ВидеоМинтақа ва ҷаҳонСиёсат

ДАР ДАВРИ ДУЮМИ ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ТУРКИЯ ЭРДУҒОН ПИРӮЗ ШУД (ВИДЕО)

Бар асоси шумориши 99,85% овозҳо дар даври дуюми интихоботи президенти Туркия президенти кунунии ин кишвар Раҷаб Таййиб Эрдуғон 52,16% ва рақиби ӯ Камол Қиилчдорӯғлу 47,84% овоз ба даст оварданд. Ба ин тартиб, Эрдуғон дар интихобот баранда шуда, барои боз як давраи панҷсола курсии президентии Туркияро пеши худ нигоҳ медорад.

Эрдуғон алакай аз пирӯзии худро эълон кард ва гуфт,  мардуми Туркия боз барои 5 соли оянда масъулияти раҳбарии кишварро ба ӯ супурданд. Ӯ аз шодӣ ҳамроҳи тарафдоронаш дар майдон суруд ҳам хонд.

Бархе сарони кишварҳо, аз ҷумла амири Қатар Тамим Ал Танӣ, президенти Маҷористон (Венгрия) Виктор Орбан ва раиси парлумони худи Туркия Мустафо Шентоп алакай Эрдуғонро бо пирӯзӣ табрик кардаанд. Субҳи 29 май Эрдуғонро бо пирӯзӣ президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ табрик кард.

Шумори умумии интихобкунандагон дар Туркия беш аз 60 миллион нафар буда, дар овоздиҳӣ 85 фоизи онҳо иштирок кардаанд. Барои овоздиҳӣ дар даври дуюм, ки соати 17 ба поён расид, дар саросари Туркия ва берун аз он беш аз 191 ҳазор сандуқи овоздиҳӣ гузошта буданд. Бино ба ҳисобҳо, ба тарафдории Эрдуғон тақрибан 27,5 миллион нафар овоз додаанд ва Қиличдорӯғлу чизе бештар аз 25 миллион, яъне нисбат ба Эрдуғон қариб дувуним миллион овози камтар овоз гирифтааст.

Даври аввали интихобот ӯзи 14 май доир шуд, вале ҳеҷ кадом аз номзадҳо беш аз 50% овоз гирифта натавонист. Эрдуғон дар даври якум 49,5 фоиз ва Қиличдорӯғлу наздики 45% овоз ба даст оварданд. Ҷои сеюмро бо 5 фоиз Синон Ӯғон соҳиб шуд. Ӯғон дар даври дуюм аз номзадии Эрдуғон пуштибонӣ кард, вале на ҳамаи ҳизбҳои тарафдори ӯ аз ин мавқегирии ӯ ҳимоят карданд. Бархе онҳо ба ҷиноҳи Қиличдорӯғлу пайвастанд.

Раҷаб Таййиб Эрдуғон, ки барои боз 5 соли дигар курсии президентии Туркияро пеши худ нигоҳ дошт, 69 сол дошта, аз соли 2003, инак 20 сол боз бар Туркия раҳбарӣ мекунад: то соли 2014 ба ҳайси сарвазир ва аз сол и 2014 ба ин тараф ҳамчун президент.

Муносибат ба шахси Эрдуғон мисли Туркия дар ҷомиаи Тоҷикистон низ яксон нест. Тарафдоронаш аз ӯ ба ҳайси як роҳбари пурнуфуз ва қавии олами Ислом тавсиф мекунанд ва пойбандиаш ба арзишҳои мазҳабии  исломӣ арҷ мегузоранд. Мунтақидонаш баракс Эрдуғонро барои дар дастони худ мунсаҷим кардани қудрат ва табдил ёфтанаш ба як ҳокими худкома ба боди интиқод мекашанд. Мояи дигари норозигӣ аз шахси Эрдуғон дар ҷомиаи Тоҷикистон таваҷҷуҳи зиёди ӯ ба давлатҳои туркзабон ва ба Қирғизистон фурӯхтани ҳавопаймоҳои бесарнишини “Байрақдор” аст, ки ин кишвари ҳамсояи Тоҷикистон аз ин дронҳо дар муноқишаи марзии моҳи сентябри соли 2022 фаровон истифода кард.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

2 Comments

  1. Ҳасан Абдуғаффор Холмуҳаммадзода, Раиси ҳаракати ваҳдати миллӣ гуяд:

    Бисмиллоҳи раҳмони раҳим-аз самими қалб табрику муборакбод мегӯям, бигузор туркия таҳти роҳбарии ҷаноби олӣ, муҳтарам раҷаб тайиб эрдоған гулгун бишукуфад, омин, омин, омин!!!

  2. Академик Ҳасан Холмуҳаммадзода Абдуғаффор гуяд:

    Тоҷиконе, ки аз эрдоған ҷонибдорӣ мекунанд, на аз эмомалӣ, барои ин, ки эрдоған ба риши мардум кор надорад, ба сарулибоси мардум, ба сатру ҳиҷоб, ба масҷиду мадрасаи мардум, ба ҳаҷҷу рӯзаи мардум, ба андешаву баёни мардум кор надорад, мардуми туркия аз сатҳи таваррум ва бӯҳрони иқтисодӣ шикоят доранд, на аз ришу сатру ҳиҷобу масҷид!!! Аммо тоҷикон аз ҳама маҳрум, ду миллион ғулом, овора, мусофир, муҳоҷир, сарсону саргардон!!!

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button