ба андозаи аз 500 то 800 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то ду сол таҳдид мекунад.

Ин нахустин мавриди муҷозоти соҳибкорони хукпарвар аз ноҳияи Б.Ғафуров барои ифлос кардани об бо партовҳои фермаҳои хукпарвариашон нест.

Соли 2022 ду соҳибкори хукпарвар Даврон Мустафоев ва Насим Дӯстматов ба маблағи 15 ҳазор сомонӣ ҷарима баста шуданд. Насим Дӯстматов қаблан, дар соли 2021 дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бо айни иттиҳом маҳкум ба корҳои  ислоҳӣ шуда, баъди он фермаашро ба ноҳияи Ғафуров кӯчонда буд. Насим Дӯстматов баъди муҷозот шуданаш ба хабарнигорон гуфт, аз ин тиҷорат даст мекашад ва хукҳояшро ба ноҳияи Ёвон мефиристад.

Аксарияти кулли аҳолии  Тоҷикистонро мусалмонон ташкил медиҳанд. Истеъмоли гӯшту равған ва дигар маҳсулоти хук дар Ислом ҳаром ҳукм шудааст ва ба ин далел, ин маҳсулот дар байни сокинони мусалмони ҷумҳурӣ харидори зиёде надорад.

Соҳибкороне, ки фермаҳои хукпарварӣ доранд, мегӯянд, харидорони асосии онҳо русзабонҳо ва дар солҳои охир шумори афзояндаи хитоиҳоеянд, ки дар Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд.

Дар Тоҷикистон анҷоми чандин тарҳи бузурги сохтмонӣ ва ҳамчунин даҳҳо кони маъданро ба ширкатҳои Хитой супурдаанд, ки дар натиҷа ҳар сол то  5 ҳазор хитоӣ тавассути ин ширкатҳо барои кор ба Тоҷикистон оварда мешаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Ба гуфтаи сокинони махалли баъзе аз ташкилотхои хоричии кумакрасон махсус ба чунин фермерхо маъоши калоне медиханд.Масалан дар соди 2005 ба ман наврасони дехаи Румони Хучанд хавлиеро дар канори руди Сир нишон доданд ки сохиби хавли дар хонааш хукпарвари мекардаасту кадом як ташкилоти гайрихукумати ба у хар мох 500 доллари маъош медодааст.

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button